Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини зардуштӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Вожаи Сада марбут ба рақами сад аст. Аз он даврони куҳан панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, ки ба ҷашни Наврӯз мемонд, ҷашни Садаро созмон медоданд. Ангезаҳои ривоятӣ ва достонии ин ҷашн низ монанди ҷашнҳои дигар мансуб ва марбут ба оташ аст. Баъзе сарчашмаҳо Садаро ба фаъолияти Ардашери Бобакон ва баъзе таърихнигорон мансуб ба Каюмарс, ки дар ислом ӯро ҳазрати Одам маънидод намудаанд, мутааллиқ медонанд. Тибқи ин ривоят, гӯё чун адади фарзандони Каюмарс ба сад мерасад, ҷашни бузург барпо мекунанд ва оташи фаровон афрӯхта, дар атрофи он ҷашни бузург созмон медиҳанд ва онро Сада меноманд.

Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро ишора намудааст:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Дар баъзе ривоятҳои устуравӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Заҳҳок, ки шоҳи золим ва мардумозор буд, ҳар рӯз ду нафар шахсони бегуноҳро ба шаҳодат мерасонд, аз мағзи сари онҳо барои морони китфи ӯ ғизо таҳия мекарданд. Армоил — вазири Беварасп, яъне Заҳҳок, ҳар дафъа як нафари он бегуноҳонро беосеб нигоҳ дошта, ба ивази он гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он барои морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард. Ва шахсони наҷотдодаашро дар куҳи Дамованд пинҳон менамуд. Ва замоне, ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб намуд, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Армоил шоҳро аз ин кори некаш иттилоъ дод. Ҷиҳати рост будани баёноти Армоил бо хоҳиши ӯ ашхоси аз марг наҷотёфта шабҳангом ҳар кадоме дар куҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ки адади оташҳо ба сад расид. Ҳамин тавр, бо сабаби аз марг наҷот ёфтани сад нафар одамони бегуноҳ, ҷашне баргузор намудани шоҳ Фаридун ва номи ин ҷашнро Сада гузоштан ва ба расмият даромадани ин ҷашнро сарчашмаҳои адабиву таърихӣ иттилоъ медиҳанд.

Шоири қасидасарои қарни XI — Унсурӣ шаби ҷашни Садаро мисли куҳи Тӯр равшан тасвир намудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин ин шаб гӯё Куҳи Тӯр аст,

Каз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Тибқи иттилои Ибни Мискавайҳ, дар даврони бостон, хосатан дар аҳди Сомониён, барои бошукуҳу шаҳомат баргузор намудани ҷашни Сада дар талу теппа ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро ҷамъ карда, онро бо тасмаҳои оҳанин мебастаанд. Дар болои ҳезум ва маводи сӯхт парандаҳои гуногунро аз пояшон баста мемондаанд. Чормағзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекардаанд ва бо сими борик ба пойҳову гардани парандагон овезон мекардаанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекардаанд. Чормағзҳоро даргиронда, парандаҳоро раҳо менамудаанд. Шаби тор равшан гардида ва аз ин мардумон хеле шоду масрур мешудаанд.

Яке аз махсусият ва вижагии ҷашни Сада дастаҷамъии мардум ё ба таври ҳашар омодагӣ дидан ба пешвози ҷашни Сада мебошад. Дар гузашта барои ҷашн ҳезум ва анвои дигари лозимаро дастаҷамъона анҷом медоданд. Ин кор фаризаи динӣ ва савоб маҳсуб мешуд. Ҳар кас аз рӯи тавоноӣ ҳезуму чӯб гирд меовард. Касоне, ки ба мисли амирону амирзодагон ва сарватмандон, агар худашон ҳезум гирд оварда натавонанд, ба дигарон пул медоданд, то эшон ин корро ба анҷом расонанд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заифу нобуд созанд ва ҷашнро бо як шодмонии тамом таҷлил намоянд. Ба ақидаи мардум, дар ин ҳангом сармо дар зимистон ба авҷи худ мерасад. Аз ин пас ҳаво рӯ ба эътидол меорад. Тибқи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ, мардум Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯи олам баромадани зимистон» ҷашн мегирифтанд ва оташ афрӯхта, моддаҳои хушбӯй бухор мекарданд, ки аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад.

Абӯрайҳони Берунӣ дар ҷои дигар иттилоъ медиҳад: «Ва аммо чунон аст, ки аз он (ҷашни Сада) то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб», яъне бист рӯз аз моҳи Баҳман ва сӣ рӯз аз моҳи Исфанд (баробари аввали феврал то 20-уми март) ва панҷоҳ шабонарӯз якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба сад баробар аст. Оид ба ин муддати фарорасии ҷашнҳои Садаву Наврӯз шоири қасидасаро Манучеҳрии Дамғонӣ чунин гуфтааст:

Ва нек биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш

Ҷашни Сада талояи Наврӯзу навбаҳор.

Тавре ки ишора рафт, бегумон сабаби аслии пайдоиши ҷашни Сада падид омадан ва кашфи Оташ аст. Бояд тазаккур дод, ки тибқи ривояти Ҳушанг, шоҳи сулолаи Пешдодиён мори сиёҳ рамзи Аҳриману зиштист, ки маргу нобудӣ меофарад. Оташи аҳурамаздоӣ ҳамин ки медурахшад, маргу бадиро ба дур меронад ва инсонҳоро аз касифию бадбахтӣ раҳоӣ мебахшад.

Баъзе аз олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардуми мо пажуҳиш бурдаанд, аз ҷумла Тумос Ҳоид, бар он ақида аст, ки бидуни ҷанбаҳои достониву ривоятӣ пайдоиши ҷашни Сада тавзия ва ҷанбаи нуҷумӣ дорад ва шаби Садаро баландтарин шаби зимистон медонанд. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд. Мардумони эронитабор ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳо ҷашни Садаро бо роҳу равиши дигар ҷашн мегиранд. Ин ҷашни ориёӣ дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ бештар ба корҳои кишоварзӣ ва хосатан боғдориву ғаллакорӣ иртибот дорад. Ба андешаи Е. Бертелс, И. Брагинский, Н. Кисляков, М. Андреев, М. Раҳимов, А. Неъматӣ, Д. Раҳимов ва муаллифони ин сатрҳо, ҷашни Сада на танҳо ҷанбаи ривоятиву достонӣ, балки  нуҷумиву гоҳшуморӣ низ дорад. Ба қавли Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, “Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст”. Ин оташро фурӯзон дорем ва ин ҷашнро бояд арҷ бигузорем.

Дилшод УМАРОВ,

Насим ҚОДИРОВ,

докторантурони (PJD) ДДФСТ

Добавить комментарий