Дар Япония, Хитой (Чин) ва Корея ба дарсҳои технологӣ, алалхусус технологияи информатсионии муосир диққати ҷиддӣ медиҳанд. Шояд ҳамин сабаб гаштаву мардуми ин давлатҳо дар самти мазкур нисбати дигар мамлакатҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гаштаанд. Аз он ҷумла, ширкатҳои беҳтарини телефон, планшет, гаджетҳои навихтироъ, телевизор, роботҳои гуногун, бозичаҳои қиматноки бо технологияи муосир васлгардида аз ҳамин ҷо ба фурӯш ва истифодаи мардуми олам пешкаш мегарданд.

Дунёи тараққикарда кайҳо информатсияи технологиро ба ҳайси дастоварди зеҳнӣ эътироф намуда, тавассути он боигарӣ, обрӯ ва қудрату тавоноии хешро меафзоянд. Аз ҳамин ҳисоб садҳо нафар шаҳрвандони давлатҳои номбурда кайҳо миллиардер ва миллионер шудаанду зиндагии шоҳона доранд. Мо аз онҳо чӣ камӣ дорем? Барои чӣ фарзандони мо ба ихтироъкорӣ қариб ки завқ надоранд? Чаро онҳо бештар ба риёзиёт, забономӯзӣ ва фанҳои филологӣ рӯ меоранд?

Ба фикри ман, инҷо мо — калонсолон нақши асосиро бозидаем. Дарси технологияи информатсионӣ аз оғоз ба дараҷаи дарсҳои начандон зарур гузошта шуда, моҳият ва зарурияти он, гӯё дидаву дониста паст, назарногир гаштаанд. Ин дар ҳолест, ки тамоми олами муосир талоши ҷиддӣ баҳри рӯ овардану фарох омӯхтани маҳз ҳамин фанро доранд.

Бузургон фармудаанд: «Ҳар кӣ маълумот дорад, ӯ ҳукмфармои олам аст!». (“Кто владеет информацией, тот владеет миром!”). Ва дар куҷо, агар на дар дарсҳои технологияи информатсионӣ оид ба ҳамин самт, метавон таҳкурсӣ гузошта, завқу хоҳиши ҷиддии хонандагонро бедор кард? Бачаҳои мо аз бачаҳои хитоӣ, японӣ ва кореягӣ чӣ камӣ доранд? Чаро онҳо наметавонистаанд чизеро бисозанд, ки кӯдаки дигар диёр дар сохтанаш имкон ба даст дорад?

Чӣ бояд кард, ки фарзандони мо мисли кӯдакони мулки офтобрӯя ё кореягиҳову хитоиҳо завқ ба ихтироъкорӣ, навовариҳои информатсионӣ дошта бошанд? Муҳим он аст, ки на танҳо завқ, балки дар офаридани намунаҳои нав ва беҳтар шавқу талош намоянд.

Ана дар чӣ бора мо тоҷикистониён бояд бо ҷиддияти том андеша намуда, атрофи ҳамин масъалла корҳои илмӣ ва тарбиявиро анҷом диҳем. Чаро мо наметавонистаем ҳатто корхонаи хурде барои сохтани шабчароғ, фурӯзонак (светилник, фанарик) ё қандилҳои гуногун дошта бошем? Ҷавоб дар нӯги забон аст: «Барои ин корро амалӣ гардонидан, мутахассисон соҳавӣ лозиманд». Интихоби касбро бошад, аз хурдӣ дар вуҷуди кӯдак ҷо кардан мумкин аст. Барои ин моро зарур ва ҳатмист, ки дарсҳоямон шавқовар бошанд, хонандаро такон бидиҳанд, дар ниҳодаш шуълаеро барафрӯзанд.

