Он метавонад вобастагии ҷумҳуриро аз ворид намудани газ ва маҳсулоти нафтӣ аз дигар давлатҳо коҳиш диҳад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба се ҳадафи стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мунтазам талош намуда, дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳимро амалӣ карда истодааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегияи миллии худ, яъне ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар саъю талош менамояд, то захираҳои сӯзишворию энергетикии мамлакат ҳарчи бештар ба нафъи мардуми кишвар ва минтақа истифода бурда шавад. Вобаста ба ин саноати ангишти Тоҷикистон метавонад нақши муҳимро бозад, зеро ангишт дар шароити ҷумҳурии мо ашёи хоми нисбатан арзон аст.

Саноати ангишт яке аз соҳаҳои муҳими комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ ва саноати куҳкорӣ ба ҳисоб меравад ва дар маҷмуъ иқтидори иқтисодии Тоҷикистон аз рушду устувории он вобастагӣ дорад. Мавҷудияти заминаи бойи ашёи хом ва захираҳои кашфгардидаи ангишт ба рушди муътадили иқтидори боэътимоди саноати ангишт, дар қатори манбаҳои дигари энергия, эҳтиёҷоти энергетикии мамлакатро кафолат медиҳад.

Баҳри устувор гардонидани комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ ва рушди саноати куҳкорӣ, дастовардҳои манбаи ашёи хом ва саноати ангишти Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои инкишофи иқтисодиёти давраи гузариш ва ба ҳадафҳои стратегии миллӣ расонидани давлату ҷомеа, бо ҳисси масъулият таълифи маводҳои тарҳрезигардида ба тавҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, ширкатҳои шахсӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо нигаронида мешавад.

Истихроҷи саноати ангишт дар Ҷумҳарии Тоҷикистон соли 1902 дар кони ангишти Шӯроби ноҳияи Исфара оғоз гардидааст. Нуқтаи баланди истихроҷи ангишт дар соли 1979 ба 980 ҳазор тонна расонида шудааст. Мувофиқи маълумотҳои геологӣ, муайян карда шудааст, ки ҷамъи захираҳои ангишт дар Ҷумҳарии Тоҷикистон зиёда аз 4,5 — 5,0 млрд тоннаро ташкил медиҳад.

Дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмаррае, ки Ҷумҳарии Тоҷикистон ба он ниёз дорад, ин таъмини амнияти энергетикӣ ва муайян намудани самтҳои асосии инкишофи комплекси сӯзишворӣ-энергетикиӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми камёфт шудани сӯзишвории газмонанду моеъ дар мадди аввал нақши асосиро ҳачун маводи сӯзишвории энергетикӣ ангишт мебозад, ки захираҳои он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва инчунин саноату энергетикӣ барои солҳои тӯлонӣ басанда буда, ҳамзамон истифодаи беандешаи он барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ талафоти барқарорнашаванда шуда метавонад.

Ангишт маҳсулоти дорои имкониятҳои фаровон мебошад, ки ба андешаи геохимикҳо, таносуби мавҷудияти канданиҳои сӯзанда дар қишри замин гуногунанд, аз он ҷумла, ангишт ва варақсангҳо 95,8 %-ро ташкил медиҳад, торф — 3,4%, нафт — 0,7% ва гази табиӣ 0,1% мебошад.

Ҳоло манбаъҳои нафту газ хеле кам шуда, камшавии он мароми сӯзишвории моеъ ҳосил кардани онро ҷиддан аз ангишт талаб менамояд. Мо метавонем Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро мисол оварем, ки қисми зиёди эҳтиёҷоти худро нисбати сӯзишвории моеъ ба ҳосилкунии он аз ангишт, қонеъ карда истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло дар чандин мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Россия ва якчанд мамлакатҳои дигар ба равандҳои коркарди аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовари маводҳои сӯзишворию молиданӣ ва кимиёвию технологӣ аз ангишт машғуланд, ки ин раванд натиҷаи самарабахш дода истодааст.

Тадқиқотҳои бо роҳбарии А. О. Решёто дар Инсититути илмӣ-тадқиқотии химиявии ангишти Федератсияи Россия гузаронидашудаи антратсити “КФ“ КА “Назар-Айлоқ” имконияти истифода бурдани онҳоро барои ҳосил намудани карбиди калсий, электродҳо барои саноати алюминий ва дигар маснуоти ангиштию графитӣ исбот кардааст.

