Одамон ҳамеша гармиро дӯст медоранд. Дар фасли зимистон тавонмандон усулҳои гуногунро меҷӯянд, то аз гармӣ лаззат баранд. Онҳо барои табъи худро болида гардонидан аз саунаҳо, утоқҳои бӯғӣ, ваннаҳо, хонаи аква, хонаи фитнес, табобатҳои санаторӣ, намудҳои гуногуни масҳҳо истифода мебаранд, ки ба пиндошти худашон ба саломатӣ фоидабахшанд ва низ намуди зоҳирии инсон, бахусус, бонувонро бештар зеб медиҳад.

Барои ману модарам ба даст овардани сертификати комплекси санатории “Spa-Hayot” аз туҳфаҳои солинавӣ маҳсуб меёфт. Азбаски модарам хеле вақт аз дарди пой ва миён шикоят мекарданд ва ман ҳам ба ҳамин хотир фикр кардам, ки дар ин фасли сармо бо фароҳам овардани чунин фароғат дар комплекси санатории “Spa-Hayot” ҳам дардашон сабук мегардаду ҳам хотирашонро болида месозам. Бо ҳамин мақсад ба рақами 44 630 2222, ки дар зери сертификатам навишта шуда буд, занг зада, соати корӣ ва намудҳои хизматрасониҳои ин маҷмааро дақиқ кардам ва тибқи мувофақаи ҳосилшуда бегоҳирӯзии 19-уми январи соли 2020 бо модарам ба “Spa-Hayot” рафтем.

Дар ошёнаи якум, рӯ ба рӯи даромадгоҳ “Ресепшен” (ҳуҷраи бақайдгирӣ) ҷойгир буд. Сертификати худро ба корманди “Spa-Hayot” пешниҳод намудам. Корманд варақаро аз назар гузаронида, гуфт, ки “апаҷон, шумо ҳамагӣ 12 соат метавонед истироҳат кунед. Аз ошёнаи якум то чорум дар ихтиёри шумост. Метавонед аз саунаҳо, утоқҳои бӯғӣ, ваннаҳо ва ҳаммомҳо, инчунин, кортҳои теннис, билярд, хонаи фитнеси занона ва хизматрасонии косметологӣ истифода намоед”. Ва дар охир илова ҳам намуд, ки “шуморо дар ошёнаи чорум духтарон пешвоз мегиранд. Ба духтарон фаҳмонед, ки бо сертификат омадаед”. Ва ду адад дастбандакҳои сурхи занонаро бо рақамҳои 260-261 ба ман дод.

Хуллас, дар ошёнаи чор моро духтараке пешвоз гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки  бо сертификат омадаем. Сараш хам буд, ба суханонам эътибор надода, ба ҳамкори дигараш амр дод, ки “мизоҷонро ба утоқи либосивазкунӣ бурда, ҷевонашонро нишон деҳ”. Духтарак баъди иҷрои ин амр сачоқ ва пойафзоли резиниеро низ наздамон гузошту рафт.

Ману модарам пас аз омода шудан ба ҳаммоми туркӣ даромадем. Дар гармии бӯғ бӯйи ғализ зуд ба димоғамон расид. Нороҳат шуда, баромадем. Баъди мо зани дигаре низ бо ду духтараки хурдсолаш даромаду зуд баргашт. Маълум шуд, ки онҳо ҳам ҳам аз бӯйи ғализи ҳаммом нороҳат шудаанд. Ба корманди масъули “Spa-Hayot” вазъиятро фаҳмондем. Вай фаррошро фармуд, ки ҳаммомро тоза кунад. Фаррош омада, ба таври худ ҳаммомро тоза карда, хушбӯйкунанда (освежитель) зада баромад. Ин ҳангом, ки ҳозирон бо дастонашон биниҳои худро маҳкам карда буданд, ғавғо бардоштанд: “Ҳам пул медиҳему ҳам ахлот бӯй мекашем?”…

