Фоидаҳои моҳи Рамазон

 

Ҳамакнун боз моҳи мубораки Рамазон фаро расид. Ин пайки фараҳоварест барои аҳли имону ислом ва фурсатест баҳри поксозӣ ва тарбияи нафи инсон. Хушо ба ҳолу аҳволи ононе, ки ҳозиру шоҳиди ин моҳи мубораканд ва раҳмату мағфират бод бар ононе, ки дар лобалои қудуми моҳи Рамазон руҳи эшон дар олами барзах қарор дорад. Дарвоқеъ Рамазон аз бузургтарин моҳҳои сол ба шумор меравад. Тамоми мусалмонони рӯи замин дар ин моҳ рӯза медоранд. Моҳи мазкур дорои хайру баракати бисёрест, ки ҳамагонро фаро мегирад.

Аз ҷумлаи фазоилу бузургӣ рӯзаи ин моҳ мебошад, ки фоидаҳои бешумор дар пай дорад. Ин моҳ ба инсон сабр омӯхта, ба ӯ забт ва контроли аъзои баданро меомӯзонад. Омадани ин моҳи пурбаракат дар навбати аввал нафси инсонро дар зери амру фармон гирифта, аз олудагиҳо пок месозад ва ҳамгироию ҳисси башардӯстиро дар ӯ парвариш медиҳад. Бо ин усул инсони рӯзадор аз аҳволи фақирону муҳтоҷон огоҳ гардида, махсусан ҳолати гуруснагону эҳтиёҷмандонро эҳсос мекунад. Дарду алам ва тангҳолии онҳоро дарк намуда, ба сӯи онҳо дасти ёрӣ дароз мекунад, ки дар натиҷа ҳамгироӣ, башардӯстӣ ва улфати иҷтимоӣ дар ҷомеа пойдор мегардад. Ҳамчунон дар ин моҳ иродаи инсон ба шаҳватҳову хостаҳои нафсӣ, аз қабили хӯрдану нушидан, ҳамхоба шудан ва ғайра ғолиб мегардад. Ҳамин тариқ инсон муваффақияту зафари иродаи худро дар ин моҳ дарк мекунад. Ҳамчунон рӯза доштан  фурсати ҳаловат аз ибодати Аллоҳ буда, дар радифи он дигар иботадҳои доимӣ, аз қабили намоз, қироати Қуръон, зикри Худо ва ғайра фурсатҳои хубе барои чашидани ҳаловати имон мебошанд.

Бегумон инсон дар ин моҳ ба хубӣ дарк мекунад, ки таому шароб дар ҳаёти ӯ ҳамаи чиз ва тамоми ҳастии ӯ нестанд, балки аз онҳо дида маъниҳои бузургтару болотар нуҳуфтааст, ки аз он ҷумла ибодати холиси Худованд, лозим гирифтани амрҳо ва роҳнамоиҳои Ӯ мебошанд. Пас, дарк мегардад, ки ҳақиқати инсон танҳо ҷисми ӯ нест, балки асоси инсон руҳ мебошад, ки доиман ба тарбия ва имону боварӣ эҳтиёҷ дорад. Бо вуҷуди ин ҷасади инсон низ аз рӯза доштан роҳат бардошта, истифодаҳо низ мебарад. Инсон дар тӯли сол танҳо дар моҳи мубораки Рамазон аз хӯрдани таому шароб боз меистад, ки ин амри шаръӣ ва табиӣ тамрин ва варзиши ҳақиқии ҷисми ӯ мебошад. То он ҳад, ки сабру бурдбории нафсро дар баробари сахтиҳо ва кулфатҳои ҳаёт бештару қавитар мегардонад.

Рамазон дар самти бартараф сохтани заъфу сустӣ ва танбалиҳо аз ҳаёти инсон қудрати бемисл дорад. Аз он дидгоҳ, ки қабл аз омадани моҳи муборак афроди муъмин бо шавқу ҳавас вайро истиқбол мекунанд ва ҳангоми хотимаи он аз камбудиву нуқсони худ ҳасрату пушаймонӣ карда, ғамгину маҳзун мегарданд. Умуман, моҳи мубораки Рамазон инсонро ба амал, ҷаҳду талош ва дигар арзишҳои волои инсонӣ водор менамояд.

