(Назаре ба санъати меъмории гузаштагонамон дар диёри Ҳинд)

 

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми неки роҳбарияти кишвар соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гашт, ки мардуми таммадунпарвару фарҳангсолори тоҷик тавонанд ба ҷаҳониён малакаву маҳорати худ ва гузаштагони худро муаррифӣ намоянд.

Гузаштагони мо аз қадимулайём дорои ҳунару маҳоратҳое буданд, ки оламиёнро бо чунин санъат тасхиру мафтуни худ гардониданд. Инҷо бояд зикр кард, ки меъморӣ яке аз ҳунару маҳоратҳои мардуми мо буд, ки то имрӯз осори он дар кишварҳои олам, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон ба назар мерасад. Меъморӣ яке аз санъатҳоест, ки тавассути он фарҳанг, сиёсат ва ҳунару маҳоратҳои халқӣ шаффофу ошкоро инъикос меёбанд. Фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ аз рӯи дастовардҳои меъморӣ арзёбӣ ва баҳо дода мешавад.

Имрӯз осори чунин санъатро мо дар Тоҷмаҳали Ҳиндустон, Қалъаи Шоҳии шаҳри Лоҳури Покистон ва дигар манотиқи Ҷануби Осиё мушоҳида менамоем, ки аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо ҷаҳонро бу чунин санъат ва ҳунарашон зебову тазйин доданд. Дар миёни ҷойҳои зикршуда Тоҷмаҳал аз рӯи шаҳомати зебоӣ, нафосати бадеӣ ва ороишоти гаронбаҳо, банду басти мукаммал ва таносуби дилрабои тарҳ эътироф шуда, яке аз муъҷизаҳои олам ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки маконҳои мазкур на танҳо комёбию бозёфтҳои ҳунармандони Ҳинд, балки таҷассуми анъанаи бой ва нозукиҳои санъати меъмории Осиёи Миёна низ мебошад, чунки бо ҳамдастии меъморону ҳунармандони ин манотиқ дизайнкорӣ ва бино шудаанд. Шоир ва файласуфи машриқзамин аллома Муҳаммад Иқбол шефтаи чунин маҳорату малака шуда, дар яке аз ашъораш санъати меъмории мардуми моро мавриди тамҷиду таъриф қарор дода, чунин ишорат мекунад:

Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,

Дар фани таъмир номи ӯ буланд.

Як нуқтаро бояд зикр кард, ки меъморӣ мувофиқи имконият ва зарурияти мардум амалӣ гашта, натиҷаи ниҳоии он ҳамаро мафтуну тасхир месозад. Ва лиҳозо, соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудан, заминаи хубест барои мардуми мо, то бо ин восита маҳорату санъати меъмории гузаштагони худро эҳё карда, аз ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода гардад, то ҷаҳониён донанд, ки  ҳамчун хуршеди тобон тавони онро дорем, ки бо чунин ҳунармандӣ дурахшонтару зеботар гардонем.

Боиси ифтихор аст, ки кишвари Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки воқеан чун сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ маҳсуб шуда, эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бозгӯйи пешрафти муносибат дар ин самт, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Барои баррасӣ ва бозгушоии ҳунари меъморӣ ва осори кори дасти гузаштагнамон хостем ба Ҳиндустон рӯй оварем. Бояд зикр кард, ки ин кишвари афсонавӣ ва зебоманзар 15-уми августи соли 1947 истиқлолияти худро ба даст овард ва имрӯз яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё ба ҳисоб меравад.

Зиёда аз 26 сол мешавад, ки Тоҷикистону Ҳиндустон муносибатҳои хуби дипломатӣ доранд. Аммо номи ин кишвар кайҳо боз аз забони ширини устод Турсунзода аз солҳои 1956 барои мардуми мо муаррифӣ гашта буд. Аз даврони истиқлолияти кишвар то имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони тоҷик ба ин кишвар сафар карда, донишу малакаҳои хуберо дарёфт карданд, ки заминаи муносибест барои рушд ва тавсиа ҳар ду кишвари дӯст.