Яке аз усулҳои асосии истеҳсоли саноатии карбогидрогенҳои ароматӣ коксонидани (пиролиз) ангиштсанг мебошад. Дар натиҷаи дар ҳолати беҳаво тафсонидани ангиштсанг моддаҳои органикии таркиби он ба табдилоти кимиёвӣ дучор шуда, чаҳор маҳсулоти асосӣ — кокс, зифти ангиштсанг (бензол, ҳомологҳои бензол, фенол, ҳомологҳои фенол), маҳсулоти обии амиак (амиак, сулфати амоний, фенол) ва гази коксӣ (гидроген, метан, амиак, бензол, толуол, сулфати амонийэтилен) ба даст меояд. Аз қатрони (зифти) ангиштсанг бо усули буғронии фраксионӣ ҳомологҳои бензол, фенол ва моддаҳои дигар ҳосил мешаванд. Инчунин аз амиакоб дар аввал амиак ва сипас дигар маҳсулотҳоро ҷудо карда мегиранд.

Гази коксиро хунук карда, барои аз зифт (қатрон) тоза кардан онро аз электрофилтрҳо мегузаронанд. Баъд аз он аз гази кондетсатсияшуда амиак ва бензол ҷудо менамоянд. Аз гази коксӣ бо роҳи ҳар гуна синтез гидроген ва этилен низ ҳосил мешавад. Дар охир гази пурра тозашударо дар саноат ва рӯзгор ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Илова бар ин, олимони Институти кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии З. А. Румянсева ҳарорати баланди коксшавии ангишти Фон-Яғнобро омӯхта, имконияти аз он ҳосил намудани коксро барои заводҳои металлургӣ, электродҳо ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ кашф карданд. Дар таркиби ангиштсанги кони номбурда миқдори зиёди моддаҳои органикӣ, хусусан карбогидрогенҳои аромати бензол, фенол, тулоул, нафталин, пиридин, карбазол ва ғайра дида мешаванд.

Дар нақшаи стратегӣ ангишт аҳамияти ҳалкунанда низ дошта, онро нафақат ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд, балки пеш аз ҳама ҳамчун маҳсулоти хоми қобилияти баланди техникидошта метавонад вобастагии ҷумҳуриро аз ворид намудани газ ва маҳсулоти нафтӣ аз дигар ҷумҳуриҳо коҳиш диҳад.

Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дувум оид ба фурӯши нерӯи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ чунин баён намуда буданд: “Кишвари мо дорои захираҳои бузурги энергетикӣ мебошад: мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти давомдори мутахассисон захираҳои умумии ангишт 5 миллиард тоннаро ташкил мекунад, ки истихроҷ ва коркарди он омили пешрафти босубот ва самти муҳими ҳамкории босамар аст. Мо вазифадорем истифодаи ин захираҳо ва манбаъҳои дигари нерӯро оқилона ва дар тавозуни оптималӣ барои истеҳсоли барқ, гармӣ, бухор, таъмини шароити муосири зиндагии мутамаддин дар тамоми минтақаҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо васеъ ба роҳ монем ва дар ин самт ҳамкориро вусъат бахшем”.

Дар замони ҳозира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангиштсанг ба ҳисоб гирифта ва қисман омӯхта шудааст. Бинобар ин, дар Паёми Президенти мамлакат, ки таҳлили паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакатро дар бар гирифтааст, ба масъалаҳои самаранок ва баманфиат истифодабарии боигариҳои табиӣ аҳамияти хоса дода шуда, таъкид карда мешавад, ки бе тарбияи мутахассисони баландихтисос ва болаёқат, бе рушди соҳаи геология ва саноати истихроҷи маъдану ангишт, бе таъмини истиқлолияти мамлакат ҳалли ин масъала мушкил хоҳад буд.

Аз ин рӯ, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар барои рушди соҳа бо истифода аз иқтидорҳои молиявию техникии мавҷудбуда мунтазам кор бурда истодааст.

Шерзод ҶУРАҚУЛОВ,

Фирдавс ТОШОВ,

омӯзгорони кафедраи «Истихроҷ ва тоза кардани маъдан»-и Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсуповаи шаҳри Душанбе

Добавить комментарий