Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва тандурустиро самтҳои афзалиятнок дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории Тоҷикон ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел, тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва тандурустӣ, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки бараъло ба мушоҳида мерасад, Сарвари давлат ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоянд. Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд карда, дарозумрӣ боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин, зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Дар Паём ҳамчунин таъкид гардид, ки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти роҳбарияти давлат хоҳад буд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ дар Паёми Пешвои миллат ба Парлумони кишвар дарҷ гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар қатори дигар соҳаҳо зиёдшавии музди меҳнати кормандони илму маориф ва стипендияи донишҷӯён низ 15 фоиз дар назар дошта шуд. Аз ин нуктаи Паём бармеояд, ки дар соли равон низ соҳаи илму маориф ва тарбияи насли ҷавон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо — омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Донишҷӯён бошанд, ҳамчун ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат бояд бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошанд. Онҳо бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, на танҳо худашон аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошанд.

С. А. ТАИБОВ,

З. Г. ТУРСУНОВА,

кормандони шуъбаи итилоот ва нашрияи ДДТТ ба номи А. Сино

Добавить комментарий