Палов, қурутоб, шакароб, гӯшти серка…

ё чанд сухан дар бораи фарҳанги ғизохӯрӣ

 

Бо ҳамин ном Нодиршоҳ — амири Афғонистон (падари Амонуллохон) дар аввали асри бист китобе таълиф карда буд. Албатта барои шоҳон ва дорандаҳо буд он китоб. Ӯ дар навиштааш гиёҳҳои шифобахши нодир ва гӯшти сайдро таблиғ мекард. Ҳикмату маслиҳатҳои Абӯ Алӣ Сино дар ин бора беҳамтоанд, вале онҳо танҳо ба табибон дастрасанд. Мардуми оддӣ ба он шиносоӣ надоранд, ҳарчанд баъзе тавсияҳои ӯ дар байни мардум паҳн гаштаанд, вале аз кӣ буданашон номаълум аст. Барномаҳои парокандае, ки дар телевизионҳо мераванд, бештар ҷанбаи амалӣ доранд. Мағзи гап барои хонанда норавшан мемонад.

 

Падарам дарсҳояшро тамом карда, ба рухсатӣ баромада буд. Мисли одати доимиаш бо чанд нафар муаллимони ҳамкор озими истироҳатгоҳ ё сафар мешуданд. Ин дафъа озими Бухоро буду саҳар аз бобоям, падари модарам, ки бо мо мезист, дуо гирифта, ба шаҳр, барои туҳфахарӣ мерафт. Бобоям дуо дод ва илова кард:

— Муаллим, бачам, ба ягон кас фармоиш бидеҳ, ҳамон серкачаро сар бизанад. Имрӯз чиллаи тобистон даромад, гӯшти буз дигар зарар намекунад…

Ба назди духтури касалиҳои ҳозима рафтам. Гуфтанд, ки гӯшти гӯсфанд нахӯр. Духтури эндокринолог ҳам барои пешгирии касалии қанд ҳамин парҳезро фармуд, духтури чашм низ.

Дар Эрон чашмамро ҷарроҳӣ карданд. Баъди анҷоми табобат аз духтур маслиҳат пурсидам. Аз ҷумла дар бораи ғизохӯрӣ ва парҳез аз гӯшти гӯсфанд. Гуфт:

— Шумо ба парҳез ниёз надоред.

— Ҳатто кулустеринатон аз меъёр кам аст, — илова кард ёвари духтур, — инро аз муоинаи хунатон фаҳмидем.

Баъд духтури калон илова кард: — Парҳез аз гӯшти гӯсфанд аслан ба онҳое фармуда мешавад, ки холостеринашон аз ҳад зиёд аст. Каме хӯрдани гӯшти гӯсфанд бадӣ надорад. Мо — мардуми Шарқ аҷдодан бо ин гӯшт одат кардаем…

Дар дӯконҳои гӯштфурӯшии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа нархи гӯшти буз аз гӯсфанд баландтар аст. То омадани Горбачёв ман дар ҳамин бозорҳо гӯшти бузро надида будам.

Комбинати гӯшти шаҳри Кӯлоб ба ёд меояд, ки ягона зани иристонӣ аз гӯшти буз, ки гоҳе ба ин корхона меомад, дар аввалҳо ҳасиби «Сайёд» («Охотничий») тайёр мекард, ки баъди андохтани зираву зирку дигар гиёҳҳо хеле хушмазза буд. Баъд аз роҳбар шуда омадани акаи Абдумаҷид ба ин корхона дигар барои ҳасиб гӯшти буз намерасид. Акаи Абдумаҷид Сатторов, директори комбинати гӯшти шаҳри Кӯлоб таблиғгари ашадии гӯшти буз буд. Ҳатто барои «калонҳо»-и вилояту шаҳр махсус гӯшти буз таҳия мекард. Гоҳҳо мо низ бархӯрдор будем. Шунидам, ки пеш аз маргаш гуфтааст:

— 25 сол ман гӯшти ин махлуқро таблиғ мекардам, вале акнун фаҳмидам, ки нисбат ба хеле гӯштҳо дида зиёновар будааст…

