Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Саховат”и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи “Оиннома”и корхона ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба рушди соҳибкорӣ пайваста кӯшиш менамояд ва дар ин замина як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Азбаски соҳибкорон ва фурӯшандагон дар КВД “Бозори Саховат” асосан ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва меваю сабзавот машғул мебошанд, бинобар ҳамин маъмурияти корхона низ саъю талоши худро бештар ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввалия, хариду вориди маҳсулот, танзими нарх, риояи талаботҳои санитарию оташнишонӣ ва беҳтар гардонидани вазъияти молиявии корхона равона гардонидааст. Дар баробари ин, натиҷаи ҳамин саъю такопуҳо буд, ки пардохти хароҷотҳои андоз дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 576,6 ҳазор сомониро ташкил дода, мутаносибан қарзи андоз ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 пурра пардохта шудааст ва КВД «Бозори Саховат» аз ҳисоби андоз қарздор намебошад.

Ҳамзамон, қобили тазаккур аст, ки даромади умумии бозор аз ҳисоби чиниши яквақтаина ва шартномаҳои хизматрасонии коммуналӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101% ё худ 18 000 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷойҳои корӣ

Ногуфта намонад, ки ҷойҳои нишасти савдо дар КВД “Бозори Саховат” 340 нуқтаро ташкил дода, аз ин 160 ададаш ҷойҳои холӣ мебошанд. Баҳри дар амал тадбиқ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №36 аз 25.01.2019 «Дар бораи ҷорӣ намудани либоси ягонаи корӣ ва риояи он дар обектҳои савдо ва хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе», бахусус дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат», ки зиёда аз 423 фурӯшандаву соҳибкор дорад, пурра бо либоси ягонаи корӣ таъмин карда шудаанд, ки ин ба 100% иҷроиши нақша рост меояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 35 ҷойи кории нав дар корхона ташкил карда шудааст, ки номбурдагон пурра аз қайди нозироти андоз гузаштаанд.

Дар баробари ин, барои соҳибкорони минтақаи фурӯши сабзавот 5 қатор пештахта дар ҳаҷми 145 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар натиҷа 57 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардидааст. Инчунин, дар минтақаи фурӯши меваҷоти корхона бошад, зиёда аз 150 метри мураббаъ пештахтаи ҷойҳои савдо аз нав пурра сохта ба истифода дода шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки болопӯши биноҳои асосии корхонаи мазкурро зиёда аз 1200 метри мураббаъ рангубор намуда, инчунин сутунҳои минтақаи савдои “Кабудӣ” бошад, аз боло то поён зиёда аз 500 метри мураббаъ пурра ранг карда шудааст. Айни ҳол дар минтақаи фурӯши “Биринҷ” бошад, сутунҳояш аз боло то поён рангубори зиёда аз 700 метри мураббаъ рафта истодааст, ки ин ба намуди зоҳирии корхона ҳусни дигар зам хоҳад кард.

Омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон

Зимнан, роҳбарияти КВД “Бозори Саховат” дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору пайкори ҳамешагии хеш қарор дода, ҷиҳати захираи саривақтии маводи аввалияи ниёзи мардум ва дар мавсими зимистон бо нархи дастрас пешкаши аҳолӣ намудани он чораҳои таъхирнопазир ва мушаххас меандешад. Бо ин мақсад баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8-уми майи соли 2019 таҳти №279/1 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020”, бо зиёда аз 30 хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон барои ҳамкорӣ кардан оид ба ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ шартномаҳои судманд баста шудааст. Аз ҷумла, тибқи супориши раиси муҳтарами шаҳри Душанбе КВД «Бозори Саховат» бо хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддин Балхӣ ҷиҳати харид ва ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка ба миқдори 90 тонна, пиёз ба миқдори 110 тонна, сабзӣ, меваҷот ва ғайра барои солҳои 2018 — 2019 шартнома ба имзо расонидааст. Ҳамчунин, тибқи маълумотҳои расида, феълан худи соҳибкорон ташаббус нишон дода, аз 100 то 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошкаву сабзӣ, пиёзу меваҷоти гуногун ва ғалладонагиву лӯбиёиро барои фасли сармо захира намудаанд, ки яқинан дар паст кардани нархи маҳсулот дар мавсими болоравии он мусоидат мекунад.

Идомаи бунёдкориҳо

Дар дохили бозор системаи таъмини барқ, дӯкону мағозаҳои соҳибкорон, дарвозаҳои даромад, роҳравҳо, пештахтаҳо пурра аз таъмир бароварда шуда, барои гузаронидани зимистон тайёр карда шудааст.

Дар ин давом бунёдгузор (конструктор) -и болопӯши минтақаи савдои биринҷ ва минтақаи савдои кабудии корхонаи мазкур, ки аз солҳои пешин рангубор надошт ва куҳнаву фарсуда шуда буд, аз нав пурра рангубор карда шудааст, ки ҳусну таровати наве ба корхона бахшидааст.

