Таваҷҷуҳ ва рушд додани соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Тӯразода Холмуҳаммади Бекмат иброз дошт, “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Холмуҳаммад Тӯразода дар идомаи суҳбат афзуд, ки Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат фаъолияти худро дар давоми соли 2019 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Нишондиҳандаҳои оморӣ

Зимнан, дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат ба 153 адад расида, аз ин теъдод 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 15 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат 79064 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 3283 нафар хонанда зиёд мебошад. Ба ин миқдор хонандагон 3691 нафар омӯзгорон (1992 нафар занҳо) таълиму тарбия медиҳанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар давоми соли 2019-ум 12 Мушовараи Раёсати маориф бо баррасии 76 масъала, 12 ҷамъомади назди сардори Раёсати маориф бо баррасии 33 масъала, 6 ҷамъомади назди муовини сардори Раёсати маориф бо баррасии 15 масъала баргузор ва ҷамъбаст шуд. Дар ин ҷамъомадҳо масъалаи иҷрои барномаҳои давлатӣ марбут ба соҳаи маориф, пурра ба таълим фаро гирифтани хонандагон, бахусус духтарон, беҳдошти сифати таълими фанҳо, дараҷаи сифати дониши ҳонандагон, пайдо намудани роҳу усулҳои фаъолгардонии раванди таълиму тарбия, таъмини хонандагон бо сарулибоси мактабӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои соҳибмаълумот ва дар ин раванд иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистгон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», беҳдошти заминаи техникии муассисаҳо, баланд бардоштани маърифати касбомӯзии хонандагон дар мадди аввал қарор доштанд.

Дар баробари ин, тайи соли сипаригардида ба Раёсати маориф 10 арзу шикояти шаҳрвандон, 133 адад мактубу қарорҳои Раиси шаҳри Ваҳдат, 227 адад фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, 55 мактуб аз идораҳои дохилӣ, дар маҷмуъ 415 номгӯй мактубу қарору дархостҳо ворид шудаанд. Инчунин, 14 пешниҳодоти прокуратура дар китобҳои махсус сабт гардида, иҷрои онҳо зери назорати қатъӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, аз Раёсати маориф 557 адад ҷавоби мактубҳо ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ содир карда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи санадҳо ва мактубҳои мақомоти болоӣ ва дархосту аризаҳои ба Раёсати маориф воридшуда аз тарафи мутахассисон ва кормандон санҷида, сари вақт ҷавоб фиристода шудааст.

Хишти аввали таълиму тарбия

Зикри ин нукта бамаврид аст, ки Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти зинаи аввали таълим низ диққати маҳсус зоҳир менамояд. Дар ин замина ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №295 аз 03.05.2014 дар бораи «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Айни замон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 20 муассисаи томактабӣ (аз инҳо се кӯдакистони хусусӣ) фаъолият доранд, ки 2748 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро мегиранд.

Зимнан, дар доираи талаботи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар соли таҳсили 2018-2019 дар назди 61 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 1218 нафар кӯдакони синни 5-6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ба қавли сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, “маълумотнокии мураббияҳо сол то сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода бошад ҳам, аммо ин нишондод моро қаноатманд намекунад, чунки хишти аввали таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ гузошта мешавад ва бояд ба таълиму тарбияи кӯдакон мутахассисони касбии маълумоти олидор ҷалб шаванд. Дар ин самт мутахассисони кор бо кадри Раёсати маориф иловатан тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд”.

— Дар баробари ин, боиси хушнудист, ки “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” бо иштироки фаъолонаи мудирон, мураббияҳо ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор гардид,- хотирнишон намуд Холмаҳмад Тӯразода.