Ҷонибеки Асрориён «Бо «Шоҳнома» ба Амрико» сафар кардааст. Вақте хотираҳояшро мехонӣ, дар назар меояд, ки муаллиф мудом дар рӯ ба рӯяш руҳи Фирдавсиро мебинад. Маро ҳамин гуна аҳвол аст. Ҳар гоҳ ки хотираҳоямро варақ заданӣ мешавам парвози руҳи Маҳмуди Восифиро мешунавам. Бисёр вақт ӯ хотираҳоямро ба ёд меорад. Ҳоло дар гӯшам мегӯяд, ки ҳамон хотираатро бинавис, аз фоида холӣ нест.

Замони донишҷӯӣ, соли аввали таҳсил мо се нафар дӯсти қарин гаштем, махсусан замони пахтачинӣ. Аҷиб он буд, ки мову Чумъа пахта чинда наметавонистем, Давлатманд бошад ду баробари ҳар кадоми мо ғун меовард. Чун ҳоло стипендия намегирифтем ваъзи молиямон нохуб буд. Ҳафтае як бор ба хонаи хешовандон ба «хабаргирӣ» мерафтем. Моҳе як бор ба хонаи мо, ба деҳаи Дарнайчӣ рафтан маслиҳат шуда буд. Шабист мерафтем, рузи якшабе бегоҳ ба шаҳр бармегаштем.

Ба бозори гӯштфурӯшии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе рафтам. Дар чанд дӯкон гӯшти моли адирӣ, аз деҳа  пурсидам.

— «Надорем» – мегуфтанд дӯкондорон. Аз ҷумла, онҳое, ки гӯшти гов мефурӯхтанд.

— Гӯшти моли адир сиёҳ мешавад, онро касе намехарад. Мана, бинед, гӯштҳои мо мефурӯхтагӣ сурханд. Мо асосан моли парвоӣ мегирем, хӯрокашон кунҷолаву сабӯс аст. Қабатҳои чарбро мебинед? Гӯшти мармарин.

Дар таърихи мо дар бораи молҳои парвоӣ навиштаанд. Ҳатто дар «Шоҳнома» ҳам ин масъала ишора шудааст.

Ба ёдам омад. Филми ҳуҷҷатиеро тарҷума ва тамошо карда будам, дар бораи фирмаи хусусии «Когон»- и амрикоӣ, ки наздики 150 сол умр дорад, бахшида шудааст. Ин муассиса ба ҷуворимаккапарварӣ барои дони домдорӣ машғул аст. Ширкат асосгузори тавлиди гӯшти мармарин аст. Агар хонанда таваҷҷуҳ карда бошад, гушти гови парвоӣ, ки як қабат равғану як қабат гӯшт дорад ва онро ба ҳамин сабаб мамарин номидаанд.

То замони пайдоиши ҳамин навъ дар дунё гӯштхӯрӣ кам буд. Аввалҳои  қарни бистум дар давлатҳои тараққикардаи ҳамон замон ҳамагӣ аз се то панҷ кило гӯшти гов истеъмол мекарданд, ба шумули кишвари Ҷопон, ки ҳамагӣ як килограм ҳисоб карда буданд. Асосан, гӯштро аз ҳисоби ҷонварҳои дарёӣ истеъмол доштанд. Имрӯз кишваре, ки аз ҳама бештар ба сари ҳар одам гӯшт истеъмол мекунад, Ҷопон аст. Бештар аз шаст кг гӯшт дар як сол ба сари ҳар як одам. Солҳои 70-уми қарни пор, замони оғози ислоҳоти иқтисодӣ ин ширкат ба Чин ҳам сар халонд. Маълум нест, ки чиниҳо таҷрибаи онҳоро омӯхта, худашонро нодаркор ҳисобиданд, ё таҷрибаашонро зараровар ҳисобиданд, ки қарордоди ҳамкориашонро  қатъ карданд.