Пас аз ин ҳолати нороҳаткунанда ман ба ҳавз рафтам. Аммо азбаски оби ҳавз ҳам ифлос буд, ноилоҷ пас гаштаму сӯи душхона шитофтам. Он ҷо селофану коғази собунҳо таги по партофтагӣ буд, вале собуну шампун мавҷуд набуд. Барои гирифтани собуну шампуни худ ба назди ҷевонам омадам. Бо дастбандаки сурхи ман, ки рақами 260-ро дошт, ҷевон кушода нашуд. Аз корманди “Spa-Hayot” калиди умумии онро пурсидам. Интизориям тӯл кашид, хунук хӯрдам. Ва ниҳоят, духтараке, ки дар аввал моро ҳамроҳӣ карда буд, омада, дари ҷевони маро кушод. Аз ӯ хоҳиш намудам, ки бароям ҷевони дигар диҳанд, то бе монеа онро кушояму ҳар бор аз пушти кормандони “Spa-Hayot” давида нагардам. Духтарак ба ман дигар калиди ҷевони рақамаш 282-ро бо дастбандак оварда дод.

Дар сертификати ман истифода аз хизматрасонии косметологӣ ҳам буд. Аз кормандони “Spa-Hayot” косметологро пурсон шудам. Посух гирифтам, ки “косметологи мо имрӯз ба кор наомадааст”. Ва якбора сари обро баста монд: “Утоқҳои фитнеси занона, билярд низ кор намекунанд. Шумо бояд дигар рӯз меомадед”.

Ҳол он ки, ман ба рақамҳои 44 630 2222 занг зада, рӯзи кориро аз корманди “Spa-Hayot” дақиқ карда будам. Дар (ресепшен) “Spa-Hayot” низ оид ба сертификати ман маълумот дода буданд. Пас, чаро ҳамон вақт ин ҳамаро нагуфтанд?

Хостам бо маъмурият ин масъалаҳоро ба миён гузорам, то минбаъд камбудиҳоро бартараф созанд. Корманди “Spa-Hayot”, ки дар ҳуҷраи бақайдгирӣ (ресепшен) кор мекард, ҷавоб дод: “Администратор ва маъмурият нестанд”. Гуфтам: “Занг зада, шикояти маро расонед, ман интизор мешавам”. Он корманд посух дод, ки “меҳмонони воломақом ташриф овардаанду ҳоло бо онҳо банд мебошанд ва бо шумо имконияти суҳбат карданро надоранд”. Ин дам як мизоҷи дигар низ аз хунук будани саунаи мардона дар утоқи “Вип” шикоят дошт.

Хуллас, ҳама орзуву ҳавасам барои ба модарам ҳадяи солинавӣ карданро дар як они воҳид “Spa-Hayot” бо бемасъулиятиву хунукназарии кормандон ва хизматрасонии дар сатҳи пасташ барбод дод. Зеро тасаввур намекардам, ки ба як комплекси санаторӣ омада, танҳо дар душхона ҳузур дошта метавонему халос. Охир, агар ин ҳама сарсонӣ барои истифода аз ҳамон як душхона будааст, онро дар хонаҳои худ ҳам мардум метавонанд фароҳам созанд. Ҳоҷати маблағу вақт сарф карда ба “Spa-Hayot” рафтан ҳам нест. Дар ҳамин андешаҳо будам, ки чашмам ба тахтаи тарғиботии дар даромадгоҳи бино овезон афтод: ”Spa-Hayot – роҳати ҷисму ҷон”.

Оё масхара ва хок пошидан ба чашми мизоҷон аз ин зиёд мешавад?

Шафтолуи гап ҳамин ки, ҳамон рӯз ману модарам ва бовар дорам, дигар мизоҷон ҳам, ҷисму ҷонамон роҳат накарду бо табъи хира ба хона баргаштем…

Ба рекламаҳои зебои беруна ва сомонаҳо бовар кардаву фирефтаи макри онҳо гардида, маблағу вақт ва саломатии ноёбатонро аз даст надиҳед!

Нигора САИДБЕКОВА

1 бинависед

  1. О, ДАР ПЕШИ ҲАМУ СПА ҲАЁТ СУРАТ НАГИРИФТӢ, НАБОШАД. Мо ҳам медидему намерафтем.

Добавить комментарий