Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара зодаи истиқлолият буда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №218 аз 2-юми майи соли 2012 дар заминаи Коллеҷи технологии Исфара таъсис ёфтааст. Филиал мувофиқи иҷозатномаи АУ№0002177-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 2016 барои пешбурди фаъолияти таълимӣ барои ҳуқуқ ва мувофиқи литсензия барои тайёр кардани дараҷаи бакалавр аз рӯйи 11 ихтисос иҷозат дорад.

Мувофиқи тақсимоти Маркази миллии тестӣ дар таълимгоҳ аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аксарияти онҳоро тоҷикон ва ӯзбекҳо ташкил медиҳанд. Дар таълимгоҳ аз рӯзи ташкилшавиаш барои ҳамаи донишҷӯён ҳафт талаботи муҳими рақобатпазирии донишҷӯён, аз ҷумла шаш талабот бевосита ба баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин — дониши хуби технологияҳои иттилоотӣ, донистани яке аз забонҳои хориҷӣ ва озодона бо он муошират намудан, дорои малакаи шоҳмотбозӣ будани донишҷӯ ва як талабот зарурати доштани одоби ҳамидаро талқин мекунад.

Дар филиал 74 нафар омӯзгор, аз ҷумла 24 нафар соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ, аз онҳо 2 нафар профессор, доктори илм, 18 нафар номзади илм — дотсент, ду нафар дотсенти беунвон фаъолият менамоянд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Таҳсил дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, дар он айни замон 559 нафар (295 нафар буҷавӣ ва 264 нафар шартномавӣ) донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 297 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Мувофиқи сохтори идоравӣ дар филиал, як факултет — факултети технологияҳои саноатӣ ва иттилоотӣ ва се кафедра — кафедраҳои технологияи саноатӣ; технологияи инноватсионӣ; иқтисодиёт ва таҳсилоти касбӣ амал мекунад. Филиал дорои шуъбаҳои таълим ва идораи сифати таълим; илм, инноватсия ва нашрияҳои даврӣ; муносибатҳои байналхалқӣ; рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва рушди касбият; идоракунии сифати таҳсилот ва инчунин секторҳои мониторинг ва таҳлил, татбиқот ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, масоили иҷтимоӣ ва идораи сиёсати гендерӣ ва маркази идораи сохтмон ва ояндабинии рушд мебошад.

Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз рӯйи 2 гуруҳ ва 11 ихтисоси техникию технологӣ ва омӯзгорию иқтисодӣ мутахассисони дараҷаи бакалавр тайёр карда мешаванд. 

 

Гуруҳи ихтисосҳои 1-ум — «Табиӣ ва техникӣ»

102060201 Технология. Информатика

1360701 Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти химиявӣ ва корхонаҳои масолеҳи сохтмон

1360901 Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока

1362004 Технологияи вакуумӣ ва компрессорӣ

1490101 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

1500102 Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

136200203 Саноати борпечонӣ (технология ва таҷҳизоти саноати борпечонӣ)

140010201 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар нақшакашӣ ва истеҳсолот)

148010107 Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак

 

Гуруҳи ихтисосҳои 2-юм — «Иқтисод ва география»

125010711 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ

127010120 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати хӯрокворӣ)

Ҳамаи ихтисосҳои номбурда ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мувофиқат менамоянд ва рақобатпазир мебошанд. Мутахассисони аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои дар филиал тайёршаванда ба Стратегияи давлатии ояндабинии рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон мувофиқат менамоянд, чунки ба онҳо корхонаҳои истеҳсолии маводи сохтмон, ғизо, либос, соҳаҳои маориф, иқтисодиёт ва иттилоот эҳтиёҷ доранд.

Донишҷӯёни филиал дар озмунҳои фаннии Ҷоми Академияи илмҳо соли 2015 як ҷойи чорум аз фанни технологияи информатсионӣ, соли 2016 ду ҷойи чорум аз фанни технологияи информатсионӣ ва биология, соли 2017 як ҷойи чорумро аз фанни кимиё ишғол намуданд.

 

Ихтисосҳои муносибу мувофиқи духтарон

Ташкил ёфтани филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара имконияти хубе барои ҷавонон, алахусус духтарон фароҳам овард. Зеро бо сабабҳои гуногун, аксари духтарон барои хондан ба ҷойҳои дурдаст рафта наметавонанд, ҳарчанд мактабҳои таҳсилоти умумиро хубу аъло хатм кардаанд. Аз ҳамин сабаб дар қатори ихтисосҳои техникӣ-технологии сирф мардона, дар филиал ихтисосҳои ба ҷавондухтарон муносибу мувофиқ низ пешбинӣ шудаанд. Ихтисоси педагогии технология, информатика ва муҳандисии технология ва дизайн аз ҷумлаи онҳост. Якум, агар тайёр намудани омӯзгори фанни технологияи информатсиониро барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар назар дошта бошад, дувум, ба тайёр намудани бакалаврҳои таҳиякунандаю тарҳрезикунандаи техникаю технологияи маҳсулоти дузандагӣ нигаронида шудааст.