Фарҳанг — бақои миллат

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси нақшаҳои корӣ, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо, мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои Раиси шаҳр дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, озмун ва конференсияҳои адабӣ-бадеӣ бахшида ба бузургдошти Мирзо Турсунзода, «Наврӯзи байналмилалӣ», «Рӯзи модар» озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», “Иди Ғалаба”, “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”, бахшида ба 22-солагии Ваҳдати миллӣ конференсияи адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Ваҳдати мо — саодати мо”, бахшида ба 25-солагии “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Бахтномаи миллат”, бахшида ба бузургдошти адибони классикамон Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабиниҳо, шабнишиниҳо ва конференсияҳо гузаронида шудаанд. Инчунин дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр ба хотири таҷлили рӯзи Пешвои миллат озмунҳои рӯзномаҳои деворӣ ва иншои беҳтарин дар мавзуҳои «Президент — Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ», «Президенти мо — ифтихори мо» «Президент — кафили сулҳ», «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» доир карда шуда, дар баробари ин дар ҷамъомадҳои пешаздарсӣ ва соатҳои тарбиявӣ оид ба қаҳрамониҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат аз тарафи омӯзгорони фанни таърих баромадҳо доир карда шудааст. Ғайр аз ин, бахшида ба ин рӯзи таърихии фаромӯшнашаванда миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футбол, волейбол ва баскетбол гузаронида шуда, дар соатҳои тарбиявӣ аз тарафи роҳбарони синф оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат ба хонандагон маълумотҳои дақиқ расонида шудааст.

Идомаи созандагиҳо

Қобили қайд аст, ки санаи 2-юми августи соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Пешвои миллат зимни сафари кории худ чанд иншооти навбунёд, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо, ки таҳсилкардаи ин даргоҳанд ва инчунин, саҳми дигар соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дорои 27 синфхона, майдончаи варзишии муҷаҳҳаз мебошад ва барои 1280 нафар хонанда бо беҳтарин шароити таълиму тарбия бунёд шудааст. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, таълим дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъминанд. Зимни суханронӣ дар назди омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр Пешвои миллат аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ба омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созандаи Ватан ба камол расанд.

Ҳамчунин, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат муассисаи таълимии №17, ки аз 14 синфхона дар ду баст барои 600 ҷойи нишаст иборат мебошад, сохта ба истифода дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-уми майи соли 2018 дар бораи сохтмон ва азнавсозии биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳо андешида истодаанд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат ва саҳми Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон  то саршавии соли хониш дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25-2, №58-12, №82-2, №100-2, №101-4, №109-2, №133-19, №147-3, №31-3 барои 1175 ҷойи нишаст, ҷамъ 50 синфхона сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, то охири соли 2019 дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №54-4, №55-4, ҷамъ 8 синфхона аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми АВО барои 200 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳоло бо назардошти афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва худи аҳолӣ дар деҳаҳои Чорбоғ ва Фириштӣ бунёди биноҳои нав идома дошта, дар фурсатҳои назлик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон, ба қарибӣ дар маҳаллаи чордаҳуми шаҳр аз ҳисоби ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии мардумии Чин сохтмони боз як муассисаи таълимӣ бо 1200 ҷои нишаст ва дар ҷамоати Ромит барои 310 ҷои нишаст оғоз гардида, то оғози соли таҳсили оянда ба истифода дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ваҳдат 104 бинои муасссисаи таълимӣ бо 20 ҳазор ҷои нишаст ба маблағи умумии беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Танҳо дар соли 2018 дар деҳаҳои гуногуни шаҳр дар маҷмуъ 56 синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 3000 нафар хонанда аз ҳисоби сохибкорон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат ва аҳолӣ ба маблағи умумии 11 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд.

Дурахши истеъдодҳо

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ваҳдат дар Олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз рӯйи 13 фанни таълимӣ фаъолона ширкат варзида, аз ин миён 68 нафар ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагони синфҳои 9-10 барои иштирок ба даври минтақавӣ, ки дар гимназия — парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд, сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа 20 нафар хонандагон, аз он ҷумла 1 нафар сазовори ҷойи якум, 4 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 15 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар даври минтақавии Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 11 бошад, 69 нафар хонандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии шаҳр ба Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» ба шаҳри Ҳисор сафарбар шуда, сазовори 2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм ва инчунин, 8 нафар иштирокчиён сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон 8 нафар хонандагони синфи 11 роҳхат гирифтанд.

