Бо ибтикори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар оид ба масъалаи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ диққати махсус равона карда шудааст. Перомуни ин мавзуъ ҳам дар китобҳои мондагори абармардони фидоии кишвар ва ҳам дар паёмҳои Пешвои миллат қатъиян таъкид мешавад, ки худшинос бошем, таърихро донем, зеро нафаре, ки таърихи гузаштагони худро намедонад, ояндаи хуб дошта наметавонад.

Худшиносии миллӣ аз чӣ сарчашма мегирад? Ин суолест, ки ҳамагон пурсон мешаванд. Худшиносӣ пеш аз ҳама пос доштани забони модарии худ (тоҷикӣ), ҳифзи марзу буми кишвар, огоҳ будан аз таърихи гузаштагон, обод намудани гӯшаву канори сарзамини аҷдодии хеш ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.

Имрӯз, агар доир ба як паҳлуи худшиносии миллӣ, аниқтараш атрофи забони тоҷикӣ ибрози андеша намоем, моро зарур меояд, ки оид ба бегонапарастӣ ва зарар расонидани бархе аз шахсоне, ки тақлидкор ҳастанд ва ё худро донандаи забонҳои дигар меҳисобанд, баёни афкор намоем, бо он рӯ ба рӯ мешавем, ки дар Тоҷикистон бегонапарастӣ аз ҳад зиёд рушд кардааст ва ин оқибати хуб ба бор намеорад. Борҳо шоҳиди он гардидем, ки шаҳрвандонамон дар ҳудуди кишвари худамон бо забони русӣ суҳбат мекунанд. Агар бо забони дигар ҳам бошад, дуруст гап зананд, ба забони модарии худ зиён нарасонанд, мо зид нестем, вале мутаассифона дар вақти суҳбат чун дар баёни баъзе аз масъалаҳо душворӣ мекашанд, боз бо забони тоҷикӣ ва ҳангоме, ки дар гуфтугӯ бо забони тоҷикӣ душворӣ кашанд, боз рӯ меоранд ба забони русӣ ва ё забонҳои дигар. Албатта, забондонӣ хуб аст, вале надонистани забони модарии хеш боиси шарм аст барои шаҳрвандони тоҷик, дар ҳоле ки миллати мо ин қадар фарҳанги бою пурғановатро соҳиб аст. Мо зидди забономӯзӣ нестем, чӣ хеле, ки шоир фармудааст:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба посдорӣ ва ҳимояи забони тоҷикӣ аз ҳар гуна олоишот шоёни таҳсин аст. Боиси ифтихор аст, ки ин родмарди сарсупурдаи Ватан аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ баромад намуд. Ин маъноро Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим аз забони Пешво хеле зебо гуфтааст:

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

Басо хорӣ кашидам, ғунчаи умед парвардам,

Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.

Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонашро,

Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.

Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,

Ки доим дар фазояш пурҷило тиру камон бошад.

Чун ин ҷо сухан атрофи забони модарӣ меравад, ногуфта наметавонем, ки В. И. Ленин ба забони расмӣ-коргузорӣ шудани забони модарии ҳар як халқу миллат таваҷҷуҳи хоса дошт. Барои собит намудани ин гуфтаҳо метавонем мулоқоти аввалини Абдулло Раҳимбоевро бо В. И. Ленин мисол орем. Абдулло Раҳимбоев мегӯяд: «Суҳбати аввалини ман 8.10.1921 барпо шуда буд. Ман он вақт хеле ҷавон будам. Раиси Комитети Иҷроияи Марказии республикаи Туркистон будам. Дар суҳбати мо рафиқ Г. Я. Соколников, ки ҳамон вақт раиси Бюрои Туркистони КМ РКП (б) ва фармондеҳи фронти Туркистон буд, ҳузур дошт. Шахси сеюме, ки дар суҳбати мо иштирок мекард, рафиқ Я. Х. Петерс буд, ки… дар ҳамон давра раиси Комиссияи фавқулоддаи республикавии оид ба муборизаи зидди контревалютсия ва саботаж (ЧК) буд. Мо ҳар сеямон ба назди рафиқ Ленин даромада будем. В. И. Ленин дар рафти суҳбат ба ман чунин савол дод: «Марҳамат карда гӯед, ки муассисаҳои шумо, муассисаҳои советии Туркистон, ба кадом забон кор мебаранд?». Ман гуфтам, ки дар Туркистон ду забон — забони русӣ ва забони маҳаллӣ — забонҳои давлатӣ эълон карда шуданд… тақрибан 80-90 фоизи корҳо бо забони русӣ бурда мешавад. Ҳамин ки ман инро гуфтам, ӯ аз ҷои худ бархост, ранги рӯяш тағйир ёфт, озурдахотир гашт ва маро мазамматкунон гуфт: «Чӣ тавр шумо гуфта метавонед, ки дар кишвари шумо, дар Туркистон, Ҳокимияти Советӣ ҳаст ва Советҳо нағз кор мекунанд? Охир, Ҳокимияти Советӣ аз ҳокимияти буржуазӣ-помешикӣ бо чӣ фарқ мекунад? Ҳокимияти Советӣ ҳокимияти синфи коргар ва деҳқонони меҳнаткаш мебошад. Агар деҳқонони меҳнаткаш ва синфи коргар бо ҳокимияти худ, бо ташкилотҳои худ ба забони модариашон гап зада натавонанд, ин хеле бад аст». Ман саросема шуда, сабаби онро маънидод карданӣ шуда, гуфтам: “Мо ҳозир асосан бо муборизаи зидди босмачиён банд мебошем”. Владимир Илич ба гапи ман қатъиян эрод гирифта, гуфт: «Ягон сабабе нест, ҷои гап ҳам буда наметавонад, ба муқобили босмачиён мубориза бурдан гиред, вале дар як вақт кори органҳои Ҳокимияти Советиро ба забони маҳаллӣ ба роҳ монед».

Бубинед, ки роҳбари аввали Ҳукумати Шӯравӣ ҳарчанд русзабон бошад ҳам, ба забони модарии ҳар як халқу миллат эҳтиром мегузошт, онҳоро қадр мекард. Пас чаро мо забони модариамонро дӯст надорем? Мову шумо соҳибони ин забон ҳастем ва агар ба он беэътиноӣ зоҳир намоем, пас ҳоли забони мо чӣ мешавад?

Зиёвиддин БӮРИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here