 

Озмоишгоҳҳо

Дар раванди таълим 18 озмоишгоҳи бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин ду синфи лингафонӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 4 доскаи электронӣ истифода шуда, озмоишгоҳи дӯзандагӣ бо 18 мошини дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ҳамаи онҳо самаранок истифода бурда мешавад. Силсилаи озмоишгоҳҳои технологияҳои саноатӣ аз 7 ҳуҷраи барҳавои озмоишгоҳи таҳлилӣ, озмоишгоҳи назорати технологӣ — кимиёӣ, озмоишгоҳи микробиологӣ, озмоишгоҳи сенсорӣ, озмоишгоҳи маводи сохтмон, озмоишгоҳи кимиёи физикӣ — коллоидӣ, озмоишгоҳи истеҳсолӣ иборат аст.

Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла дар озмоишгоҳи таҳлилӣ рН-метр, рефрактометр, тарозуи аналитикӣ, тарозуи магнитӣ, омехтакунаки магнитӣ, титрометр, ҳаммомчаи обӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Озмоишгоҳи назорати технологӣ — химиявӣ бо таҷҳизоти термостат, колориметр, асбоби «Новосина», таҷҳизот барои ченкунии фаъолнокии об, асбоб барои ченкунии зичии маҳлулҳо, асбоби «ВЧЧижов» ва ғайра ҷиҳозонида шуда, таркиби ашёи хом ва маҳсулоти тайёри хӯрока, моддаҳои хушк дар таркиби онҳо, қанднокӣ, туршнокӣ, намак, муҳити онҳо, зичиашонро ташхис мекунанд.

Озмоишгоҳҳои технологияҳои саноатии донишгоҳ яке аз озмоишгоҳҳои беҳтарин дар шаҳри Исфара ва вилояти Суғд эътироф гардидааст.

 

Хобгоҳи бо маблағи камтарин

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дорои хобгоҳи замонавӣ буда, дар он 54 нафар (45 нафар писар ва 9 нафар духтарҳо) донишҷӯёни аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ба таҳсил фарогирифта зиндагӣ мекунанд. Хобгоҳ бо ҳама шароитҳо таъмин буда, ҷойи ҷомашӯйӣ, инчунин ошхонаи алоҳида дорад. Аз ҳама муҳим он аст, ки хобгоҳ ба донишҷӯён ба маблағи камтарин (40 сомонӣ барои як моҳ) пешниҳод карда мешавад. Дар байни донишҷӯёни ФДТТИ 27 нафар донишҷӯйи бепарастор ва 4 нафар донишҷӯи маъюб таҳсил доранд. Кулли бепарасторон ва маъюбон бо идрорпулии иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ барои онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Дар ҳамаи ҳолатҳои кӯмакрасониҳо номи онҳо дар аввал қарор дорад.

Толори варзишии замонавӣ ва майдончаи хурди футбол низ дар хизмати устодону донишҷӯён аст.

 

Таҷрибаомӯзӣ ва парки технологӣ

Дар ФДТТИ ташкил ва гузаронидани ҳамаи навъҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тибқи нақшаҳои таълим ба назар гирифта шуда, инчунин барои донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ вобаста ба хусусияти ихтисос таҷрибаомӯзии педагогӣ амалӣ мегардад. Барои ҳама навъҳои таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо аз тарафи олимону устодони ботаҷрибаи таълимгоҳ барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва дигар маводи методӣ таҳия карда шудаанд. Дар давоми солҳои фаъолияти филиали навтаъсис таъминоти методии таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба сатҳи дилхоҳ расонида шудааст.

Маркази асосии таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён парки технологии ФДТТИ мебошад, ки аз қитъаҳои таълимию истеҳсолии гуногун, аз қабили устохонаи харротию челонгарӣ, сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, осиёи барқӣ, устохонаи коркарди чӯб ва кандакорӣ, сехи истеҳсоли пойафзол, қитъаи хушккунии офтобии маҳсулот, блоки ягонаи муттамаркази ташхисгоҳҳои ФДТТИ ва ғайра иборат буда, дар ташаккули малакаҳои ибтидоии касбии донишҷӯён ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалияи истеҳсолӣ нақши бузург мегузорад.