Ҳиндустон дар воқеъ макони пурасрори таърихӣ ва маҳалли сайругашти амирону шоҳонест, ки дорои саргузаштҳои ҷолибу рангоранг мебошад. Ин сарзамин майлу рағбати ҳар гардишгарро ламс карда, ӯро ба самти маҳаллот ва амокине мебарад, ки бинанда аз он ҷойҳо таърихи гузаштаро дубора ба чашми сар мебинад ва аз ҳаёту фаъолияти ин абармардон огоҳӣ пайдо мекунад.

Бешак бисёре аз ин амирону шоҳон касоне буданд, ки аз сарзамини Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистону Ӯзбекистон ба инҷо ташриф оварда, забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ва санъати мемории хоссаро тӯли қарнҳо чун забони расмии давлатӣ ва меъморони моҳиру кордон истифода мекарданд, ки то имрӯз осору бақои он дар кишварҳои Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш дида мешавад.

Бинанда аз ин осор гузаштаеро ба хотир меорад, ки он абармардони таърих бо чунин шаҳомату каромат аз шеваи забони ноби тоҷикӣ чун забони илму маърифат ва санъати мемориро истифода карда, ба чунин мартаба ва дараҷа ноил гардиданд. Ва ба қавли алломаи машриқзамин Муҳаммад Иқбол:

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Банда соли 2010 аз яке маконҳои таърихии Ҳиндустон дидан кардам, ки ин худ шаҳодат аз гузаштаи таърихӣ медиҳад. Ин маҳал бо номи Туғлақобод маъруфу машҳур мебошад. Ин макон дорои қалъаи хосе мебошад, ки бо ташаббуси Ғиёсуддин Туғлақ ё Муҳаммад ибни Туғлақ (тав. 1290, ваф. 1351), муассиси сулолаи туғлақиҳои салтанати Деҳлӣ дар санаи 1321 бунёд гардидааст. Бояд қайд кард, ки аз соли 1325 то соли 1351 салтанати шаҳри Деҳлӣ зери ҳукмронии ӯ буд.

Мавриди зикр аст, ки салтанати Деҳлӣ аз панҷ сулолаи мусалмонтабор буданд, ки дар сарзамин Ҳиндустон дар даврони солҳои 1206 то 1526 барои 320 сол ҳукмронӣ карданд.

Ин сулола баъд аз салтанати Сулолаи Халҷиҳо,  ки аз соли 1290 то соли 1320 ҳукмронӣ карданд, бо номи Туғлуқ шоҳиён ё туғлуқия шинохта шуда, аз 1320 то 1414 ҳукмрон буданд. Манотиқи Баҳорат ё Ҳиндустони имрӯза, Непал, Покистон ва Бангладеш зери салтанати ин хонадон буд, ки забони форсии тоҷикӣ чун забони расмӣ ё саркорӣ маҳсуб мешуд.

Тибқи баррасиҳои илмӣ сайёҳи машҳури араб Ибни Батута (1304-1377) дар даврони ҳукмронии ҳамин сулола ба Ҳиндустон омад ва нуҳ сол дар ҳаминҷо иқомат кард, ки дар натиҷа султони давр ӯро роҳбари сафорати Деҳлӣ дар кишвари Чин таъйин кард.

Ҳамин тавр, Ибни Батута дертар дар сарзамини Малдив ба ҳайси қозӣ муддате кору фаъолият карда, аз онҷо ба кишвари Шриланка рафта, ҳамчун мутарҷим ифои вазифа намуд. Бояд дар хотир дошт, ки Ибни Батута муосир бо Морку Поло буд, вале беш аз барорбари ӯ роҳ паймудааст, ки метавон ӯро аз бузургтарин сайёҳони таърихи башарӣ ҳисобид.

