Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Фикр мекунам, ки маро ҳам барои пешаи журналистӣ сохтаанд ва донаҳои меҳру муҳаббати онро дар аъмоқи вуҷудам коштаанд. Ин донаи меҳре, ки ниҳодамро фаро гирифтааст, ба монанди рустаниест, ки аз зери замин даҳан во мекунад ва новобаста аз мушкилоте, ки дар муҳит ба ӯ таҳдид мекунад, бузургу қавӣ шудан мехоҳад, меҷаҳад, муқобилият нишон медиҳад, то аз худ донаҳои дигареро ба вуҷуд орад. Банда ҳам монанди он рустаниям, ки талош барои сабзидан дорад.

Мо мисли моҳиҳое ҳастем, ки дар дохили уқёнуси бузург зиндагӣ мекунанд. Хеле мушкилот дар роҳи зинда монданашон ҳаст. Моҳӣ бе об зиста метавонад? Албатта на! Пас, мо ҳам бидуни журналистика зиндагӣ карда, муваффақ шуда наметавонем.

Касбе, ки интихобаш намудаму меҳр ба он бастам, бо тамоми мушкилоташ меҷангам ва ба мақсаду ҳадафи хеш мерасам. Ҳар шахс орзуву ният, ҳадафу мақсад дорад. Ман ҳам бо орзуҳои беғаши кӯдаконаам, шавқу завқи наврасиам, меҳру дилбастагии ҷавониам журналист шуданро интихоб намудам. Ончунон дилбастаи ин касб ҳастам, ки тасвираш низ ғайриоддӣ аст. Пешаи журналистиро дар бачагиам интихоб намудам, дар наврасиам ба ин меҳр бахшидам, дар ҷавониам онро ба ҳақиқат табдил медиҳам.

Пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ маълумоти фарохе бобати ин касб намедонистам. Алъон ба дунёи журналистика ворид шудаам ва ҳаргиз нияти баромадан надорам.

Вақте хурд будам, танҳо чизе, ки роҷеъ ба касбам медонистам, барандагии барномаи “Ахбор” буд. Ҳар вақт ба ин барнома менигаристам, дилбастагӣ ба касбам қавитар мешуд. Вақте бузургтар шудам, ақидаам нисбат ба ин касб тайғир ёфт. Дар ҳаётам худро журналисти муваффақ тасаввур намуда, бештар вориди ин дунё мешудам.

Ҳар вақт касе мепурсид : “Хонда чӣ мешавӣ?”. Мегуфтам: “Журналист”. Эҳсоси аҷиб аст. Ҳар шахсе, ки дилбастаи касби худ бошад, инро хубтар дарк мекунад.

Дар синфи 7 мехондем. Яке аз устодони мактабамон дар даст варақҳои сафед дохили синфхона шуд ва ба мо нигариста, гуфт: “Толибилмони азиз, шумо ҳоло наврасед, дар ояндаи наздик бояд ба ягон роҳе ба хотири муваффақ шудаву ба Ватан хизмат намудан ворид шавед. Бояд аз ҳозир фикри дар оянда кӣ шудани худро намоед». Инро гуфту варақҳоро тақсим намуд.

Акнун ҳама дар фикри интихоби касб. Дигарон то ҳол касберо интихоб накарда буданд. Ман бе ягон фикру андеша навиштам: “Ман журналист шудан мехоҳам”. Ҳамину бас.

Ин анъана то хатм намудани мактаби миёна идома ёфт. Аммо баъзе ҳамсинофонам, дӯстонам дар байни ин солҳо чандин маротиба касб, пеша ё ихтисоси интихобкардаашонро тағйир медоданд.

Аз хурдӣ дар муҳити эҷод ва эҷодкорӣ бузург шудам, ки ин ҳам ба интихобам беътасир намонд. Дар ёдам ҳаст, ки бобоёну бибиҳоям ва дигар хешовандон сари як пиёла чойи кабуд ҷамъ меомаданду аз таърихи гузаштагон, аз ояндаи фарзандонашон, аз таҷрибаи андӯхтаи худ, аз суханони бузургон, аз шеъру суруди эҷодкардаашон мегуфтанд. Ҳарчанд мардуми оддии Панҷакент шоири касбӣ набошанд ҳам, барои ифшои ормонҳояшон, хушиҳояшон, дардҳояшон шеърҳое меофариданд. Ин ҳам дар интихоби ман замина фароҳам меовард.

Дар интихоби касб фикру андешаи волидайн ҳам бетаъсир намемонад. Падару модарам аз интихоби ман ифтихор мекарданду барои ба хадафам расидан кӯмаку дастгирӣ менамуданд. Шукр, ки бо кӯшишу талошҳои худ, бо кӯмаку дастгирии устодону волидайн, ҳамфикрии дӯстонам ба дунёи журналистика ворид гардидам.

Ҳоло роҳи дуру дарозе мунтазири ман аст, мушкилоти зиёд дар пай хоҳам дошт. Барои ба мақсад расидан то ҷон дар тан дорам, талош меварзам, ба ҳақиқатҳо пайравӣ мекунам ва аз дурӯғ дурӣ хоҳам ҷуст.

Хулоса, ман аз интихоби хеш ифтихор мекунам. Ифтихор аз он мекунам, ки касби ман дарди ҷомеаро мегӯяд, ҳамеша ҳақиқатро меҷӯяд, ба тамоми соҳа ва ҷанбаҳои иҷтимоӣ бо диду назари хос менигарад.

Умри инсон зуд мегузарад, мебояд онро бо корҳои беҳуда сарф накунем, пешаеро интихоб намуда, барои ба қуллаи музаффарият расидан талош варзем:

Умре, ки баҳо бувад гаронаш,

Бо ҳар баду нек магзаронаш.

Дар коргаҳе чунин дилафрӯз,

Коре куну пешае биомӯз.

Шаҳноза АЛИЗОДА

Добавить комментарий