Барои тозагии дохил ва гирду атрофи корхонаи мазкур бошад, партовгоҳҳои муввақатӣ, яъне зиёда аз 35 адад пурра зарфҳои пластмасии ғунҷоишашон 100-литра аз нав харидорӣ карда шуда, дар ҷойҳои муйаян гузошта шудаанд. Инчунин, партовгоҳи асосии корхона пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.

Бояд таззакур дод, ки дар ҳудуди КВД «Бозори Саховат» савдои кучагӣ пурра аз байн бурда шуда, вазъи муътадил дар самти таъмини маҳсулот ва нархи он мавҷуд буда, камчинии маҳсулот дар бозор ва эҳтимолияти баландшавии нарх дида намешавад.

Ба ин нигоҳ накарда, КВД “Бозори Саховат” барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба равшаннамоии гирду атрофи бинои асосии корхона бо лампаҳои каммасрафи равшанидиҳандаи ҳаҷмашон калон ва лентаҳои диодии ранга оро дода шудааст. Корхона дар оянда нақша дорад, ки васлу насб намудани чунин таҷҳизоти равшанидиҳандаро идома бахшад.

Дасти сахо

Маврид ба зикр аст, ки КВД “Бозори Саховат” дар давоми дувоздаҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 53 035 сомонӣ, дар давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба кормандони худ, ниёзмандон, хона-интернати кӯдакону бепарасторон, инчунин ба Шифохонаи шаҳрии парасторони ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ ва нобиноён ба маблағи умумии 66 857 сомонӣ кӯмакҳои моддиву молӣ ва пулӣ расонидааст. Расонидани кӯмакҳои моливу моддиро корхона минбаъд низ идома меахшад.

Ташкили ярмаркаҳо

Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз санаи 17.01.2019 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2019» — тибқи замимаи 1 ташкил намудани ярмаркаҳои идона ва инчунин бахшида ба моҳи шарифи Рамазон дар асоси Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе таҳти №16 аз санаи 06.05.2019, банди 3, сархати 2,5 як моҳи пурра, яъне дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳ рӯзи дигар дар арафаи иди Саиди Қурбон гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархҳои дастрас ба роҳ монда, бо ин мақсад тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шудааст. Дар ин хусус аз санаи 06.05.2019 то санаи 04.06.2019 ва даҳ рӯзи дигар дар арафаи иди Саиди Қурбон дар таваққуфгоҳи назди корхонаи мазкур ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввалия бо иштироки ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шудааст. Самараи ҳамин кӯшишҳо буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи гӯшти гов дар ҳудуди 40 сомонӣ ва нархи гӯшти бузу гӯсфанд дар ҳудуди 33 — 35 сомонӣ нигоҳ дошта шуд. Ҳарчанд нархи ин маҳсулоти аввалия дар дигар бозорҳои мамлакат ба маротиб баланд буд. Роҳбарияти бозор чунин тадбирро бо дастгирии Идораи харид ва захираҳои маҳсулоти шаҳри Душанбе татбиқ намуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ярмаркаи моҳи шарифи Рамазон, дар арафаи иди Саиди Қурбон ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона аз ҳисоби маблағҳои худӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили гӯшти гов ба миқдори 11,629 тонна, гӯшти гӯсфанд 5,652 тонна, маҳсулоти кишоварзӣ 1017,05 тонна, маҳсулоти донагӣ 296,14 тонна, шакар 58,8 тонна, тухм 205525 ҳазор дона, равғани растанӣ 104,7 ҳазор литр, маҳсулоти полезӣ 28,0 тонна ва маҳсулоти мевагӣ 17 тонна ворид намуда, дар ярмаркаи ташкилшудаи мазкур бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинон ва харидорони шаҳр намуд. Инчунин, корхона дар арафаи иди Саиди Қурбон ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худӣ маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти мевагӣ, маҳсулоти полезӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал, аз он ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори 80,8 тонна, тухм ба миқдори 70 ҳазор дона, маҳсулоти донагӣ ба миқдори 20,6 тонна, маҳсулоти полезӣ ба миқдори 61,02 тонна, маҳсулоти мевагӣ ба миқдори 51,6 тонна ва маҳсулоти ниёзи аввал ба миқдори 48,123 тонна ворид намуда, дар ярмаркаи ташкилшудаи мазкур бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинон ва харидорони шаҳр намуд.

