Се ширкати мансуб ба оилаи Алимардоновҳо дар назди Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 237 ҳазору 320 сомонӣ қарздор мебошанд. Аммо раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ моҳи гузашта зимни нишасти матбуотиаш қарзи онҳоро 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ гуфта буд.

Раҷаббек Саидов — мудири бахши баҳисобгирии даромадҳои нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат бо хабарнигори “Фараж” қайд кард, ки ҶДММ “Баракати Ҷомӣ”, ҶДММ “Хоҷагии зотпарварии чорводории баракати Ҷомӣ” ва ҶДММ  “ККП баракати Ҷомӣ”, ки ба Алимардоновҳо тааллуқ доранд, то 13-уми феврали соли 2020 дар умум аз андоз 237 ҳазору 320 сомонӣ қарздоранд. Яъне “Баракати Ҷомӣ” 50 ҳазору 477 ҳазор, “Хоҷагии зотпарварии чорводории баракати Ҷомӣ” 88 ҳазору 389 сомонӣ ва “ККП баракати Ҷомӣ” 98 ҳазору 444 сомонӣ қарзи андоз доштаанд. Иттилое, ки ба суханони қаблан изҳордоштаи Саид Ёқубзода — раиси ноҳияи А. Ҷомӣ мувофиқат намекунад. Раис гуфта буд, ки Алимардоновҳо аз андоз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳаққи истифодаи об 240 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Ба қавли Ёқубзода, ҳарчанд ширкати “Баракати Ҷомӣ” тибқи як қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ таъсис дода шудааст, вале иловатан ба зотпарварӣ низ машғул аст. Масоҳати заминҳояш кам не, 1 ҳазору 200 гектар будааст. “Соли гузашта мо нақшаи андозҳоро ба таври комил иҷро карда натавонистем, ки яке аз сабабҳояш пардохт накардани андозҳо аз ҷониби ин ширкат аст”,- зикр карда буд раиси ноҳия.

Фаҳмидани нуқтаи назари Муродалӣ Алимардон — раиси кунунии “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон ва муовини собиқи Сарвазири Тоҷикистон ё хешовандонеаш, ки се ширкати болозикрро идора мекунанд, ба мо муяссар нагардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here