 

Истифодаи дуруст аз моҳи Рамазон

Ҳар инсонро зарур аст, ки барои истифодаи хубтару беҳтар аз моҳи Рамазон талошу кӯшиш варзад. Аз ин лиҳоз, дар зер чанде аз василаҳоеро зикр хоҳем кард, ки бо хости Худо дар самти истифодаи дурусти моҳи муборак мадад хоҳанд кард:

  1. Таҷдид ва ё нав кардани ният, азми қавӣ дар талоши ба даст овардани аҷру подош ва хайру баракот;
  2. Тавбаву бозгашт ба сӯи Худо аз маъсияту гуноҳон, чунки тавба беҳтарин амалест, ки инсон бо он моҳи мубораки рамазонро истиқбол мекунад. Ҳамчунон, тавба далели азму ирода ва садоқат дар майл доштан ба он чи назди Худост, мебошад;
  3. Баъзан гӯш намудани дарс ва маърӯзаҳое, ки дар васфу фазоили Рамазон бошанд, то илму амал ва истифодаи фардро аз Рамазон бештар созанд;
  4. Ҳангоми ба намози хуфтан раҳсипор гаштан такбир гуфтан савоб аст. Ин ҳама ба он хотир аст, ки инсон барои намози таровеҳ ба хубӣ омода гардад ва аз кулли ракъатҳои намоз ҳеҷ чизеро аз даст надиҳад;
  5. Муайян намудани амалҳои неке, ки инсон анҷоми онҳоро дар Рамазон қасд кардааст. Ҳамчунон, барои анҷоми онҳо вақти муносиб мушаххас кардан, то ки вақти ӯ дар беҳудагиву бенизомӣ барҳадар наравад;
  6. Барои насиҳати дигарон, махсусан онҳое, ки дар Рамазон камбудӣ доранд, талош варзад, чунки дилҳо дар ин моҳ ба сӯи хайру некӣ рӯй меоранд;
  7. Қасд намояд, то амали неке, ки дар Рамазон анҷом медод, баъди Рамазон онро идома диҳад;
  8. Дар ҳар ҷое, ки набошад, бештари вақташро ба қироати Қуръон сипарӣ намояд, то дар ин амал намунаи дигарон гардад;
  9. Аз тамоми корҳое, ки вақти ӯро барҳадар медиҳанд, дурӣ ҷӯяд. Чунки ин амалҳо дар ибодати инсон таъсири манфӣ мерасонанд;
  10. Барои ислоҳ миёни дигарон талош варзад, чунки дар ин кор аҷру подоши зиёд аст;
  11. Гуногун намудани садақаҳо. Масалан боре мол ато намудан, боре таом додан, боре об додан, аз садақоти худ гоҳо ба фақирон ато кардан ва гоҳи дигар ба бевазанон, баъзе садақоташро ошкоро ва баъзеи дигарашро сирран додан;
  12. Барои ба таври комил адо кардани намози таровеҳ ҷаҳду талош варзад. Чунки расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳарки бо имом қиём кунад, то ки ӯ аз намоз берун шавад, Худованд қиёми як шабро дар номаи аъмоли ӯ китобат мекунад» (Ривояти Нассоӣ).

 

Суннатҳои рамазонӣ

Аз расули Худо (с) суннатҳои зиёди рамазонӣ ворид гардидааст, ки мо дар инҷо баъзе аз онҳоро зикр мекунем:

  1. Табрику таҳният гуфтани мусалмонон бо омадани Рамазон;
  2. Дар вақти муносиб ифтор кардан;
  3. Рӯзадоронро ифтор додан;
  4. Бо хурмо ифтор кардан, агар набошад бо об;
  5. Саҳархӯрӣ кардан, ки савоби он бо камтарин анвои ғизо ва нӯшокӣ ҳосил мегардад;
  6. Бедорхобӣ кардан дар шабҳои Рамазон;
  7. Қироати Қуръон дар Рамазон;
  8. Эътикоф нишастан дар масҷидҳо дар даҳ рӯзи ахири Рамазон;
  9. Дар Рамазон бо дуо ба сӯи Худо руҷуъ кардан, махсусан дар даҳ рӯзи ахир. Чунки Худованд ояҳое, ки бо онҳо фарзгардонии рамазонро хотима бахшидааст, мегӯяд: “Ҳангоме бандагони ман аз ту дар бораи ман мепурсанд, бешубҳа ман қарибам, даъвати даъватгарро иҷобат мекунам, вақте маро фаро мехонад”(Бақара, 186);
  10. Талош варзидан барои адои умра дар Рамазон, чунки ин амал фазилати бениҳоят зиёд дорад. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: “Як умра дар Рамазон, баробари як ҳаҷ аст”(Ривояти Ибни Хузайма).

 

Хотима

Фазоил ва бузургии моҳи мубораки рамазонро наметавон дар чанд сатр хулоса кард. Чанд андешаву хулосаҳое, ки бо такя ба афкори донишмандон тақдим намудем, муште аз хирвор буда, гумон мекунем, ки баҳри таъкиду ёдоварӣ ва таҳрики нафарони соҳибақлу соҳибхирад мусоидат мекунад. Умед мекунем, ки афроди муъмин банда ва пойбанди Рамазон нагашта, паст аз ин Рамазон ҳам доиман аъмоли некро идома мебахшанд, чунки дар ҳама айёми Худо хайру баракат ва савоб мавҷуд аст ва ҳар лаҳзаи ҳаёти инсон фурсат ва ғанимат аст.

Эй хоҷа чӣ ҷӯйи зи шаби қадр нишонӣ,

Ҳар шаб шаби қадр аст, агар қадр бидонӣ.

 

Хайруллоҳи АКОБИР

Добавить комментарий