Китоби тозанашри “Паҳнои хотира”и рӯзноманигор ва адиби шинохта Мансур Сайфиддин (Суруш)-ро аз аввал то ба охир хондам. Он аз навиштаҳои солҳои ахири муаллиф иборат аст.

Хотираҳои дар китоб омада хеле ҷолибу фаромӯшношуданианд. Онҳо хонандаро ба аёдати беморон, сипосгузорӣ аз ҳамзистии осоишта, ба амонат хиёнат накардан ва дигар хислатҳои некӯи инсонӣ ҳидоят мекунанд. Китоби хотироти рӯзноманигори маъруфро саҳифагардон мекунаму ба дунёи хотироти хеш меравам. Солҳо боз мехостам дар бораи ӯ сатре нависам. Аз дилам мегузарад, инак он фурсат фаро расида, ки ба хонандаи гиромӣ расонам, ки Мансур Сайфиддин (Суруш) аз нигоҳи як ҳамкор ва дӯст кист.

Бо рӯзноманигор ва адиби шинохта Мансур Сайфиддин наздики бист сол аст, ки шиносоӣ дорам. Нахустин шиносоиам бо ӯ дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” сурат гирифта буд. Ӯ он солҳо дар мансаби ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон кор мекард ва гоҳо ба идораи рӯзнома омада, қиссаву ҳикоёти худро барои чоп пешниҳод мекард.

Соли 2004, замоне ки ӯ сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” буду ман ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ, як мусоҳибаамро бо устоди ҳамин донишгоҳ Муҳаммад Ҳуббонӣ таҳти унвони “Табиби шахсии президенти Яман тоҷик аст” ба рӯзнома бурдам. Сарлавҳаашро дида, ба қавле чеҳрааш шукуфт ва дар ҳамон шумора ҷой карду ҳамзамон дар рӯзнома кор карданро пешниҳод намуд. Баъди кори донишгоҳ як муддат дар дастгоҳи марказии ҲХДТ кор кардам. Мансур Сайфиддин ҳафтае чанд маротиба дастгоҳи ҳизб меомад, мо якдигарро медидем ва сари мавзӯе суҳбат мекардем. Ҳамеша барои кор дар рӯзнома таклиф мекард.

Ёд дорам, боре омаду гуфт, ки мехоҳад ба муносибати даҳсолагии Суруди миллӣ бо устод Гулназар суҳбате ба табъ расонад ва онро бояд ман анҷом диҳам. Устод Гулназар он солҳо сармуҳаррири рӯзномаи “Ваҳдат” буданд ва ҳуҷраи кориашон дар ҳамсоягии мо. Бо устод суҳбат кардам ва он бо номи “Суруди миллӣ дигар моли ман нест” ба табъ расид. Дар бораи сатҳи навиштаҳоям чизе гуфта наметавонам, вале як нафар, ки ба тозагӣ аз Русия омада буд ва бо рӯзнома ҳамкорӣ дошт, он мусоҳибаро “голливудский уровень” номид. Ҳамин тавр, то вақте ки бо исрори ӯ барои кор ба рӯзнома гузаштам, чанд мусоҳибаи дигарам ба табъ расид, ки яке аз онҳо бо устоди зиндаёд Мансур Бобохонов таҳти унвони “Таҳқиқи таърихи тоҷикони ҷаҳон зарур аст“ буд.