Пойгоҳҳои асосии таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни донишгоҳ корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатии таълим, хизматрасонӣ, идораи давлатӣ, бонкҳо, инчунин корхонаю ташкилотҳои шакли моликияташон гуногуни шаҳри Исфара ва вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд. Барои роҳбарӣ ба таҷрибаомӯзӣ бештар докторон ва номзадҳои илм, инчунин мутахассисони баландихтисос сафарбар карда мешаванд. 

Бояд зикр кард, ки ҳар сол 5 нафар донишҷӯёни ФДТТИ дар доираи ҳамкориҳои берунӣ дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон низ таҷриба меомӯзанд.

Бо Раёсати маорифи шаҳр дар мавриди бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони ихтисосҳои педагогӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Ҳамкориҳои хориҷӣ

Филиал бо барномаҳои LOGO, GeTec — Solutions, GIZ, PRAXX (Олмон) ҳамкорӣ дошта, бо Erasmus +, Erasmus Mundus (Эразмус Мундус), TEMPUS, DAAD, ITEC, CSSTEAP нақшаи дар ояндаи наздик ҳамкорӣ карданро дорад.

Дар 6 соли охир аз тарафи ФДТТИ ба таҷрибаомӯзӣ ба Олмон 38 нафар донишҷӯён, аз ҷумла аз рӯйи барномаҳои LOGO (Хоҷагии қишлоқ ва мувозинати экологӣ дар Аврупои Шарқӣ) 18 нафар, PRAXX (муоширати дуҷонибаи байналмилалӣ — муваффақияти бардавом) 20 нафар фиристода шудаанд.

Аз моҳи сентябри соли хониши равон боз 5 нафар донишҷӯ дар Олмон таҷрибаомӯзӣ менамоянд. 

Тибқи шарномаҳои тарафайни ФДТТИ ва Донишгоҳи миллии аграрии Қазоқистон, аз рӯйи анъана, моҳҳои октябр — ноябри соли 2018 як нафар омӯзгор ва панҷ нафар донишҷӯйи иихтисоси технологӣ барои мубодилаи академӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шудаанд. Ҳамчунин, аз Ҷумҳурии Қазоқистон 5 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгор барои баланд бардоштани савияи дониши худ ба ФДТТИ омадаанд. Ҳамкории мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо барномаи “Омӯзиши касбӣ ва баландбардории ихтисос дар Осиёи Марказӣ” бо маблағгузории Вазорати иқтисоди Республикаи Федералии Олмон (BMZ) амалӣ шуда истодааст.

Дар 6 соли охир 23 нафар устодони мо аз рӯйи барномаҳои гуногун, аз ҷумла муоширати дуҷонибаи байналмилалӣ — муваффақияти бардавом CSSTEAP (CENTRE FOR SPACE SCINCE AND TECHNOLOGY EDUCATION IN ASIA AND PACIFIC, Ҳиндустон) 3 нафар, GIZ (Барномаи омӯзиши касбӣ дар Осиёи Марказӣ, Олмон) 4 нафар, GIZ (Қазоқистон) 2 нафар, GIZ (Қирғизистон) 7 нафар, GIZ (Ӯзбекистон) 2 нафар, дар Русия 1 нафар, ҳамчунин дар ҳудуди кишвар 4 нафар такмили ихтисос намудаанд.

Филиал инчунин бо 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 муассисаи таълимии олии давлатҳои хориҷи наздик (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон) ҳамкорӣдорад.

 

Дастовардҳо

Моҳи сентябри соли 2017 донишҷӯёни ФДТТИ Умеда Каримова ва Хуршеда Юсуфҷонова бо дастовардҳои худ дар Форуми байналхалқии донишҷӯён, магистрантҳо ва олимони ҷавон, бахшида ба 5-солагии Консорсиуми донишгоҳҳои техникии Русия ва Қирғизистон, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок карданд ва сазовори ҷойҳои фахрӣ гардиданд.

Бо барномаи нав — Global practicum (Олмон), роҳбари он Томас Меникен, гуфтушунид тариқи Skype баргузор гардида истодааст. Ду нафар донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудаанд.

 

Маркази инноватсионӣ

Дар филиал Маркази инноватсионӣ самаранок фаъолият менамояд. Аз тарафи кормандони ҷавони ин марказ якчанд таҷҳизот, барномаҳо ва системаҳо, ба монанди системаи худкори бақайдгирии омаду рафти донишҷӯён ва кормандон дар даромадгоҳи бинои асосӣ, системаи мониторинги омадурафти донишҷӯён бо воситаи барномаҳои компютерӣ, қайди автоматии давомоти донишҷӯён дар журнали электронӣ, системаи автоматии идораи таълим ва санҷиши донишҷӯён ва баҳогузории омӯзгорон ба сатҳи азхудкунии дарсҳо аз тарафи донишҷӯён сохта ба истифода дода шудааст. Аз тарафи якчанд корманди ин марказ — омӯзгорони ҷавон чароғак дар назди мактаб (светофор по требованию) сохта шуда, дар кӯчаи марказии ш. Исфара насб гардидаву ба истифода дода шудааст.

