«Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон хоҳад дод»

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани мустақилияти расмӣ ва эътироф гардидан ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба сохтмон ва барқарорсозии якчанд иншоотҳои воқеан зарурӣ шуруъ намуд. Бо вуҷуди буҳрони сиёсӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки ба сари давлату миллати тоҷик таҳрим карда шуд, халқи меҳнатдӯсту заҳматкаши тоҷик тавонист тақдири хешро рӯи даст гирифта, ба оянда бо назари  нек бингарад.

Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди ноустувории сиёсии Тоҷикистон мушкилоти норасоии барқ барои Ҳукумати мамлакат ҳамчун мушкилоти асосӣ боқӣ монд. Дар як вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фасли сармо таъминоти барқро аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои рушди хоҷагии халқи мамлакат мегирифт, бо сабабҳои сиёсатсозии масъалаҳои кӯчаки байнидавлатӣ аз ҳамкорӣ дар ин самт маҳрум монд. Яъне ҷумҳуриҳои транзитии нерӯи барқ аз интиқоли барқ тавассути марзҳояшон бо сабаби ноустуворӣ ва таъмирталабии хатҳои баландшиддати барқӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатӣ  худдорӣ менамуданд.  Дар ин вақти андак, вале барои кишвари мо хеле арзишманд,  сохтмонҳои муҳиму қобили таваҷҷуҳ, алалхусус дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ таҷдиду азнавсозӣ гардиданд. Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», таъмиру тармими нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроқум», мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», Помир – 1, нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Чи тавре, ки дар боло зикр намудем, яке аз қадамҳои устувори Ҳукумати мамлакат пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ин оғози корҳои азнавсозӣ ва бунёди НБО Роғун буд, ки баъдан ба яке аз иншоотҳои бузурги аср мубаддал гардид.

Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерӯгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва оинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд. Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди сарбанди нерӯгоҳ бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордод ба имзо расонид. Барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати НБО Роғун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии Роғун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.

Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид.

16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд.

9 сентябри соли 2019 Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ чархаи дуюми НБО Роғунро ба истифода доданд. Ба кор даровардани чархаи дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор гирифт. Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохилӣ ва хориҷӣ, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ васеъ инъикос намуданд.

Нахуст дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хаттӣ баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Сипас ба фаъолияти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшиданд. Корҳои васлгарии таҷҳизоти Дастгоҳи маҷмӯии пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ “КРУЭ” ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли нерӯи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун нерӯи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ нерӯи барқи дар НБО Роғун истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад. Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Хулоса, иншооти Роғун хамчун нерӯгоҳи барқи обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру сафо, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои оламро хувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст.

Амонуллои Ҳиматшо, муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий