Расман оғоз гардидани фаъолияти ДДТХ ба санаи 4-уми марти соли 2016 рост омад. Шуруъ аз ин рӯз бо тасмими ректори муассиса раёсати муваққатии донишгоҳ дар ҳайати 11 нафар ташкил шуд. Вазифаи аввалиндараҷаи раёсати мазкур пеш аз ҳама корҳои таъсисдиҳию ташкилдиҳии донишгоҳ, коркард ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва локалӣ, таъмини пурраи шаффофияти аввалин маъракаи қабули довталабон, инчунин ташкилу таъмини босифати раванди таълим ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ-маърифатӣ буд, ки дар маҷмуъ, ин ҳайат рисолати хешро муваффақонаву сарбаландона ба иҷро расонид.

Дар ин марҳила дар назди раёсати навтаъсис ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои ҳукумат корҳои муҳими дигаре меистод. Вобаста ба маблағгузории фаъолияти донишгоҳ, раёсатро зарур буд, ки дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва бастҳои корӣ сохторҳои муҳиму аввалиндараҷаро таъсис диҳад, мутахассисони варзидаро барои ба фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ оғоз бахшидан ҷалб намояд. Илова бар ин, раёсатро мебоист барои оғоз намудани корҳои таъмирии биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ-техникӣ ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин мақсад дар донишгоҳ шуъбаи таълим, деканати факултетҳо (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, ташкилотҳои ҷамъиятӣ – Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ бо қарорҳои Раёсати ДДТХ ва фармоиши ректори ДДТХ таъсис дода шуданд.

Дар натиҷаи ба сомон расонидани корҳои ташкилӣ моҳи августи соли 2016 мақомоти иҷроия ва мақомоти идоракунанда, яъне Раёсат (иборат аз 16 нафар) ва Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (иборат аз 23 нафар) дар ҳайати мутахассисони варзидаи соҳа таъсис дода шуд. Ҷиҳати таҳкимбахшӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти бемайлони донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва локалии ДДТХ таҳия ва бо қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ ёфтанд.

Боиси зикр аст, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қабули довталабон ва ташкили имтиҳоноти озмунӣ низ ба уҳдаи роҳбарияти ДДТХ вогузор гардид. Бо мақсади таъмин намудани шаффофияти аввалин маъракаи қабул аз ҷониби раёсати донишгоҳ «Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2016 -2017» таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ шуд. Илова бар ин, барои баргузории ин маъракаи муҳим дигар санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои лозима таҳия ва тасдиқ шудаанд.

Ҳамин тариқ, Комиссияи қабул тавонист бо кӯмаки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино маъракаи қабули довталабонро новобаста аз шароит ва маҳдуд будани заминаҳои моддӣ-техникӣ аз 1-уми апрел то 15-уми майи соли 2016 ба анҷом расонад. Натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул барои соли таҳсили 2016-2017 маълум намуд, ки аз 1633 нафари ҳуҷҷатсупорида 353 нафар довталаб ҳамчун донишҷӯ (150 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 202 нафар ба тариқи шартномавӣ) ба курси якум қабул шуданд; ба факултети тиббӣ 152 нафар, педиатрӣ 150 нафар ва ба стоматологӣ 51 нафар. Аз ин теъдод 58,0%-и донишҷӯён аз вилояти Хатлон, 19,6% аз вилояти Суғд, 0,6% аз вилояти ВМКБ, 11,3% аз ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва 10,5% донишҷӯён аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Ҳамзамон, дар ин давра бо мақсади ҷалби мутахассисони арзанда аз 10-уми май то 10-уми июни соли 2016 озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон эълон гашта, ба озмун беш аз 60 нафар устодону омӯзгорон аз муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки 11 нафари онҳо соҳиби дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ буданд. Озмун дар асоси қоидаҳои амалкунандаи муассисаҳои олии касбии кишвар гузаронида шуда, дар натиҷа ба ҳайати профессорону омӯзгорон 26 нафар ба кор қабул карда шуданд. Дар маҷмуъ, Раёсати донишгоҳ дар соли аввалини таъсисёбии ДДТХ тавонист 36 нафар омӯзгоронро барои таълиму тарбияи донишҷӯён дар асоси озмун ба кор ҷалб намояд, ки аз ин теъдод 30 нафарашонро кормандони асосӣ ташкил медоданд. Ҳамин тариқ, ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил шуд, ки аз шумораи умумии омӯзгорон 12 нафар, 35,5 % дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ буданд.

Раёсати донишгоҳ тавонист, ки бо кӯмаки молиявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ корҳои таъмирии бинои хобгоҳро дар моҳи августи соли 2016 ба сомон расонида, барои ҷой намудани 161 нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманд шароити хуби зистро таъмин намояд. Бо мақсади омода ва дастрас намудани эҳтиёҷоти кафедраҳо ва дигар сохторҳо бо маводҳои аввалиндараҷаи таълимӣ-озмоишӣ ва ғайра, дар ин давра бо ташаббуси раёсати ДДТХ ба шахсони алоҳида ва ташкилотҳо барои расонидани кӯмакҳои моддӣ муроҷиат карда шуда, аз ҷониби онҳо ин иқдом дастгирӣ ёфт, ки дар маҷмуъ ин маблағҳо қариб 1,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Вазъияти имрӯза ва шароити кору таҳсил дар донишгоҳ

Мавриди зикр аст, ки 1-уми сентябри соли 2016 ҳамчун санаи таърихӣ барои донишгоҳ ба ҳисоб меравад, зеро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ оғоз намуд. Дар асоси стандартҳои давлатӣ, барномаҳо ва нақшаҳои таълимии донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрӣ” ва “Стоматологӣ”  раванди таълим ба роҳ монда шуд. Вобаста ба хусусияти фанҳо ва соатҳои таълимӣ барои курсҳои якум то чорум аз рӯи 54 фани таълимӣ, ки дар маҷмуъ 58 195 соатро ташкил медиҳад, 14 кафедра ташкил карда шуд.

Дар давоми чор сол дар донишгоҳ 7 шуъба, 2 шӯрои илмӣ, 2 марказ, 14 кафедра, 3 факултет, 2 коллеҷ, 1 китобхона, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хоҷагидорӣ таъсис дода шудааст. Илова бар ин, соли 2019 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ихтиёри муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронидани муассисаи давлати таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара» ва дар сохтори он таъсис додани муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик» (02.05.2019, №229) дар сохтори донишгоҳ тағйирот ба амал омад. Мутобиқи қарори мазкур моҳи сентябри соли равон бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ Оинномаи коллеҷ (аз 22.08.2019, №1/1) тасдиқ карда шуд. Дар асоси он ба дигар ҳуҷҷатҳои барои пешбурди фаъолияти коллеҷ тағйирот ворид карда шуд. Вобаста ба масъалаи ташкилёбии Коллеҷи тиббии ДДТХ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бошад, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои он дар марҳилаи коркард ва таҳия қарор доранд.

Қобили қайд аст, ки дар соли 2016 шумораи умумии донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаанд, аз 111 (31%) нафар иборат буда, дар соли таҳсили 2018-2019 бошад, ин шумора ба 530 нафар ё худ 48,4% расидааст. Теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмидошта низ дар давоми чор сол мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар ин давра дараҷанокии илмии ҲПО ба 21,6 фоиз баробар гардидааст.

Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии макотиби олӣ – ин таъмини маводи таълимӣ барои донишҷӯён ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Бо ин мақсад моҳи августи соли 2016 дар сохтори донишгоҳ китобхона таъсис дода шуд. Мувофиқи сметаи хароҷотии буҷаи донишгоҳ барои харидорӣ намудани адабиёти таълимию илмӣ дар давоми солҳои 2016-2019 дар маҷмуъ 1 292 000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ дар ин давра 123 номгӯй китоб бо теъдоди 7479 нусха китобҳои баландсифати таълимии ихтисосӣ харидорӣ карда шудааст. Илова бар ин, 74 номгӯи китоб бо теъдоди 12 767 нусха, ки маблағи умумии зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба тариқи туҳфа аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ворид гардидааст. Дар маҷмуъ, фонди китобхонаи донишгоҳ аз 16 457 нусха ба 25 410 нусха адабиёти таълимию бадеӣ расидааст, ки 22 590 нусха ва ё 89%-и он китобҳои таълимӣ мебошад. Дар таркиби фонди китбохона инчунин адабиёти электоронӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки теъдоди он аз 42 700 иборат мебошад.

Маълумоти оморӣ

Дар соли 2020 аз рӯи маълумотҳои оморӣ теъдоди донишҷӯён ба 1475 нафар, омӯзгорону кормандони асосии ДДТХ ба 182 нафар расидааст. Аз шумораи умумии кормандон 120 нафар ё худ 53,1%-ро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил додааст, ки аз ин теъдод 83 нафар ё худ 69,1% ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ мебошанд. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ 40,3 солро ташкил дода, теъдоди ҳайати профессорону омӯзгорони дараҷаи илмидошта бошад, аз 15 нафар иборат аст, ки 21,5%-ро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 59 (71%) нафар мард ва 24 (29%) нафарро занон ташкил медҳанд.

Теъдоди донишҷӯёни факултети тиббӣ аз 676 (45,8%) нафар, факултети педиатрӣ 574 (39%) нафар ва факултети стоматологӣ аз 225 (15,2%) нафар донишҷӯ иборат мебошад. Аз шумораи умумии донишҷӯён 522 (35,3%) нафар тариқи буҷавӣ ва 953 (64,7%) нафар дар гуруҳи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 392 (26,5%) нафар ва писарон аз 1083 (73,5%) нафар иборат аст. Дар байни донишҷӯён 7 (0,4%) нафар ятими кулл ва 14 (0,9%) нафар маъюбони гуруҳи 2 таҳсил менамоянд. Миқдори гуруҳҳои академӣ аз 87 адад иборат буда, аз ин миқдор 42 гуруҳ бо забони тоҷикӣ ва 45 гуруҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 240 нафар (16,7%) бо хобгоҳ таъмин мебошанд.

Корҳои таълимӣ, илмӣ ва маърифатию тарбиявӣ

Фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар давоми солҳои 2016 ва 2020 аз гузаронидани сессияи имтиҳонии зимистона, фаъолияти Шӯрои илмӣ-методӣ, фаро гирифтани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ва сессияи имтиҳонии тобистона иборат мебошад.

Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас роҳбарияти донишгоҳ аз шаклу усулҳои беҳтарини кор, таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии дохилӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва имкониятҳои воқеии дар таълимгоҳ алҳол мавҷуда ба таври самарабахш истифода мебарад.

Боиси зикр аст, ки сатҳу сифати дарсгузаронӣ ва хондани лексияҳо аз ҷониби омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯ буда, ҳамзамон сифати дарсазхудкунии донишҷӯён, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо, риояи иҷроиши барномаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Дараҷаи дарсазхудкунӣ дар ҳамаи сессияҳо то 99% баробар шудааст. Натиҷаи сифати таълим дар алоҳидагӣ вобаста аз рӯи фанҳо бошад, то ба 60-80%-ро ташкил медиҳад. Инчунин, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо ҳамарӯза аз 98% то 100%-ро ташкил медиҳад.

Дар давоми чор сол 2 нафар барандагони Дипломи “Донишҷӯи солҳои 2016 ва 2017” дар вилояти Хатлон, 2 нафар барандагони ҷойи сеюми “Донишҷӯи сол – 2019” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар ғолиби ҷойи дувум, 2 нафар ҷойи сеюм ва 5 нафар барандагони ҷойҳои ифтихории Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Чемпиони ҶТ оид ба намудҳои варзиш, 1 нафар ғолиби ҷумҳуриявӣ дар озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманд” ва 5 нафар ғолибони озмунҳои вилоятӣ дар бахши маърифатию зеҳнӣ мебошанд, ки дар ин муддати кӯтоҳ мақоми донишгоҳро тавонистанд баланд бардоранд. Илова бар ин, 13 нафар барандаи стипендияи Президенти ҶТ ва 7 нафар барандаи стипендияи Раиси вилояти Хатлон гардидаанд.

Моҳи марти соли 2020 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни “Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ”, ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, аз фанни физика сазовори ҷойи аввал шуда, барандаи ҷоми мазкур гардиданд. Аз рӯи дигар фанҳои дақиқ (химия, биология, астрономия, математика ва информатика) 4 нафар соҳиби Ифтихорнома гардиданд. Дар доираи озмуни вилоятӣ бо номи “Рӯзгордорӣ”, ки санаи 18-уми марти соли равон дар шари Бохтар доир гардида буд, донишҷӯдухтарони донишгоҳ соҳиби ҷойи аввал гардида, ғолиби озмун шуданд. Илова бар ин, як донишҷӯдухтари донишгоҳ дар озмуни “Маликаи Наврӯз -2020” дар ноҳияи Данғара ҷойи аввалро ишғол намуда, дар даври вилоятӣ бошад, соҳиби ҷойи дуюм гардид.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ дар ин давра аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ оғоз гашта, дар маҷмуъ 32 нафар олимони донишгоҳ дар 27 конфронсҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва 2 нафар дар Конгресси байналмилалӣ, ки дар Олмон доир гардида буд, ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар давоми чор соли фаъолияти  илмию нашриявии кормандони донишгоҳ пешравиҳо ба назар мерасанд. Чунончи, агар дар соли 2016 ҳамагӣ 17 мақола ва фишурдаҳо таълиф ёфта бошанд, пас дар соли 2020-ум 284 таълифоти илмӣ, ки аз онҳо 140 мақола ва 147 фишурдаро ташкил медиҳанд, ба нашр расидаанд. Ҳамзамон, 8 ихтироот, 13 пешниҳоди навоварона ба қайд гирифта шудааст. Аз моҳи октябри соли 2016 рӯзномаи донишгоҳӣ бо номи “Пайки Шифо” ба фаъолият шуруъ намуд. Соли 2019 нахустин шумораи нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон – маҷаллаи илмии тиббӣ бо номи «Симурғ» таъсис ёфта, дар давоми сол 4 шумораи он бо сифати баланд нашр гардид.

Илова бар ин, дар асоси имкониятҳои кадрӣ ва заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ дар Замимаи Иҷозатномаи ДДТХ барои ба роҳ мондани фаъолияти таҳсилоти баъдидипломӣ тағйирот ворид намуда, аз соли таҳсили 2020 ҳамакнун донишгоҳ метавонад дар риштаҳои интернатура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ довталабонро қабул намояд.

Лозим ба қайд аст, ки ташкил ва фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва фаннии донишҷӯён дар донишгоҳ мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Дар соли 2019 маҳфилҳои илмӣ ва фаннии донишҷӯён дар назди кафедраҳои донишгоҳ ба 19 адад расидааст, ки шумораи умумии аъзои он ба 423 нафар мерасад. Дар ин давра миқдори мақолаҳои дар маводи конференсияҳои байналмилалӣ нашршудаи аъзои маҳфилҳо назаррас буда, дар маҷмуъ 60 ададро ташкил додааст, ки 17 фишурдаҳо дар хориҷи кишвар ба нашр расидаанд.

Вобаста ба фаъолияти илмии донишгоҳ қайд кардан зарур аст, ки роҳбарияти донишгоҳ тасмим дорад нахустин конфронси илмӣ-амалии олимонро дар соли 2020 бо ҷалби коршиносону олимони ватанӣ ва давлатҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд ташкил намояд.

Дар донишгоҳ ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъол буда, дар назди сохторҳои худ маҳфилҳои адабию маърифатӣ ва илмиро таъсис додааст, ки шумораи онҳо ба 15 адад мерасад. Дар ин радиф метавон қайд намуд, ки бо мақсади ба роҳ мондан ва тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишоф ва рушди инфрасохтор ва дастгирии сайёҳии дохилӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон «Клуби сайёҳӣ» дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ моҳи апрели соли 2017 таъсис дода шуд. Мақсад ва зарурати таъсис додани чунин клуб дар ДДТХ пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии он дар маркази таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Дар ин давом беш аз 1500 нафар донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ба ҷойҳои таърихӣ ва мавзеҳои сайёҳии вилояти Хатлон сафар намуданд. Соли 2018 дар давраи таътили тобистона барои 30 нафар донишҷӯён ба муддати 14 рӯз мактаби тобистона ташкил карда шуд.

Дар давоми солҳои 2016 ва 2020-ум 16 маротиба вохӯрии донишҷӯёну омӯзгорон бо роҳбарияти мақомоти қудратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Данғара, минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон ташкил карда шудааст. Дар маҷмуъ, метавон қайд намуд, ки дар давоми чор соли фаъолияти ДДТХ, дар донишгоҳ бо ташаббуси роҳбарият 10 маротиба бо олимони маъруфи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 46 чорабиниҳои маърифатию фарҳангиро барои кормандону донишҷӯён дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудааст.

Корҳои муолиҷавӣ ва робитаҳои ҳамкорӣ

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ низ дар ин давра таҳким ёфта, аз моҳи апрели соли 2016 инҷониб 15 нафар аз омӯзгорони донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор фаъолияти ихтисосиро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ба роҳ мондаанд.

Бешубҳа, ба фаъолияти тиббӣ оғоз намудани кормандони донишгоҳ барои саҳм гузоштан дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморони ноҳия ва вилоят иқдоми нек аст. Аз давраи моҳи феврали соли 2016 то соли 2020 аз ҷониби кормандони донишгоҳ ба 29 313 нафар бемор корҳои табобатӣ ва ташхисӣ гузаронида шудааст. Аз ин миқдор 1462 ададаш амалиётҳои ҷарроҳии гуногун буда, дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара гузаронида шудааст, ки 52 намуди амалиётҳои ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ бори аввал ворид ва дар амал ҷорӣ гардидааст. Ҳамчунин, аз теъдоди умумии муолиҷашудагон ба 7580 нафар кӯдакони бемор, 200 нафар гирифтори бемории занона, 19036 нафар аз рӯи бемориҳои дарунӣ ва ба 1035 нафар аз рӯи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонида шудааст.

Роҳбарияти донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара дар оянда ният дорад, ки бо истифода аз таҳкимёбии потенсиали илмию тахассусии худ мактаби дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳа, аз ҷумла мактаби ҷарроҳия, педиатрия, терапия ва дигар ихтисосҳоро бо ташаббуси чунин олимони соҳа бунёд созад ва фардо тавонад дар тамоми самтҳои хадамоти тиббӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро ба аҳолӣ пешкаш намояду илова бар ин, корҳои бузурги илмиву тадқиқотиро низ анҷом диҳад.

Лозим ба қайд аст, ки ДДТХ бо 4 беморхона – 2 беморхонаи ноҳияи Данғара, беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб ва Бохтар, КАТС ва МНСЭ-и ноҳияи Данғара, Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар, Академияи илмҳои ҶТ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Илова бар ин, ба донишгоҳ муяссар гардид, ки аввалин шартномаи ҳамкории худро моҳи апрели соли 2017 бо Донишгоҳи тиббии Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонад. Дар маҷмуъ, дар ин давра роҳбарияти донишгоҳ тавонист, ки бо 8 муассисаи олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва сарпарастӣ дар корҳои таълимию илмӣ дар доираи барномаҳои Эрасмус+ кормандони ДДТХ иштирокчии шарикӣ дар 4 лоиҳа мебошанд. Дар доираи марҳилаи 2-юми Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ дар ҶТ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гаштааст, Лоиҳаи ДДТХ бо номи «Маркази омӯзиши симулятсионӣ» дар ин озмун ғолиб дониста шуд ва донишгоҳ соҳиби грант гардид.

Заминаи моддӣ-техникӣ ва ҳолати маишии кормандон

Заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ давра ба давра таҳким ёфта, барои фаъолияти таълимию илмӣ шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таносуби компютерҳои фардӣ нисбат ба донишҷӯён дар донишгоҳ 1:10-ро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муайяншуда (1:12) зиёд мебошад. Мутаносибии дигар технологияи иттилоотӣ низ дар ин давра ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълим дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи моддӣ, маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳайати омӯзгорону кормандон ва тамоми сохторҳои тобеи Донишгоҳ, ҷиҳати пурзӯр намудани ҳавасмандии онҳо, барои беҳтар намудани сифати раванди таълим, тарбияи насли наврас ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, дар доираи санадҳои меъёрии ҶТ масъалаҳои мазкур танзим гардида, шаклҳои музди меҳнат ва истифодаи мақсаднокии он дар ин муддат кор карда баромада шудааст. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти молиявии донишгоҳ ба  раёсати донишгоҳ имконият пайдо гардидааст, ки ҳаҷми музди моҳонаи тамоми кормандонро дар моҳи январи соли 2018 аз нав тасдиқ намуда, музди миёнаи ҲПО-ро аз 2003 сомонӣ ба 2917 сомонӣ ва музди миёнаи кормандонро дар умум аз 1821 сомонӣ ба 2378 сомонӣ расонад.

Санаи 05.11.2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои нави таълимӣ ифтитоҳ бахшида шуд. Ҳамзамон, ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки дар ҳудуди донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар муҳлати наздиктарин сохтмони бинои Клиникаи донишгоҳӣ оғоз карда шавад. Раёсати ДДТХ корро дар ин ҷода бо Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ шуруъ карда, то анҷоми соли 2019 Лоиҳаи тарҳи Бино ва Лоиҳаи муҷаҳҳазсозии клиникаро таҳия намуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардид.

МТЖТ

Добавить комментарий