Тибқи баррасиҳои муаррихон сулолаи туғлуқиён яке аз панҷ шоҳони салтанати Деҳлӣ буда, аз нуҳ султон иборат аст, ки номҳояшон ба таври зайл мебошанд: Султон Ғиёсиддин, Ғозӣ Малик номи аслӣ, даврони ҳукмронӣ аз соли 1320 то 1325; Султон Муҳаммад, Малик Фахриддин номи аслӣ, даврони ҳукумат 1325-1351; Султон Фирӯзшоҳ, Малик Фирӯз номи аслӣ, даврони ҳукмронӣ 1351-1388; Султон Ғиёсиддин шоҳи дуввум, Туғлуқхон номи аслӣ, даврони ҳукмронӣ 1388-1389; Султон Абӯбакршоҳ, Абӯбакрхон номи аслӣ, даврони ҳукмронӣ 1389-1390; Султон Муҳаммадшоҳ, Муҳаммадшоҳ номи аслӣ, даврони ҳукмронӣ 1390-1394; Султон Алоиддин Сикандаршоҳ, Ҳамоюнхон номи аслӣ, даврони ҳукмронӣ 1394; Султон Носириддин, Маҳмудшоҳ номи аслӣ, даврони ҳукмронӣ 1394-1413; Султон Носириддин Нусратшоҳ, Нусратхон, даврони ҳукмронӣ 1394-1398.

Бояд қайд кард, ки Қалъаи Туғлуқобод дар асри 14 бино шуда, дар иҳотаи шаҳри Деҳлӣ қарор дорад. Тибқи сарчашмаҳо Ғиёсиддин аз касоне мебошад, ки чаҳорумин шаҳри таърихии Деҳлиро бунёд карда буд, ки дертар дар соли 1327 барбод шуд. Тибқи баррасиҳои муаррихон ин шаҳр ба таври меъмории хос бунёд шудааст, ки хусусиёти сулолаи хонаводаи туғлуқиёнро аккосӣ мекунад. Замоне дар ин шаҳр 52 дарвоза буд, ки ҳоло фақат 13 дарвозаи он боқӣ мондааст. Ин шаҳр ба се қисмат тақсимбандӣ мешавад, ки қисмати аввал дорои хонаҳои росткунҷашакл ва қисмати дуввумии он иборат аз қалъаи дорои манораест, ки баландтарин нуқтаи он бо номи Биҷай Мандал маъруф аст ва қисмати охирии он иборат аз хонаҳои қасрмонанд, ки ашрофзодагон зиндагӣ мекарданд. Дар қисмати ҷанубии он мақбараи Ғиёсиддин Туғлуқ бо меъмории хос сохта шудааст.

Атрофи қалъаи Туғлақободро мавзеъҳои зебоманзар, аз қабили Мамнуъгоҳи Паланги Сарискоӣ, Даҳлези Леопарди Аравалии шимолӣ, кӯли Бадхал, обанбори Сураҷканди асри 10, кӯли Дамдама ва НБО Анангпур иҳота кардаанд. Маҳалли саноатии Охла ва хиёбони Қутуб-Бадарпури шаҳри Деҳлӣ дар наздикии ин минтақа ҷойгир мебошанд.

Дидани чунин манзараҳову маконҳои таърихӣ ва ёд кардан аз ҳунари меъморони гузашта моро водор месозад, то аз дастовардҳои мардумӣ истифода карда, дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе шаҳраке бино кунем, ки хонаҳову ҳавлиҳои он таҷассумгари меъмории хоси миллиамонро аккосӣ намояд.

Хулоса, гузаштагони мо аз ҳунармандоне буданд, ки дизайн ва ҳунари кори дастии онҳо то ба имрӯз дар Ҳиндустону Покистон ва дигар манотиқи олам дида мешавад ва нишонгари он аст, ки миллати мо аз гузашта ҳунарманд буданд ва имрӯз ҳам чунин маҳоратро доранд, ки метавон ҳазорҳо қасру қалъаҳои мафтункунанда бунёд кард, то гардишгарону мусофирони дохиливу хориҷиро ҷалб кард ва ба қавли шоир:

Ҳунар омӯз, каз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Боварӣ дорем, ки роҳбарияти кишвар ва хусусан шаҳрдори ҷавони Душанбе пешниҳодҳоро ба назар гирифта, барои эҷод ва бино кардани чунин шаҳраки меъморӣ иқдом хоҳанд кард ва бо ин восита метавон шароити хуби зиндагиро барои мардум ба вуҷуд овард.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Добавить комментарий