Рушди босуръати ҷомеаи муосири иттилоотӣ бидуни истифодаи захираҳои иттилоотии электронӣ имконнопазир аст. Дар ин росто, рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти иқтисодиёти мамлакат ва рушди минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард.

Дар низоми молия тартиби ҳисоббароркунии ғайринақдӣ зуҳуроти нав набуда, ҳанӯз дар соли 1770 дар Бритониё ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шакли векселҳо ва чекҳои қоғазӣ истифода мешуд. Баробари зуҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет раванди рушди иқтисоди рақамӣ дар тамоми ҷаҳон вусъат гирифта, амалиётҳое, ки қаблан барои анҷоми онҳо рӯзҳову моҳҳо сарф мешуданд, ҳамакнун дар як лаҳзаи кӯтоҳ анҷом дода мешаванд. Яъне иқтисоди рақамӣ барои пешбурди фаъолият, анҷом додани амалиётҳо, иҷрои уҳдадориҳо тавассути ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои ҷомеа ва давлат заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, яъне пардохт бе истифодаи пули нақд тавассути интиқоли пулӣ ба суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо дар асоси дархостҳои мутақобила сурат мегиранд. Амали мазкур имкон медиҳад, ки субъекти соҳибкорӣ, шаҳрванд, инчунин мақомоти давлатӣ бе истифодаи воситаи пулии қоғазӣ ва бидуни ҳозиршавӣ ба бонк уҳдадориҳои худро суръатнок тавассути кортҳои бонкӣ, интернет-бонкинг, интернет-эквайринг, QR-пардохт ва ғайра тариқи электронӣ анҷом диҳанд.
Тавассути роҳандозӣ гардидани тартиби ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ хароҷоти субъекти соҳибкорӣ, давлат ва ташкилотҳои қарзӣ коҳиш ёфта, суръати анҷоми амалиётҳо ба маротиб меафзояд ва аз ҳама муҳим, шаффофияти фаъолият таъмин гардида, канорагирӣ аз андозбандӣ ва ҳама гуна омилҳои номатлубро пешгирӣ менамояд. Бинобар ҳамин, дар шароити муосири рушди иқтисодӣ масъалаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.
Дар ин раванд, ба роҳ мондани тартиби ғайринақдии ҳисоббаробаркунӣ ҷиҳати пардохти андозҳо фароҳам овардани маҷмӯи инфрасохтори заруриро тақозо дорад. Бинобар ҳамин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Маврид ба зикр аст, ки ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ, аз ҷумла, таҳия намудан ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ (СИА) дар мақомоти андоз яке аз роҳҳои роҳандозӣ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
Мақомоти андози кишвар дар раванди рушди маъмурикунонии андоз ҷиҳати роҳандозӣ намудани тартиби ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар марҳалаи аввал қабули маблағи андозҳоро дар шакли ғайринақдӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар раванди татбиқи технологияи муосири иттилоотӣ то инҷониб дар 235 адад нуқтаи хизматрасонии БДА «Амонатбонк» қабули маблағҳо аз шаҳрвандон ва андозсупорандагон тавассути барномаи махсуси компютерии СИА «Қабули пардохтҳо аз оператори Амонатбонк» ба роҳ монда шуд. Амалиёти бонкии мазкур имкон фароҳам меорад, ки маблағи нақдӣ дар муомилот коҳиш ёфта, пас аз пардохти маблағи андоз он ба таври автоматӣ дар доираи барномаҳои амалкунандаи мақомоти андоз ба ҳисобварақаи андозсупоранда дарҷ карда шавад, ки дар натиҷа зарурати баҳисобгирии дубораро аз байн мебарад, инчунин, маблағи пардохтшудаи андоз ба таври ғайринақдӣ ба суратҳисобҳои дахлдор интиқол дода мешавад. Ҳамзамон, баробари ҷорӣ гардидани хизматрасониҳои электронӣ тавассути корҳои пардохти бонкӣ дар мақомоти андоз ҷамъоварии маблағи андозҳо аз аҳолӣ беҳтар гардидааст, ки тартиби мазкур барои сарфаи вақти андозсупорандагон саривақтӣ ва мусоид мебошад.