Баҳри хотирмон ва босамар гузаронидани дарсҳои технологияи информатсионнӣ, моро зарур аст, ки онро бештар дар коргоҳҳо, редаксияҳои маҷалла ва рӯзномаву ҳафтаворҳо, матбааҳо, марказҳои савдо, макотиби олӣ, осорхонаҳо, ширкатҳои мобилӣ ва он ҷойҳое гузаронем, ки техникаи муосир ҳамаҷониба босамар истифода мегардад. Барои мисол, дар маркази савдои марказии шаҳри Душанбе (ЦУМ) фурӯшандаҳо атрофи беҳтарин намунаи телефонҳои мобилӣ бо завқ маълумот дода, мавриди дарбаргирӣ, бартарии он нисбати дигар телефонҳо, тарзи истифодабариашон бо ҷону дил нақл мекунанд.

Танҳо дар як маркази савдо хонандаҳои синфҳои болоӣ он қадар маълумоте ба даст меоранд, ки дар 30 дарси дар синфхона гузаронидашуда гирифта наметавонанд. Истифодаи асбобҳои аёнӣ мехоҳед, марҳамат, рафҳои мағоза пур аз садҳо намуди телефонҳо манзури шумоянд. Дилхоҳашро бигиру дар борааш бипурс ва тамом!

Ҳар ширкат дар марказҳои савдо намояндаву мутахассиси варзидаи худро дорад. Яке ба хонандагон дар бораи телефонҳои ширкати “Айфон”, дигарӣ дар бораи мобилиҳои ширкати “Суаймӣ”, сеюмин оид ба гӯшиҳои аз ҷониби ширкати “Самсунг” баровардашуда ва ҳоказо нақл мекунанд.

Хонандагон гӯшиҳои навтарини телефонҳои мобилиро ба даст гирифта ё бо чашми хеш дида, хулосаи амиқ мебароранд. Дарсҳо дар редаксияи рӯзнома хонандагонро ба дунёи информатсионӣ ворид месозад ва онҳо бо чашми худ бастубанди саҳифаҳо, ҷобаҷогузории суратҳо, аз оғоз то ба анҷом нашри чизеро мебинанд, ки то ин дам танҳо дар монитор, ҷузъдони алоҳидаи номгузоришуда, ганҷури иловагии компютер (жёсткий диск) вуҷуд дошт.

Ҳамзамон, ҳамкории зич бо бахшҳои информатсионии коргоҳҳо, аз ҷумла бонкҳо, матбааҳо чашми толибилмонро метавонад ба дигар ҳақиқати имконпазир кушода гардонад. Барои мисол, хонандагон дар соате бо чашми худ мебинанд, ки дар соҳаи баҳисобгирӣ, ҳисобот, муҳосибот ё хазинадорӣ чӣ навовариҳо ба миён омадаанд. Дар қиёс бо гузашта, он замоне, ки тамоми маълумот дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва барои пайдо кардани як маълумоти ночиз хазинадорон (кормандони архивҳо) метавонистанд ҳафтаҳо миёни чангу хоки чандинсола кофтуков кунанд. Имрӯз кофист, ки ному насаби одамро дар компютер чида, оид ба ӯ тамоми маълумотро ба даст биёрӣ.

Хулоса, мо бояд дар дарси информатика бештар ҳамкорӣ бо онҳое дошта бошем, ки дар мисоли пешравии коргоҳ ё муассисаи худ (бигузор ҳатто хурд ҳам бошад) метавонанд дар дили хонандагон завқро бедор кунанд. Завқи эҷод, офаридани чизе, ихтироъкорӣ, навгонӣ ва ҳоказоро.

Ба ғайр аз ин, омӯзгори ин фан бояд фидоии кори хеш бошад ва на танҳо дар доираи дарс, балки дар дарсҳои иловагӣ ба шогирдонаш сирру асрори фанни худро бикушояд, барои шогирдони лаёқатманд вақти бештари худро ҷудо кунад. Бовари комил дорам, ки рӯзе заҳматҳои ӯ натиҷаи нек ба бор меоранд ва аҷаб не маҳз шогирди ӯ муаллифи ихтирои арзанда ба ҷоизаи Нобелӣ мегардад.

Худи ман дар ин самт корҳои ҷиддиро анҷом дода, умед ба ояндаи нек дорам.

Тоҷидин ХОЛОВ,

омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ дар МТМУ 24, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Добавить комментарий