Албатта, мисли ҳар як бачаи мусулмон дар бораи гӯшти хук ва равғани он бо танаффур суҳбат мекардем. Ҳамон як баҳси 30 сол пеш боз ба ёд омад. Вақте ки натанҳо аз лиҳози шариати исломӣ ҳаром будани ин гӯшту равғанро исбот карданӣ мешудам, балки аз рӯи хондаҳоям далел овардам, ки ин равған рагҳои хунгардро танг ва гардиши хунро суст мекунад. Яъне аз ҷиҳати тиббӣ ҳам норавост. Яке аз дӯстони масеҳиям ба мо – мусалмонҳо ва яҳудиҳо нешханад зада гуфт:

— Шумо мазаву аҳамияти гӯшти хукро намедонед. Баъдтар бароятон исбот мекунам.

Пас аз ду-се рӯз аз кадом энсиклопедияи ҳамон замон ҷадвалеро овард,  нишон дод. Дар он, дар панҷ зарф завғанҳои ҳайвонот ва парранда  гузошта шуда буд. Ҷадвал нишон медод, ки кадом чарбӣ дар кадом ҳарорат ях мебандад. Ҳамин ҷо барои исботи фикрам ба хонанда дар бораи равғани буз гуфтаниям, ки дар ёдам сахт нақш бастааст. Тибқи ҳамон ҷадвал равғани буз дар 13-14 дараҷа гармӣ ях мебандад. Илм исбот мекунал, ки яхбандии гӯшт нишонаи мавҷудияти холестерин аст. Ҳарчи қадар он дар таркибаш зиёд бошад, ҳамон қадар равған тез ях мебандад. Аз ҳама дертар равғани парранда, хук, гӯсфанд ва гов ях мебандад.

Шукр, ки имрӯз қариб 10 телевизиони марказӣ дорем. Ҳамаи онҳо «ошпазхона» доранд. Барандаҳои ин намоишҳо ягон ҳунарманд, сароянда, адиб, соҳибкореро даъват карда, бо дасти ӯ ғизо пӯхтан мехоҳанд. Аз рӯи мушоҳидаҳо, баъзе иштирокчиёни барнома агар як бори дигар кафгирро ба даст гиранд, ду бор мешавад. Ба фикри мо, дар хона ҳамсар ё шавҳари ӯ завқ мебарад, шояд кам- кам шукр ҳам кунад, ки ошпазӣ омӯхта истодааст.

Мурод аз киноя ин аст, ки ин барномаҳо бояд фароғативу истироҳатӣ не, балки маърифативу омӯзишӣ бошанд. Ман барномаи «СМАК»-и телевизиони Русияро ба ҳеҷ ваҷҳ таъриф карданӣ нестам, чунки ӯро на ҳамчун пазанда, балки ҳамчун хонанда ҳам напазируфтаам. Дар телевизиони «Тулуъ»-и Афғонистон ҷавонмарди ошпазе барнома дорад. Дарс аст ҳар ғизопазии ӯ. Аз як муаллими химияву биология камтар дониш надорад. Ҳар як маводеро, ки истифода мекунад, шарҳи кимиёвию физикӣ медиҳад. Барномаҳои мо ҳам бояд ҳамин хел бошанд. Онҳоро беҳтарин таббох бояд бигузаронад. Агар донишманд аст, хуб, вагарна ёвари ӯ корманди Пажуҳишгоҳи тадқиқотии «Ғизо»-и Вазорати саноати Тоҷикистон бошад. Дар ҳамин ҷо омада дар фикр рафтам: мақола тамом шуд-ку! Охир наход пажуҳишгоҳи ғизоро Вазорати саноат парасторӣ кунад? Охир мақсад аз таъсиси ҳамин пажуҳишгоҳ санҷидани кайфияти  масолеҳи истеҳсол намудаи ҳамин вазоратхона мебошад ва маҳсулоти кишоварзӣ. Пас бояд мисли дигар кишварҳо назорати ягонаи озуқаворӣ ба зиммаи Идораи беҳдоштии ин вазорат дода шавад. Озуқавории аз хориҷи кишвар омада ҳам зери назорати ягона бошад.