Пас аз анҷоми қарордод бо дастгоҳи ҳизб (ҳарчанд пешниҳодҳо шуда буд, ки ҳамчун коргари доимӣ бимонам) ба “Минбари халқ” ба таври гузариш ба кор рафтам. Тақрибан дувуним сол бо Мансур Сайфиддин кор кардам. Муҳаррири дилбазан набуд, ҳар як мавзӯе, ки мо пешниҳод мекардем, хуш истиқбол мекард, вале ба табъ расидани навиштаҳоямонро дар рӯзномаҳои дигар хуш надошт, ки надошт (воқеан, вақти сармуҳарририам дар рӯзномаи “Мароми пойтахт”, ман низ ҳеч намехостам, то кормандони нашрия, ки ним воҳиди корӣ ҳам кор мекарданд, мақолаҳояшон дар дигар нашрияҳо ба табъ расанд). Дар баробари навиштани хабару гузоришу мақолаҳо, самти фаъолияти ман асосан анҷом додани мусоҳиба бо тоҷикони бурунмарзӣ, тоҷиконе буд, ки зодаи тоҷикистонанду айни замон дар хориҷ аз кишвар номбардори миллати мо мебошанд (барои мисол суҳбатҳо бо се писари устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ — Шариф — доктори илмҳои санъатшиносии Академияи илмҳои Русия, Анвар — мудири кафедраи астрофизикаи Донишгоҳи Нюкасли Англия, Рустам — мудири кафедраи таърихи асрҳои миёнаи Донишгоҳи давлатии Маскав, дар соли 2006). Худи ӯ низ дар ҳамин мавзуъ зиёд менавишт ва чунин навиштаҳоро хуш истиқбол мекард. Бо пешниҳоди ӯ бо академик Б. А. Литвинский (муҳаррири шоҳасари аллома Б. Ғ. Ғафуров — “Тоҷикон”), Шод Муллоҷонов — сармуҳаррири рӯзномаи “Московская правда” ва Юлия Хижняк — соҳиби “Хонаи тоҷикӣ” дар Маскав мусоҳибаҳо анҷом додем. Ҳамчунин, бо тавсияи ӯ суҳбате бо Зуҳуров Музаффар Баротович — сардухтури беморхонаи ҳукуматӣ анҷом дода будам, ки дар охирин лаҳзаҳои зиндагии яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллии мо академик Бобоҷон Ғафуров сари болинаш будааст.

Дар замони сармуҳарририи Мансур Сайфиддин теъдоди гӯшаҳои рӯзнома ба маротиб афзуд, агарчи он тавассути обуна паҳн мегардид, вале нафарони зиёде боз ба суроғи он ба идора меомаданд. Боре як нафар аз рӯзноманигорон, ки дар рӯзномае муовини аввал буд, барои дастрас кардани шумораи навбатӣ ба идора омада ва гуфт, ки рӯзномаашонро ба хотири масъулияташ мехонад, вале “Минбари халқ”-ро ба хотири навиштаҳои ҷолиби он. Ин, албатта барои ҳайати кормандон ва хосса барои сармуҳаррир баҳои баланд аст.

Мавзуҳое, ки дархӯри манофеи миллӣ ва марбути ҳар рӯйдоди дохили кишвар буданд, ба таври оҷил ба табъ мерасиданд. Масалан, моҳи июни соли 2005 оби дарёи Панҷ аз маҷрояш берун шуд ва тавассути дарёи Сиёҳоб бархе аз деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро хароб кард. Дар он шабу рӯз ду маротиба ба ин ноҳия сафар карда, гузоришҳо омода карда будам. Якумӣ бо номи “Панҷи ноором оромии мардумро рабуд” пас аз ба пойтахт баргаштанам дар шумораи навбатӣ нашр шуд ва дуввумиро тавассути телефон аз ҷойи воқеа расонидам, ки он ҳам ба зудӣ рӯи чоп омад.

Дигар аз корҳои хотирмони Мансур Сайфиддин — ин талошҳояш барои ҷалби хонанда ҷолибу хонданӣ ва мувофиқ гузоштани сарлавҳаи навиштаҳо буд (албатта, ҳама кормандони рӯзномаҳо ҳаминро мехоҳанд). Пас аз ба нашр расидани ҳар навиштаам хеле сифат мекард, ки ин албатта моро барои пайдо кардани мавзуҳои боз ҷолиб ва хубу хонданӣ пешниҳод сохтани онҳо ба хонанда водор менамуд. Хуб дар хотир дорам, ки агар дар шуморае ягон мақолаам чоп намешуд, ҳатман мегуфт, ки шумора хуб набаромад. Шояд инро барои дигар ҳамкорон низ мегуфт, агар матлабе аз онҳо ба табъ намерасид, ростӣ, инро дақиқ намедонам. Вале, ба ин шева муносибат карданаш масъулиятамро боз даҳчанд мекард.

