«Матбуот чашму гӯши миллат аст«,- мегӯянд бузургони мо. Аммо дар ҷомеаи имрӯза бархе аз ҷавонон ба газетахонӣ шавқу рағбат надоранд. Сабаб дар чӣ бошад?

Имрӯз бо ҷавононе вомехӯрем, ки ба матбуот хунукназарона нигоҳ мекунанд. Охир, газета хондан ба мо нафъ дораду зиён не! Вале, вақте аз чанд нуқтаи фурӯши газетаҳо пурсон шудем, ки «газетаҳоро бештар кадом қишри ҷомеа харидорӣ мекунанд ва таваҷҷуҳ доранд?», посух чунин буд: «Аксаран калонсолон газетаҳои моро харидорӣ мекунанду таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. 94%-и харидорони газетаро калонсолон ташкил медиҳанду 6%-и боқимондаро ҷавонон».

Баъзе ҷавонон зикр мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз саҳифаи расмии ягон нашрия иттилоотро дастрас мекунанд, аммо ба фикри банда, худи газетаро харидорӣ намуда, ахбороти лозимаро фаҳмем, беҳтар аст.

Шумо чӣ назар доред?

Фаридун САФАРЗОДА

1 бинависед

  1. ин гапхоятон нагз, аммо аср асри технология аст. Ман донишчу хастам ман акламро хурдам, ки газетаро харидори намоям. Ман кариб хар руз газета мехонам тарики интернет….

Добавить комментарий