Барои андозсупорандагоне, ки ба шабакаи Интернет дастрасӣ надоранд, ё дорои малакаи кофии компютерии тариқи электронӣ пардохт намудани маблағи андозро надоранд, аз хизматрасониҳои терминалҳои дар мақомоти ҳудудии андоз амалкунанда метавонанд истифода намоянд.
Гузашта аз ин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» аз 30.11. 2018, №565 ба мақсади коҳиш додани ҳаҷми пулҳои нақдӣ дар муомилот хизматрасониҳои худро вусъат бахшида, ҷамъоварии маблағи андозҳо, фоизҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро аз аҳолӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути POS — терминалҳои пардохти бонкӣ роҳандозӣ менамояд.
Тибқи шартномаи хизматрасонӣ, ки миёни Кумитаи андоз ва ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ба имзо расонида шудааст, минбаъд баробари амалиётҳои нақдӣ ҷамъоварии маблағи андозҳо бо истифода аз POS-терминалҳои пардохти бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. Терминалҳои мазкур бо барномаҳои махсус муҷаҳҳаз шуда, дар як вақт имконияти дар ду шакли пардохт амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниро пешбинӣ менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми анҷом додани амалиёт бо истифода аз воситаҳои пардохти бонкӣ ба андозсупорандагон аз таҷҳизоти бонкӣ расид дода мешавад, ки дар он маълумот вобаста ба номи андозсупоранда, РМА, намуди андози пардохтшаванда ва маълумот оид ба нозири андози масъул дарҷ карда мешавад. Тибқи супориши техникӣ POS-терминалҳои пардохт, ки барои қабули маблағи андозҳо аз объектҳои ғайриманқул, қитъаҳои замин, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо пешбинӣ шудааст, дар як вақт маълумотро аз субъектҳои соҳибкорӣ доир ба пардохти маблағи андозҳо дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ бо реҷаи корӣ қабул мекунад, маблағи ба хотираи таҷҳизот воридшуда ба таври автоматӣ ба ҳисобварақаи андозсупоранда ва ҳамзамон ба суратҳисоби махсуси ташкилоти молиявӣ ворид мегардад. Тавассути таҷҳизоти мазкур имкони чопи нусхаи расиди пардохти бонкӣ, ҷустуҷӯи маълумот аз махзани Кумитаи андоз ҷой дошта, маблағи бақияпулиҳои андозӣ аз рӯи намуди андоз дар як барномаи таҳияшаванда бо дастрасии табодули маълумот миёни мақомоти андоз ва ташкилоти қарзӣ муайян карда мешавад.
Дар назар аст, ки ба мақсади назорати рафти воридшавии маблағи андоз ва пардохтҳо тавассути пардохти бонкӣ имкони муайян кардани шумораи амалиётҳои анҷомдодашуда, маблағи андозҳои ҷамъоваригардида аз рӯи намуди андоз ва амалиёти иҷрошуда аз рӯи ҳар як таҷҳизоти бонкӣ ҳисоботи ҷамъбастӣ таҳия карда шавад. Тибқи маълумоти ҷойдошта, айни ҳол дар кишвар омодасозии инфрасохтор барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ тамоюли афзоиш дошта, лоиҳаи омоданамудаи Кумитаи андоз оид ба қабули пардохтҳо тариқи POS-терминалҳо ҷиҳати тавсеаи ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар маҷмуъ, роҳандозӣ намудани воситаҳои пардохти бонкӣ пеш аз ҳама ба фаврияти хизматрасонии муштариён, шаффофияти андоз, аз байн рафтани фарсудашавии пулҳои нақдӣ, рафъи мушкилиҳои ҳисоб, баргардонидани бақия, нигоҳдорӣ ва расонидан, инчунин аз байн бурдани хавфҳои криминогеннӣ мусоидат менамояд.

Далер НОРОВ,
магистранти бахши 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Добавить комментарий