Кори хотирмони дигаре, ки барои хонданӣ шудани рӯзнома мекард, ҷалби муаллифон буд. Ҳар як хабарнигор вазифадор шуда буд, ки ходимони шинохтаи илму фарҳанг, намояндагони соҳаҳои гуногун ва нафарони соҳибқаламро барои ҳамкорӣ ҷалб созад. Шахсан худи ман ин корро аз таҳти дил мекардам ва яке аз чунин муаллифон рӯзноманигор ва ҳунарманд шодравон Ғаюр Ашӯр буд. Хотироти ӯ дар бораи ҳунармандони нотакрор Маҳмуд Тоҳирӣ, Кароматуллоҳи Қурбон ва чанди дигар беҳтарин навиштаҳои рӯзнома дониста шуда буданд.

Ҳис мекардам, ки аз ҳар суҳбати кормандони худи рӯзнома мавзуҳои ҷолибе пайдо мекунад. Боре дар мошини хидматии ӯ якҷо то мавзеи Хонаи матбуот омадем. Ронандаро рухсат карду гуфт, ки ин тарафашро мо суҳбат карда меравем. Дар роҳрави байни чинорҳо зане бо сагчаи худ сайругашт мекард ва мо аз назди ӯ гузаштем. Инро дида дар бораи ҳикояҳои дар бораи саг таълифшуда ёдовар шуд. Дар идомаи гуфтаҳояш гуфтам, ки инҳо чӣ ҳастанд, ки мо дар деҳа як саг дорем, зиёда аз сӣ нафарро гирифтааст ва дар бунгоҳи тиббии деҳа парванда ҳам дорад. Ва ҳамаи онҳоро, албатта бо гуноҳҳои худашон захмӣ кардааст, яъне агар дар нисбаташ ҷабре карда бошанд. Аз қиссаи саг он қадар хушҳол гардид, ки гуфт ҳатман дар борааш менависӣ. Хушҳолиашро дида, дар бораи ду хурӯсе, ки дар деҳа доштем, гуфтам. Дар вақти навбуна буданамон  дар деҳа як дӯсти човандозам бо номи Ҷумъахон Ниёз ду чӯҷа бароямон оварда буд. Чӯҷаҳо калон шуданду маълум шуд, ки ҳарду хурӯсанд. Вале, ҳар гоҳ ба деҳа мерафтам, кӯдаконам бо хурсандӣ мегуфтанд, ки ҳар рӯз аз ҷое, ки хурӯсҳо мезистанд, чандто тухм мегиранд. Хуллас, баъди шунидани ин пофишорӣ кард, ки бояд дар шумораи навбатӣ яке аз ин қиссаҳо чоп шавад. Ҳамон рӯз панҷшанбе буд ва рӯзи ҷумъа пас аз кор ба аёдати падарам рафтанӣ будам. Инро ба ӯ гуфтам. Шарт монд, ки агар субҳ маводро омода карда супорӣ, метавонӣ барвақт баромада равӣ ва рӯзи душанбе ҳар вақт ки хоҳӣ, ба кор биё. Шаб қиссаи хурӯсҳоро навиштаму рӯзи дигар ба чоп супоридам. Вақте рӯзи душанбе ба кор омадам, пас аз ҳолпурсӣ гуфт навиштаатро дидӣ- не. Гуфтам то ҳол не. Як бубин, ки дар он чӣ навиштаам. Ҳайратзада назди бонувони ҳуруфчин рафтам, бо хаёле, ки ҳамаашро қалам задааст. Чун онро ба даст гирифтам, ки ҳаҷми як саҳифаи чопӣ ва унвонаш “Хурӯсҳои “тухмзо”” буд, вале дар он ягон ислоҳе надидам. Фақат зери имзоям чунин навишта шуда буд: Офарин!

Ӯ сармуҳаррире бо котибу котиба ва чашм ба навори дурбин набуд, балки дари ҳуҷраи кориаш мисли дари дилаш ҳамеша боз буд. Чун ҳамеша дар миёни мо буд ва борҳо шоҳиди он шудаем, ки дар куҷо будани сармуҳаррирро аз худи ӯ мепурсиданд. Бо ҳама масъулияте, ки бар уҳда дошт, мақолаҳояш пайваста ба табъ мерасиданд ва дар сатҳи баланду омӯзанда.

Ба акои Мансур, тавре ки ҳамеша бо ҳамин ном ба ӯ муроҷиат мекунам, саломатӣ ва бурдборӣ хоҳонам. Дар ҷодаи қаламфарсоӣ ҳаргиз хаста набошанд!

Бо ихлосу эҳтиром,

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ

Добавить комментарий