Бузургони ҳамаи миллатҳо китобро ҳамчун устоди аввалини хеш медонанд ва онҳо ошиқи шайдои ин махзани муқаддас ҳастанд. Ишқу муҳаббати китобро бо дусе ҳарф иброз карда намешавад, зеро меҳри арзандаи китоб ҳадду андоза надорад.

Дар бораи китоб Камолиддин Биноӣ мегӯяд:

Воқеан, нест ҷуз китоб анис,

Гуфтаанд: — “Ал-китобу хайру ҷалис”.

Шукри замони соҳибистиқлолии кишвар мекунем, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи китобхонаҳо бо толорҳои махсуси китобхонӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки ин толорҳо барои бароҳат мутолиа намудани китоб хизмат мекунанд. Вале, мутаассифона, солҳои охир дар мизу курсиҳои ин толорҳо ба ҷуз ду ё се нафар (донишҷӯе, ки барои омода кардани кори курсиаш меояд) касеро намебинем. Адади зиёди мизу курсиҳои толор аз хонандаи китоб холианд.

Ҳамаи мо шоҳидем, бештари китобҳое, ки тӯли солҳои 2010 — 2018 ба нашр расида, дар рафҳои китобхона ҷойгир шудаанд, то ҳол варақгардон нашудаанд. Ин масъала аллакай унвони “доғи рӯз”-ро гирифтааст, ки боиси таассуфи ҳар яки мост. Агар дар ин бора назарпурсӣ кунем, “мардуми китобдӯсти мо” танҳо бо як ҷумла фикри худро ҷамъбаст мекунанд: “Интернет моро аз китоб дур кард”. Инак, чунин суол бармеояд: Шумо интернетро истифода мекунед ё ки интернет шуморо истифода мекунад? Ҳама хомӯш. Зеро посухи комилу дақиқ маълум аст.

Имом Бухорӣ мефармояд:

Дар дафтари замона фитад номаш аз қалам,

Ҳар миллате, ки мардуми соҳибқалам надошт.

Маориф яке аз асоситарин соҳаҳои давлату кишвар ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр ва боиси таассуфи зиёд аст, ки тақрибан 80% хонандагони муассисаҳои таълимӣ иншои озод ва 70% муаллимони мактаб мақолаи эҷодӣ (ё ки мақолаи илмӣ оид ба дарси фаннии худ) навишта наметавонанд. Ин ҳолати пӯшида нест. Бо ин раванд эҳтимоли он аст, ки инкишофи фикрронии насли навраси даврони истиқлолият рӯ ба таназзул биёрад. Сарчашмаи ҳамаи ин бесаводӣ мутолиа накардани китоб мебошад.

Борҳо шоҳид будам, ки хонандагони мактабҳо (ҳатто донишҷӯён низ) мисраҳои пандрези асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ғалат мехонданд: “Мардумони бехирад (?) андар замон…”. Фикр мекунам, ки аз ҷумлаи мазкур хонандаи закӣ мақсади маро бисёр хуб дарк кард.

Барои ба бесаводӣ рӯ овардани насли наврас дар қатори омӯзгорон баъзе волидон низ гунаҳгоранд. Чунки гуруҳи зиёди падару модарон ба фарзандони худ чунин мегӯянд: “Ман кӣ шудам, ки ту мешавӣ?» ё «олим шуда, оламро гирифта медиҳӣ?…”.

Шоири шаҳири доғистонӣ Расул Ғамзатов бо хуни дил гуфта буд: “Доғистон аз сабаби қафомонию ҷаҳолат ва бесаводӣ басо чӯҷаҳои худро нобуд кард. Барои худро шинохтан китоб лозим. Барои дигаронро шинохтан ҳам китоб лозим. Халқи бекитоб мисли одамест, ки оина надорад: вай рӯйи худро дида наметавонад”.

Тӯли солҳои зиёд аст, ки навиштану расм кашидан ва дарондани саҳифаҳои китоб аз тарафи хонандагон ба ҳукми анъана даромадааст. Бархе аз китобдорони китобхонаҳо бошанд, дохили китобро аз назар нагузаронида, қабул мекунанд ва бо ин васила хонанда аз ҷазо бартараф мемонад.

Осори назмию насрии шоирону нависандагони адабиёти форсу тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои ҳар як дилдодаи китоб чун махзани бузурги ноёб мебошад ва мисли чашмаи замзам шаҳдрезу болаззат аст. Бояд қайд кард, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа зери унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ” озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур барои ҳар як дӯстдори китоб муждаи нек буда, ба сӯи илму маърифат раҳнамун месозад.

Ногуфта намонад, ки баъзе нафарон танҳо бо намунаи электронии китобҳо қаноат мекунанд. Дар ин бобат мехоҳам аз ҷумлаҳои ҳикматомези ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода Юсуф, ки дар сифати китоб зимни мулоҳизаҳои худ дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” гуфта буд, иқтибос биёрам: “Маълумоти интернетӣ ва ё варианти электронии китобҳо ҳеҷ гоҳ ҷои китоби классикиро гирифта наметавонад. Аз ин ҷиҳат бояд ҳамон анъана нигоҳ дошта шавад ва ҳатто зарур дониста шавад, ки муҳаққиқи ҷавон китобҳои хондаашро ба роҳбари худ чун як адабиёт тариқи саволу ҷавоби махсус супорад”.

 

Нодира ХАНҶАРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here