Дар даромадгоҳи асосии бозор барои боз ҳам паст намудани нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №69 аз 02.02.2018 “Дар бораи ташкили ярмаркаҳои доимамалкунандаи зимистона оид ба фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар давраи зимистон дар шаҳри Душанбе” ярмаркаи доимамалкунанда ташкил карда шудааст. Аз санаи 03.05.2019 тибқи дигар қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №270 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 02.02.2018 таҳти №69” дар якчанд бандҳои қарори мазкур тағйирот ворид карда шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки 10 маротиба аз тарафи корхона ярмаркаи сайёри фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ бо нархҳои нисбатан арзон гузаронида шудааст. Инчунин, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №17 аз 17.01.2019 “Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2019” ва Протоколи таҳти №16 аз 6-уми майи соли 2019, банди 3, сархатҳои 2 ва 5 ҷиҳати як моҳи пурра, яъне дар моҳи шарифи Рамазон ва 10 рӯзи дигар дар арафаи иди Саиди Қурбон гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро барои сокинони пойтахт бо нархҳои дастрас ба роҳ монда ва инчунин бо сифати аъло пешкаши харидорон гардонида шудааст.

Айни ҳол низ дар саҳни бозор ярмаркаи доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзӣ, гӯшт, орд ва равғани растанӣ бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварда шудааст, ки ин нисбати нархи бозор то 20-30 фоиз арзонтар мебошад. Ин раванди кор барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо дар бозор мусоидат мекунад.

Либоси ягона

Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №36 аз 25.01.2019 “Дар бораи ҷорӣ намудани либоси ягонаи махсуси корӣ ва риояи он дар объектҳои савдо ва хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе” дар дохили бозор як нуқтаи фурӯши либосҳои ягонаи фурӯшандагону соҳибкорон ташкил карда шудааст, ки айни замон ҳамаи кормандон ва фурӯшандагони бозор бо либоси ягонаи корӣ ва нишони сарисинагӣ пурра таъмин мебошанд.

Дар баробари ин, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе ва мувофиқи Нақшаи тасдиқгардида дар корхонаи мазкур ба таври мунтазам рӯзҳои санитарӣ ва корҳои дизенфексионӣ гузаронида мешаванд.

Ташхиси маводҳо

Барои ташхиси маводи фурӯши хӯрокворӣ ва истеъмолӣ дар бозор лабараторияи “Озмоишгоҳи таъмини бехатарии озуқаворӣ” амал менамояд, ки ҳаррӯза тамоми маводҳои истеъмолӣ аз ташхиси ин озмоишгоҳ гузаронида шуда, баъдан аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳ ба фурӯш иҷозат дода мешавад. Инчунин, нархи маҳсулот, тарозу ва сифати мол таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ҳамарӯза аз ташхиси ҷорӣ гузаронида мешавад ва аз натиҷаи он ба мақомоти марбута гузориши муфассал ва саривақтӣ пешниҳод мегардад.

Ҳолати омодабоши системаи оташнишонӣ

Бояд як нуқтаи асосиро хотирнишон сохт, ки масоҳати умумии КВД “Бозори Саховат” 0,86 га буда, он соли 1986 дар асоси қарори Тоҷикпотребсоюз — “Тоҷикматлубот” ташкил карда шудааст ва соли 1998 бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз тавозуни “Тоҷикматлубот” ҳамчун моликияти коммуналии шаҳри Душанбе — КВД «Бозори Саховат» ба тавозуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шудааст. Аз он солҳо то ба қарибӣ дар корхонаи мазкур як адад ҷумаки оташнишонӣ насб шуда, он ҳам ба пуррагӣ фаъолият намекард. Сипас, дар аввали соли 2018 дар се нуқтаи асосии дохили корхона боз се адад ҷумаки оташнишонӣ бо рӯдаҳои нав ва дигар лавозимоташ насб карда шуд, ки ҳамагӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Инчунин, дар бинои асосии маъмурият ва ҳамаи мағозаву дӯконҳои бозор ба пуррагӣ дастгоҳи аз оташ воқифкунанда (сигнализация) насб карда шуда, аз санҷиш гузаронида шудаанд, ки дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Дар худи корхона ҳамагӣ се адад сипари оташнишонӣ бе ягон лавозимоти асосӣ ва дар ҳолати валангор қарор дошт. Роҳбарияти корхона тасмим гирифт, ки аввал бояд корҳоеро ба анҷом расонад, ки ба ҳолатҳои фавқулодда ва табиӣ вобастагӣ дорад. Ҳамин тариқ, панҷ адад сипари оташнишонии нав бо ҳамаи лавозимоти аввалиндараҷааш харидорӣ шуда, дар ҷойҳои асосии бозор насб гардид. Дар ҳамин ҳол, бо талоши маъмурият зеристгоҳи барқии асосии корхона, ки қаблан дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бо ҷалби мутахассисони соҳаи барқ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Роҳбарияти КВД «Бозори Саховат» азми қатъӣ дорад, ки дар оянда низ баҳри ғановати бозори истеъмолии сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, инчунин пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ҷавобгӯ будани бозор ба талаботҳои санитарию оташнишонӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои раиси муҳтарами шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тадбирҳои амалӣ меандешад ва аҳолиро бо маҳсулоти кишоварзии ватании тару тоза ва хушсифат сари вақт таъмин менамояд.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий