Баъд аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасад, ки дар ин радиф ба муомилот баровардани пули миллӣ (сомонӣ) мебошад. Ба муомилот баровардани пули миллӣ рушди иқтисодиётро куллан дигаргун сохта, муносибатҳои нави иқтисодиро бо дигар мамлакатҳо мустаҳкам менамояд, зеро истифода аз пулҳои даврони шӯравӣ раванди истеҳсолотро коста намуда, сатҳи афзоиши таваррумро ба миён оварда буд.

Аслан, ба муомилот баровардани пули миллӣ (сомонӣ) — ин нишона аз соҳибистиқлолӣ ва давлатдории тоҷикон мебошад. Барои қурби сомониро нигоҳ доштан аз сатҳи таваррум ва ҳаргуна хатарҳои аз беруни кишвар таъсиррасонанда бояд саҳм ва сатҳу сифати маҳсулотро ба таври мукаммал ба роҳ монд. Инчунин, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҳама муҳимаш, дар шароити имрӯза рушди энергетикиро дар кишвар ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст. Рушди энергетикӣ дар Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар ҳолатҳои сар задани таваррум ҳамчун такягоҳи асосӣ ва модели тараққиёти иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Амалӣ шудани объектҳои бузурги энергетикӣ дар кишвар боиси ба миён овардани шароити созгор ва сиёсати рушди иқтисодӣ дар асоси меъёрҳои ҳақиқии дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат имконпазир аст.

Ба ин васила, барои истифодаи дурусти сармояи ақлонӣ ва имкониятҳои мавҷуда, бунёд ва рушди низоми энергетикӣ, баланд бардоштани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, бо роҳи истиқлолияти энергетикӣ дар амал татбиқ сохтани ҳамаи нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида мусоид аст. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки давлатҳои тараққикардае, ки асоси рушди иқтисоди онҳо аз ҳисоби содирот ва фурӯши нефту газ сурат мегирад ва асъорашон низ ҳамчун асъори ҷаҳонӣ ва устувор эътироф шудааст, аз ҳамин ҳисоб мебошад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, гуфтан мумкин аст, ки захираҳои гидроэнергетикии кишварамон тӯлонӣ буда, метавонад Тоҷикистонро аз ҳисоби истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои энергетикӣ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як давлати тараққикарда муаррифӣ созад. Дар шароити пурпечутоби ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ, рушди устувори иқтисодӣ, беҳсозии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани бозорҳо аз ҳисоби манбаҳои худӣ аз воситаҳои пулӣ вобаста мебошад, ки дар сурати бартарӣ пайдо намудани ин нишондодҳо устувории тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа таъсири мусбат пайдо мекунад.

Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳаи энергетика бармеояд, ки баъд аз пурра ба истифода додани 6 чархаи НБО «Роғун», ки солҳои наздик амалӣ мегардад, ҳамасола ба буҷети кишвар 2 миллиард доллари ИМА даромад ворид мегардад, ки он ҳамчун сарчашмаи устуворӣ ва ташкилёбии захираҳои байналхалқии асъорию тиллоии давлат ҳисобида мешавад. Бояд қайд кард, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ маъмулан ташкилёбӣ ва истифодаи захираҳои асъорию тиллоии мамлакат ба чунин мақсадҳо равона мегардад:

— Барои мусоидат ва хизматрасонии амалиётҳои воридотии молу хизматрасониҳо ба мамлакат;

— Ҷиҳати дастгирӣ ва хизматрасонии қарзҳои берунаи давлатӣ ва хусусии кишвар;

— Бо мақсади устувор нигоҳдории қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ва нархҳои бозории молу маҳсулот.

Ниҳоят, ҳамаи нақшаю чорабиниҳои зикргардида метавонад кишвари моро ба он ҳадафу дастовардҳои бузурге оварда расонад, ки дар зери сиёсати имрӯзаи Роҳбари давлат ва халқи меҳнаткашу бошарафи тоҷик қарор гирифтааст.

Назира ХОЛМУРОДОВА,

омӯзгори МТМУ №1, шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here