Дар ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 3 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Инчунин, 1 нафар хонанда дар олимпиадаи даставӣ иштирок намуда, сазовори ҷои ифтихорӣ гардид. Дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи шаҳр бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Ваҳдат дар моҳи майи соли гузашта озмуни гирандагони стипендияи ҳизби мазкур гузаронида шуд. Дар озмун 183 нафар хонандагон иштирок намуда, аз ин шумора 47 нафар сазовори гирифтани ин стипендия гардиданд.

Дар моҳи июни соли 2019-ум 4 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат аз литсейи ба номи Т. Собиров ва гимназияи ба номи А. Балъамӣ аз фанни математика дар сессияи Академияи хурд дар мавзуҳои гуногун аз рӯи лоиҳа баромад намуда, бо дипломи дараҷаи дуюм ва сеюм мушарраф шуданд.

Ҳамчунин, дар даври сеюми довталабони квотаи Президентӣ дар шаҳри Душанбе 106 нафар довталабон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат иштирок намуда, аз ин миён 12 нафар духтар ва 11 нафар писарон сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Дар баробари ин, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо озмуни гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар озмун 280 нафар хонандагони лаёқатманд иштирок намуда, 9 нафар ба гирифтани ин стипендия шарафёб гардиданд.

Дар асоси нақшаи корӣ тибқи фармоиши моҳи октябр даври шаҳрии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2019” дар муассисаи томактабии №15 гузаронида шуд, ки дар он 12 нафар мураббияҳо иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмун мураббияи кӯдакистони №3 “Наргис” Асоева Тиловат сазовори ҷойи аввал ва ғолиби даври шаҳрии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2019” дониста шуда, барои иштирок дар даври минтақавии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2019” роҳхат гирифт, ки моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд ва ӯ сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуд. Рӯзҳои 22-23 ва 24-уми октябри соли 2019 дар МТМУ-и №30 даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019” гузаронида шуд, ки дар он аз шумораи 12 нафар довталабони ба қайд гирифташуда 9 нафар аз МТМУ №№4, 9, 23, 49, 78, 109, 132 ва Литсейи ба номи Т. Собиров иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст фаъолияти хуби омӯзгори ҳуқуқи Литсейи ба номи Т. Собиров Соҳибова Ҳабиба аз тарафи ҳакамон сазовори баҳои баланд ва ғолиби даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон -2019” дониста шуда, барои иштирок ба даври минтақавии озмун роҳхат дода шуд. Бояд қайд намуд, ки дар рӯзҳои 12-13-14-уми декабри соли 2019 дар ДҶТИБКСМ даври минтақавӣ баргузор гардид, ки дар он Соҳибова Ҳабиба дар байни 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Дар Озмуни «Беҳтарин барномасоз» ва “Ихтироъкорони наврас” бошад, 3 нафар ғолиби даври шаҳрӣ ва 2 нафар ғолиби даври ҷумҳуриявӣ гардиданд. Бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзои маҳфилҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон Озмуни «Ихтироъкорони наврас» дар мавзӯи «Мо наврасони асри 21» гузаронида шуд. Дар ин озмун Басиров Ораш — хонандаи синфи 8-и “в” ва Шарофов Бахтиёр — хонандаи синфи 11-и русии МТМУ №3, Гадоев Меҳрбахш — хонандаи синфи 8-и гимназияи А. Балъамӣ, Абдураҳимзода Муҳаммадзоҳир — хонандаи синфи 9-уми МТМУ №99 ғолибони ҷойи якум дониста шуданд.

Аъзои маҳфили «Сеҳарба», «Футбол», «Гӯштини миллӣ» ва «Таэквондо ИТФ» дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, инчунин мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ соҳиби 68 медали тилло, 68 медали нуқра ва 77 медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамзамон, баҳри амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, № 443 «Дар бораи барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар давоми соли 2019 озмуни «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» дар байни муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 60 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Дар даври шаҳрӣ кабинети технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ғолиби озмун дониста шуда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт. Дар даври минтақавии озмун, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, муассисаи мазкур ҷойи аввалро сазовор шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ бошад, байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ кабинети МТМУ №20 сазовори ҷои дуюм гардида, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардид.

Истиқбол аз истиқлол

Дар фароварди суҳбат сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар баробари ин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзодаро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here