Зиндагӣ инсонро ба сад шева дигаргун месохтааст. Гоҳо барои  кӯчактарин хатоямон худро сарзанишу маломат мекунем, вале ба бузургтарин гуноҳамон бо чашми кам назар мекунем. Гоҳо хушиҳое насибамон мегардаданд, ки дигар оламу одамро ба гӯшаи фаромӯшӣ медиҳем, вале боз дар тангтарин лаҳзаҳои зиндагӣ ниёз ба касе дорем, ки ба ёфтанаш зор мемонем, аммо дигар дер шудааст. Шояд сабабгори ин ҳама муҳаббат ба айшу ишрат, молу сарват ва ё ҷоҳу мансаб бошад? Ё ҳамон таъбири халқ аст, ки мегӯянд, “инсон шири хом хӯрдааст”?

 Касе, ки мо беш аз ҳама ҳимматашро намедонем, кист? Фикр мекунам, ӯ ҳамонест, ки ҳангоми дидаамон дунёро дидан чеҳраи хуштабъаш пеши назар намудор мегардад, шодиаш дар он асно беҳаду андоза аст, меболад, ки фарзанди ба қадри дурру гавҳар баробараш чашм ба олами ҳастӣ кушод. Аввалин устоди бани башар ҳамон шахсест, ки аз худ дида зиёдтар фикру ёдаш ба ҷигарбандаш банд аст. Ҳамонест, ки замони ба дунё омадани фарзанд бо марг даст ба гиребон мешаваду тамоми руҳу ҳастияшро мебахшад, то тифлаш зинда монад. Ин ҳамон партави хуршеди зарринест, ки оламро нурпошӣ мекунад ва мо аз ӯ нерӯ мегирем. Ӯро номи неку накӯст — модар! Нохост иттифоқе ба сари ҷигарбандаш  рӯй диҳад, сӯзиши он нахуст қалби модарро реш мекунад. Оҳу фиғону дарду нолааш ба гӯши модар мерасаду тамом. Гӯё гургони гурусна як пораи ҷони нотавонашро талла мекунанду дигар наметавонад як лаҳзае ором гирад, то он даме, ки надонад дар чӣ ҳол аст фарзандаш. Гоҳо аз фарзанди солеҳ доштанаш меболад, мефахрад, чун гул мешукуфад ва ҳамду санои беандоза ба даргоҳи Яздони пок мехонад, ки як ниҳоли наврустаи боғи умрашро дар пушту паноҳаш нигаҳбон бошад. Аммо чӣ метавон кард, ки баъзан вақт ниҳоли бо хуни ҷигар парвардааш меваи талх ба бор меорад!? Он сиёҳкору каҷрафтор захми носур, доғи рӯзгори падару модар мегардад. Вале боз модар аст, ки ӯро мебахшад. Наметавонад дар қалби саршор аз меҳраш, ки макони дӯстдорию вафодорист, нисбати фарзандаш кинаву адоватеро ҷой диҳад.

Воқеан ҳам, Шумо бузургед, модар. Илтифоту марҳамати Шумо тамомӣ надорад, эй фариштаи заминӣ! Ин ҳама ғаму дарду ранҷу азоби зиндагиро чи гуна тавони таҳаммулашро доред? Худатонро ҳатто дар кӯраи оташ меандохтед, то мо аз чизе дасткӯтоҳӣ надошта бошем. Оё хабар доред, пиччаи сиёҳи хамидаи бари рӯятонро, ки ба ҳусну ҷамолатон зиннати дигар мебахшид, сахтиҳою пастиҳои зиндагӣ сафед кардааст, модар?! Оё хабар доред, ки гули баҳори умратонро офтоби сӯзони ҳаёти пур аз ғам пажмурда кардааст?!

Имрӯзҳо, ки дар пайроҳаи панҷоҳу панҷ қадам мемонӣ, бас аст дигар, ғусса махӯр, модар! Замони кӯдакиам гоҳо аз наздат нопадид мегаштаму баъди гузашти фурсате миёни обу хоки кӯча моломоли бозиҳои айёми беғаши кӯдакӣ медидӣ. Баъзан аз ин рафторам ба ғазаб меомадӣ, вале бо ханда боз мегуфтӣ, ки “ҳоло ӯ кӯдак аст”. Кунун он ҷигарбанди кӯчакат бузург шудааст, модар ва намегузорад, то дигар мижаатро нам кунӣ.

Ашк марез, ғам махӯр, модар! Лабханд бизан, ки хандаат чеҳраи хуршедро мемонад!

Саддамҷон ДАВЛАТОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here