Вақте ки дар бораи институту ошпазу ғизохӯрӣ гап мезанем, ба ёдам меояд: дар мактаби миёна мо танҳо аз муаллими химия камбудӣ доштем. Муаллими химияамон баъди хатми ошӯзишгоҳи педагогӣ дарси аввалини худро аз он сар кард, ки мо формулаи кимиёвии қандро намедонем. Худаш дар тахтаи синф навишт, қариб нисфи тахта аз формулаи қанд иборат шуд. Дар куҷое дар монд ва бечора худаш боиси хандахариш шуд. Ростӣ, ба мағзи дарси химия ман хеле дер, замони хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сарфаҳм рафтам.

Боз ҳам гапи бобоям ба ёд меояд. Таъкид мекард:

— Тухм хӯрдед, пас аз он аз болояш як рӯз аз дӯғу чакка парҳез дошта бошед. Баъди гӯшт ҳам бояд аз ин намуди ғизо эҳтиёт кунед.

Яке аз дӯстон қисса кард:

Дар барномаҳои ошпазии дигар кишварҳо мебинем, ки ананасу банану хиёрро ҳам дар равған бирён мекунанд, дар яке аз кишварҳои Америкаи Ҷанубӣ ҳашаротро аз болои юнучқазор бо тур ҷамъ карда ношӯста ба това дар болои оташдон мерезанд. Ин ғизоҳо шоҳона (деликатес) ҳисоб мешудааст. Ин кори онҳо барои ман хандаовар аст. Шояд онҳо ҳам  қурутобу шакароби моро дида биханданд. Ба ҳар ҳол хӯрдани ғизо ҷузъи фарҳанги ҳаррӯзаи мост. Бигузор муаллими химияи мактаби миёна реаксияи ҳамаи маъданҳои куҳӣ ва зеризаминиро ба хонандагон биомӯзонад, вале кадом маводи хӯрданиро бо дигараш хӯрдан норавост, бифаҳмонад. Ин масъала дар барномаи дарсии мактабӣ  бояд бошад. Назорати ин масъала натанҳо бар дӯши коркунони Вазорати маориф, балки вазорати тандурустӣ, низ бошад.

Аз минбар ҳам дар бораи ғизохӯрӣ на танҳо барои истеҳзо, балки чун шохаи фарҳанг суҳбат карданро раво бидонем. Дар оянда ин масъала ҳам танзим мехоҳад.

Табибони мо наёфтанд, шояд мо журналистон ва сотсиологҳо кашф кунем, ки таблиғи гӯшти буз кори кист? Чаро гушти заргӯш, мурғ, моҳӣ, хӯрокҳои донагиву алафӣ таблиғ намешаванд? Ба гуфтаи бобои Фирдавсӣ хӯрдани гӯштро ба бобоҳои мо Заҳҳок ёд дод. Чи тавре ки болотар ишора кардем марҳилаи дуюми гӯштхӯриро дар дунё ширкати «Когон»-и Амрико пиёда кард. Бо истеъмоли гӯшт, ба гуфти Ҳаким Фирдавсӣ хуни одамон дигар шуд. Ба гуфти табибони диетолог бо хӯрдани гӯшт адреналин дар таркиби хуни инсон тағйир меёбад, ба рафтору ниҳоят равони одамон таъсир мерасонад.

Ба ҳар ҳол масъалаи ғизохӯрӣ на танҳо масъалаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст, балки дакка ба қуллаҳои фарҳанги мо мехӯрад. Ин масъала бояд васеъ муҳокима гардида, пешниҳодҳо барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шаванд. Расму оинро танзим кардан лозим омад, ки онро дар муддати 20-25 соли охир воқеъаҳои нохушӣ шаҳрвандӣ ба бор оварданд. Хушбахтона танзимгарӣ онро аз байн бурда истодааст. Ҳамин гӯштхӯриву бананхӯрӣ, тарғиби шакаробу қурутоб низ падидаи ҳамин давр аст. Ғизоҳои баъдиро низ онҳое талаб доранд, ки чанд рӯз хӯроки равғанӣ хӯрда, «сиёҳдил» шудаанд, иштиҳояшон ғазои туршу беравған мехоҳад.

 

Саидҷалол САИДОВ, публисист

Добавить комментарий