Яке аз муҳимтарин самтҳои ҷалби он паст кардани хавфи сиёсӣ аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки иқтисодиёти он дар давраи гузариш қарор дорад ва дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши хосро ишғол мекунад. Хусусияти асосии ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди энергетикӣ, захираҳои зеризаминӣ, канданиҳои фоиданок буда, шароити мусоид барои инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ дар он вуҷуд дорад. Аз ҳамин сабаб ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим аст, чунки ояндаи Тоҷикистонро бе содирот ва фаъолияти хориҷӣ тасаввур кардан аз имкон берун мебошад.

Бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо муносибатҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷию ватанӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Махсусан соли 2018 воридоти сармояҳои хориҷӣ нисбати солҳои қаблӣ фарқкунанда аст. Дар соли 2018 воридоти сармояи хориҷӣ бештар ба шаҳри Душанбе — 42,1 % (271,4 млн доллари ИМА), вилояти Суғд — 39,6% (255,5 млн доллари ИМА), вилояти Хатлон — 12,5% (82,1 млн доллари ИМА), Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон — 0,04% (0,3 млн доллари ИМА) ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад — 5,5% (35,2 млн доллари ИМА) равона гардидааст.

Яке аз сабабҳои тамоюли рушди ҷалби сармояи хориҷӣ — ин оғози татбиқи як қатор лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаҳои ирригатсия, канализатсия, идоракунии иқтисодиёт, нақлиёт (роҳҳои оҳан), энергетика (хатҳои интиқоли барқ, таҷдиди НБО) мебошад. Илова бар ин, яке аз сабабҳои дигари зиёдшавии ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ин давра аз идомаи фаъолияти ширкатҳо ва корхонаҳои муштарак, ки дар соҳаҳои саноат, хизматрасонии алоқа, фаъолияти бонкӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳои афзалиятноки кишвар фаъолият менамоянд, иборат мебошад.

Воридоти сармояи хориҷӣ ба минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон дар соли 2018

Аз рӯи маълумоти диаграмма бармеояд, ки ҷалби сармояи хориҷӣ ба шаҳри Душанбе дар ҷои аввал меистад. Аз аввали соли 2018 сармояи хориҷӣ 271,4 млн доллари амрикоиро ташкил дод. Аз он 52,4 млн доллари ИМА-ро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Сармоягузорони хориҷӣ ба вилояти Суғд 250 млн доллари ИМА сармоягузорӣ намудаанд, ки аз он 234 млн доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Дар ин минтақа сармоягузорон сармояи худро барои тараққӣ додани корхонаҳои муштарак, ки ба истеҳсоли матоъ, обҳои нӯшокӣ ва тилло машғуланд, равона мекунанд.

Ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ дар вилояти Хатлон 82,1 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ҳамаи ин сармояҳо сармояи мустақимро ташкил медиҳанд. Омили тараққиёт дар ин вилоят энергетика мебошад.

Ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҷои чорум меистанд.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бошад, 44% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол карда, яке аз вилоятҳои аз канданиҳои фоиданок, сангҳои қимматбаҳо бой мебошад, вале то ҳол объекти барои ҷалби сармояи хориҷӣ нашудааст.

Ҷалби сармояи хориҷӣ бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, шарикони рушд, инчунин сол то сол зиёд гардидани ҳаҷми ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ нигаронида шудаанд, равона карда шудааст.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз 70 адад (25 лоиҳаи грантӣ, 13 лоиҳаи қарзӣ ва 32 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 29,81 млрд сомонӣ (3,26 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда мутаносибан 3 лоиҳа ва маблағи 5,2 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Аз маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда 6 адади онҳо — “Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон”, “Соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони саддҳо ва дандонасаддҳои селмуҳофизатӣ дар дарёи Панҷ ва сойи Чубек дар ноҳияи Ҳамадонӣ”, “Сохтмони нақби автомобилгарди “Истиқлол”, “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон”,“Идоракунии экологии замин ва рушди сарчашмаҳои зиндагӣ дар деҳот” ва “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” дар марҳилаҳои гуногуни анҷомёбӣ (гузаронидани расмиёти қабули давлатии иншоот, пардохти ниҳоии корҳои иҷрошуда, омодасозии ҳисоботи ҷамъбастӣ ва ғайра) қарор доранд.

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 15,9 млрд сомонӣ (1,74 млрд доллар) ё 53,5 фоиз, маблағҳои грантӣ 12,4 млрд сомонӣ (1,35 млрд доллар) ё 41,4 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон 1,32 млрд сомонӣ (143,6 млн доллар) ё 4,4 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 215,5 млн сомонӣ (23,53 млн доллар) ё 0,7 фоизро ташкил медиҳад.

Манбаи маблағгузории маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои зерин иборат мебошад: Бонки Осиёии Рушд — 769,9 млн доллар (23,7 фоизи маблағи умумии портфел), Бонки Умумиҷаҳонӣ — 618,9 млн доллар (19 фоиз), Ҷумҳурии Халқии Хитой — 479,4 млн доллар (14,7 фоиз), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд — 414,9 млн доллар (12,7 фоиз), Бонки Исломии Рушд — 159,7 млн доллар (4,9 фоиз), Фонди Саудии Рушд — 110,0 млн доллар (3,4 фоиз), Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ — 89,1 млн доллар (2,7 фоиз), Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ — 87,5 млн доллар (2,7 фоиз), Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ — 67,7 млн доллар (2,1 фоиз), Ҳукумати Ҷопон — 55,3 млн доллар (1,7 фоиз), Хазинаи Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт (СДСН) — 49,0 млн доллар (1,5 фоиз), Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) — 38,5 млн доллар (1,2 фоиз), дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ (давлатҳои донор) — 148,5 млн доллар (4,6 фоиз), саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 143,6 млн доллар (4,4 фоиз) ва дигар сарчашмаҳо (саҳми корхонаҳои давлатии ватанӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва ғайра) — 23,53 млн доллар (0,7 фоиз).

Хулоса, яке аз муҳимтарин самтҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин баланд бардоштани мақоми давлат ва паст кардани хавфи ғайритиҷоратӣ ва сиёсӣ мебошад. Ин ба ислоҳоти ниҳодии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани сиёсати иқтисодӣ, ки ба ноил шудан ба комёбии макроиқтисодӣ нигаронида шудааст, мусоидат мекунад.

Абубакр ЗАМОНОВ,

Донишҷӯи ДИД назди Президенти ҶТ

Добавить комментарий