Барои пешравӣ ва самаранокии сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ аз тарафи омӯзгорони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот комплекси барномаҳои «Системаи идоракунии донишгоҳ» таҳия гардидааст, ки аксарияти фаъолияти кормандон ва маъмурияти донишгоҳ автоматикунонӣ шудааст.

Дар 2 соли охир аз тарафи устодон ва донишҷӯён дастгоҳҳои таҷрибавии амалкунандаи хокнармкунаки (плуги) механикӣ, модели истеҳсоли барқ (барқтавлидкунандаҳо) аз ҳисоби соиши чархҳои автомобилҳо, тобаи офтобӣ барои пухтани гаҷи сохтмонӣ ва хӯрок, дудпазӣ ва ғайраҳо таия гардидаанд.

Дар болои дарёи Исфара нерӯгоҳи таҷрибавии обии барқ бунёд гардидааст. Иқтидори ин нерӯгоҳ вобаста аз миқдори оби дарёи Исфара аз 25 то 200 квт-ро ташкил медиҳад, ки ин иқтидор талаботи филиал ва литсейи рақами 5-ро ба ғайр аз се моҳи зимистон, бо барқ пурра қонеъ менамояд.

Олимон ва кормандони филиал ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба 5 навъи маҳсулоти ивазшавандаи аз хориҷ воридшаванда лоиҳаҳои Бизнес-нақшаи истеҳсолотӣ пешниҳод намудаанд:

1. Рушди истеҳсоли пойафзол.

2. Истеҳсоли нони гандумӣ — ҷуворимаккагӣ.

3. Ташкили корхонаи хурди истеҳсоли фосфоритикони Исфара.

4. Истеҳсоли СО2 экстрактҳо.

5. Истеҳсоли йогурт.

Аз тарафи устодони филиал як нахустпатенти Маркази патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда ва барои гирифтани 4 патенти Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод гардидаанд.

Соли хониши гузашта 6 дастури таълимию методӣ ва бадеии омӯзгорон бо забони тоҷикӣ нашр гардидааст. Дар давоми ду соли таҳсили охир беш аз 80 мақолаи илмии омӯзгорон дар маҷаллаҳои илмии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар нашр шудааст, ки аз он 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷи наздик мебошад.

Дар филиал зиёда аз 10 мутахассиси ҷавон фаъолияти илмӣ ва таълимӣ мебаранд ва қариб 15 нафар омӯзгор унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ буда, 3 нафар омӯзгор дар аспирантураи ғоибона корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ мегузаронанд.

 

Китобхона

Китобхонаи анъанавӣ дорои 20500 китоби дарсӣ, илмию методӣ ва бадеӣ буда, дар филиал нашрияи даврии «Навиди донишгоҳ» (моҳвора) ба табъ мерасад. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён дар донишгоҳ соли 2016 китобхонаи электронӣ ташкил гардид ва дар он зиёда аз 15 компютер бо истифодаи технологияи Thin-Client ташкил ва ба кор омода шудааст. Дар айни ҳол дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 10 000 номгӯйи мавод оид ба барномасозӣ, забонҳо, нақшакашӣ, математика, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, педагогика, химия, фанҳои гуманитарӣ ва техникӣ, китобҳои дарсӣ мавҷуд аст. 

 

Ба ҷои хулоса

Тараққиёти илму техника дар замони муосир барои пурсамар ва муддати тӯлонӣ истифода намудани таҷҳизоти муосир дониши чуқури техникиро талаб менамояд. Дар давраи истиқлолият дар миқёси ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои саноатии нав, ба монанди корхонаи коркарди сабзавот, меваи хушк, истеҳсоли маводи сохтмон ва боз бисёр самтҳои дигари хоҷагии халқ ба кор шуруъ намудаанд. Аз ин рӯ, талабот ба мутахассисони бо техникаи замони муосир ошно рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ихтисосҳое, ки дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара омӯхта мешаванд, пурра ба талаботи корхонаҳои мазкур ҷавобгӯянд ва мутахассисони касбӣ — муҳандисии ин даргоҳ метавонанд дар дилхоҳ корхонаву заводҳо чун мутахассисони хуб ба кор ҷалб карда шаванд.

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара яке аз беҳтарин муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ буда, бо тарбияи кадрҳои баландихтисос дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзада дорад ва ҳар нафаре, ки ба ин муассиса қабул мешавад, ҳатман чун мутахассиси хуб ба воя расида, ба халқу Ватан хизмат хоҳад кард. Рамзи ФДТТИ дар ММТ 401 мебошад.

 

«ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here