Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека” 20-уми марти соли 2008 қабул шуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии муносибатҳоро вобаста ба пайдоиш, амал ва қатъи ипотека танзим менамояд. Қонуни мазкур тамоми муносибатҳои қарздеҳу қарзгирро, ки бо гарави молу мулки ғайриманқул, тибқи тартиби муқаррарнамуда ба расмият дароварда мешавад, танзим мекунад. Ҳамчунин, қарздиҳии манзил (ипотека) ва фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти қарздиҳии ипотекӣ дар доираи ҳамин қонун амалӣ карда мешавад.

Имрӯз ташкилотҳои қарзӣ бо риояи қонуни мазкур фаъолият дошта, ба аҳолии кишвар қарзҳои ипотекӣ пешниҳод намуда истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бақияи қарзҳои ипотекӣ дар ҷумҳурӣ ба санаи 31-уми марти соли 2019-ум 138,65 млн сомонӣ ва фоизи солонаи қарзҳои пешниҳодшуда 15% ва аз ин баландтарро ташкил медиҳанд. Бақияи қарзҳои бо амволи ғайриманқул таъминбуда 2,3 млрд сомонӣ ё 35%-и сандуқи қарзиро ташкил дода, теъдоди чунин қарзҳо ба 9,2 ҳазор адад баробар мебошад.

Барои боз ҳам соддатар намудани раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека” ва маъмул гардидани қарзи ипотекӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо кӯмаки техникии Лоиҳаи инкишофи бозори ҳуқуқи заминистифодабарӣ дар доираи барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека”-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили низоми бонкӣ, мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла ҳуқуқи заминистифодабарӣ, мусоидат барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда, дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, бо назардошти муроҷиат ва таклифҳои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи пешниҳодгардида бо назардошти таҷрибаи давлатҳои дигар, бонкҳои азим ва ташкилотҳои қарзии пешниҳодкунандаи қарзҳои ипотекӣ омода гардида, ҳангоми таҳияи он омилҳо ва пайомадҳои буҳрони солҳои 2007-2008 дар бозори қарзҳои ипотекӣ бамиёномада ба эътибор гирифта шудааст.

 

Мафҳуми қарз, намудҳои қарз, аз ҷумла қарзи ипотекӣ ва фоизҳои он, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд:

— қарз — маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода шудааст ва ё маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода шуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он (Қонуни ҶТ “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”);

— қарз — маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода шудааст (Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”);

— қарз — маблағи пулие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба муштарӣ бо шартҳои муҳлатнок, пардохти фоиз ва баргардонидан дода мешаванд (Дастурамали №186 «Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ»);

— қарзи хурд — қарзе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода мешавад ва маблағи он аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд намебошад (Дастурамали №199 “Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд”).

Аз мафҳумҳои дар санадаҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда овардашуда бармеояд, ки қарз дорои аломатҳои зерин мебошад:

— дар шакли маблағи пулӣ ифода ёфтааст;

—  аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ё ташкилотҳои қарзии исломӣ дода мешавад;

— барои муҳлати муайян дода мешавад;

— аз қарзгиранда пардохти фоиз ё фоидаро талаб менамояд;

— бо гузашти муҳлати қайду шартшуда (дар шартнома пешбинишуда) бояд ба қарздиҳанда баргардонида шавад;

— андозаи маблағи қарз дар ташкилотҳои қарзӣ танзим гардидааст;

— қарзи ипотекии манзил (минбаъд — қарз) — маблағҳои пулие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар асоси шартномаи қарзӣ барои харидани амволи ғайриманқул — манзили тайёр мутобиқи шартҳои истифодаи мақсаднок, муҳлатнокӣ, музднокӣ, бозгардонӣ ва таъминнокӣ ба қарзгиранда дода шудаанд (Тавсияҳо оид ба тартиби додани қарзи ипотекии манзил дар ташкилотҳои қарзӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2014, №14 тасдиқ шудааст).

Аз мафҳуми зикршуда бармеояд, ки қарзи ипотекӣ дорои чунин аломатҳо аст:

— дар шакли пулӣ дода мешавад;

— аз тарафи ташкилоти қарзӣ пешниҳод мегардад;

— барои харидани амволи ғайриманқул — манзили тайёр дода мешавад;

— мутобиқи шартҳои истифодаи мақсаднок (хариди манзили тайёр), муҳлатнокӣ (барои муҳлати муайян), музднокӣ (бо шарти пардохти фоиз), бозгардонӣ (баргардонидани маблағи қарзи асл) ва таъминнокӣ (пешниҳоди гарав) ба қарзгиранда дода мешавад.

— фоизи қарз — ҳамаи маблағҳои бо фоиз ифодаёфта, нисбат ба маблағи қарз, ки қарзгиранда барои истифодаи он дар давраи муайян (моҳ, семоҳа, сол) пардохт менамояд (Дастурамали №197 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд»);

— маблағи фоизи қарз — маблағе, ки қарзгиранда ба ташкилот барои истифодабарии қарз барои як давраи муайян вобаста ба меъёри фоизи қарз пардохт менамояд (Дастурамали №199 “Дар бораи тартиби додани қарзи хурд дар ташкилотҳои маблағгузории хурд”).

Аз мафҳумҳои зикршуда бармеояд, ки фоиз дорои аломатҳои зерин мебошад:

— барои қарзи аз тарафи ташкилоти қарзӣ додашуда ҳисоб шуда, пардохт мегардад;

— барои истифодабарии маблағи асосии қарз аз ҷониби қарзгиранда (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) дар давраи муайяни вақт (моҳ, семоҳа, сол) аз тарафи ташкилоти қарзӣ гирифта мешавад;

— меъёри фоизи қарз аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ муайян гардида, тибқи шартҳои шартномаи қарзӣ пардохт карда мешавад.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки вобаста ба намудҳои қарз, аз ҷумла қарзи ипотекӣ ва фоизҳои он, маълумоти бештарро аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути Департаменти назорати бонкӣ дастрас намудан мумкин аст.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Добавить комментарий