Дар солҳои таҷлили рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саросари кишвар ва ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон идома ёфта истода аст, намояндагони касбу ҳунарҳои мардумӣ ҳамарӯза дастранҷи хешро пешкаши аҳли ҷомеа мегардонанд. Мо бошем зимни ковишу ҷустуҷуҳои дар ин ҷода намудаи худ кӯшиш ба харҷ додаем, ки аз гузаштаи на чандон дуру бо ифтихори худ чун парахаҳои тешазании устои мардумии саддаи XIX Усто Қандаҳор сафҳае рангин намоем.

 

Руҷуъ ба таърихи гузаштаи мардуми хеш дуре ба каф овардан аз олами тамаддуну ҳунари волои аждодони хеш, дар ин замина шод намудани руҳи ин бузургмардон мебошад. Бузургмарде мефармояд:

Дар ҳунар куш к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Ёдгориҳои таърихии диёрамон ҳар кадом бозгӯи ҳаёту зиндагонии мардони ном бардор ба нақши гузаштаи дастони онҳо дар тӯли қарнҳои зиёде мебошад, ки то ба рӯзҳои мо аз таърихи “шарҳи ҳоли худ” ҳикоят мекунанд. Яке аз чунин ёдгориҳои пур аз нақшу нигор шоҳсутуни ҳафтметраи дар миёнҷои масҷиди ҷомеаи Бакарони ҷамоати Симиганҷ насб гардида мебошад. Ин сутуни азим, ки дар қисми болои чоркунҷаҳои он бо хатти форсӣ навиштаҷоте хаттотӣ шудааст, таърихи пайдоишаш ба соли 1329-и ҳиҷрӣ рост меояд.

Ин сутун аз тарафи устои ҳамонвақтаи маҳаллӣ Усто Қандаҳор аз деҳаи ҳозираи Шабгардӣ тарошида шудаву зиннату оро ёфта буд. Чи хеле, ки аз нақли гузаштагони куҳансолони деҳ шунидаву инак бобои Ҳоҷӣ Мирзои 90 — сола ба мо ҳикоя намуд, ки дар пастхамии боғи Муллоуроқ дарахти чинори азимро барои сутуни масҷиди он вақта хонақоҳаш низ ном мебурданд, Усто Қандаҳор интихоб менамояд. Аз инҷо то назди масҷид бошад масофаи беш аз як километраи теппаи пасту баландии ҳамвор мавҷуд аст, ки дар он ҷо пирону мӯйсафедони рӯзгордида зиёд машварат мекунанд, нақшаву тадбир меҷӯянд, ҳамон вақт бобои Домулло Аҳмади Муфтӣ ном шахси табаррукӣ олиму фозил низ дар деҳаи Бакарон истиқомат доштаву байни мардум маҳбубияти хоса дошт. Бобои Домулло Аҳмад шахси ҷаҳондидаву сафари ҳаҷнамуда низ буд, наздашон ҳозир шуда маслиҳат медиҳад, ки чор барзагови ҷуфтиро инҷо ҳозир намоянд. Мардум дар ҳол аз пайи ҷуфтронҳову барзагови ҷуфтӣ мешаванд. Муддате нагузашта чор барзагови ҷуфтиро ба сифати нақлиёти боркаш инҷо ҳозир менамоянд. Аз чорҷои ин чинори азим бандҳоро мустаҳкам баставу барзаговҳоро ба роҳ дароварданӣ мешаванд. Вале ҳайвонот — барзаговҳои ҷуфтӣ ҳарчанд ба пеш ҳаракат мекарданд чинорро аз ҷояш ҷунбонида наметавонистанд. Мардуми зиёд бо чӯбҳои тез намудаи хеш аз ақиби кундаи чинор кифт мемонанд. Бобои Домулло Аҳмад низ асои мубораки хешро ба кунда расонида, мушкили мардумро осон мегардонад. Ҳамин тавр ин чинори азим то ба назди масҷиди деҳа рсонида мешавад…

Бобои Усто Қандаҳор соли 1845 дар деҳаи Шабгардӣ ба дунё омадаву ҳаминҷо зиндагӣ намудааст. Дар тармими шифту бомҳои мардуми деҳ чун устои чӯбкор нақши дастони худро гузошта, қавзабандии биноҳои зиёде аз хонаҳои зисти набераву аберагон низ ёдгорие аз бобои устои онҳост. Сутуни дигаре ки 6 метр баландӣ доштаву дар бинои масҷиди Шабгардӣ насб гардидаву таърихи бардошта шуданаш соли 1322-и ҳиҷрӣ мебошад, аз тарафи Усто Қандаҳор кандакорӣ гардида аст.

Аз рӯи нақши бобои Ҳоҷӣ Мирзо маълум мегардад, ки Усто Қандаҳор дар тарошидани сутунҳои кандакории масҷиди ҷомеи Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ва масҷиди марказии ҷомеаи Ҳоҷи Яъқуб нақши дастони худро гузоштааст. Бобои Усто Қандаҳор, ки соҳиби фарзандони олиму босаводи замони худ буд, дар баҳори соли 1942 дар деҳаи Шабгардӣ дар синни 97- солагӣ дунёро падруд гуфт. Писари калонии ӯ бобои Мулло Ҷалол дар ҳамин деҳаи Шабгардӣ зиставу баъди солҳои 70-уми садаи гузашта аз олам даргузаштааст. Писари ӯ бо номи Муҳаммад буда, аз ӯ фарзандони некноме ба номи Набиуллоҳ, Самиуллоҳ, Меҳроҷиддин, Ҷалолиддин давомдиҳандагони касбу ҳунари аҷдодони хеш мебошанд. Ба хусус Меҳроҷиддин, Набиуллоҳ ва Баҳриддин, ки аз аберагони асили бобои Усто Қандаҳор мебошанд, то имрӯз дар сохтмону манзилсозии ҳамдеҳагон дасти мадад мерасонанд. Тешаву асбобу усканаҳои бобои худро қадр карда, то имрӯз ҳифз кардаву аз паи ин пешаи интихоб кардаашон ризқу рӯзии ҳалол ба даст меоранд.

Устокориҳои солҳои минбаъдае, ки дар деҳаи Бакарону Шабгардӣ дар сохтмони манзили ҳамдеҳагон аз тарафи усто Маҳмуд Юсупов, Муҳаммадҷон Исмоилов, Абдулазиз Ғафуров, Ҳоҷӣ Нуралӣ, Абдурауф Салимов ва дигарон анҷом дода мешавад. Бе восита идомаи тешазаниҳо дар чӯбу сутунороишдиҳии бобои усто Қандаҳор мебошад, ки ин касби бобогиро аз нимаи дуюми саддаи нуздаҳ ба мо мерос гузоштааст. Имрӯз дар ҳар дару девору равзае нақши дастони усто Қандаҳорро мебинему аз ҷадди гузаштаи чӯбкору равоқхона нақшу нигори он замон қавзабандӣ гардида ёд мекунем. Ҳамаи сокинони ин ду деҳаи ҳамсоя аз кору пайкори бобои усто Қандаҳори худ фахр намудаву чун дуои хайре дар ситоишаш мегуянд:

Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

Маҳмадмуроди Сайдалӣ, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here