Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, ба ту ҳазор савол дорам. Аз ту ҳазор шикоят дорам. Ба ту ҳазор гапи баҷоӣ дорам. Мехоҳам ҳазор бор дарди дил кунаму ту шунавӣ. Дар ҳасрате ҳастам, ки ба ту сухани хуш, хабари хуш дода, доимо ба рӯят бихандам, аммо, вале, лекин…

Ҷаноби Тоҳирӣ, имсол дар бозорҳои мо нарху наво ба осмон дакка хӯрд, аммо барои Рамазон не, балки барои дар ҳолати карантини сартосарӣ аз гуруснагӣ намурдан. Имсол ҳам тухм ба як сомонӣ расид, имсол ҳам помидор камёфту гарон шуд, имсол ҳам орд “фуки” худро болотар бардошт, имсол ҳам… аммо бовар кун, ин ҳама ба монанди солҳои қаблӣ на барои моҳи мубораки Рамазон, балки боз ҳам бо сабаби болозикр. Дар ин росто, ба ту рӯйирост мегӯям, ки ман дар бобати картошка умуман чизе гуфтанӣ нестам, зеро наздики як моҳ мешавад, ки дар забони хурду калон калимаи “топ” картошка аст, ҳатто матбуоти мо онро болои “кресло” бароварда шинонд. Яъне картошкаи 15-сомонӣ ҳам дидам, ки барои ҷомеае, ки мардумаш ба хотири 1000 сомонӣ ба даст овардан 8-10 соат ҷон мекананд, бисёр аламовар ва бад аст. Ва боз барои ҷомеае, ки мақомоташ чанд ҳафта пеш эълон дошта буд, ки мо барои ду сол захираи озуқаворӣ дорем, бисёр дарднок аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, имсол дар омад-омади моҳи мубораки Рамазон масъулин масоҷидамонро таъмиру тармим накарданд, балки дари онҳоро бастанд. Медонам, ту ҳам медонӣ, ки ин ба фоидаи ҷомеа мебошад, аммо сабаби ишора карданам он аст, ки Рамазони имсола рангу бӯяшро иваз кард. Бовар кун, Рамазон бо масҷид, ки ҳазорҳо-ҳазор нафар бо таҳорат ба он ворид мешаванд, зеби дигар дорад. Вале чӣ илоҷ, дар ҳоле, ки ҳамаамон ба боваре ҳастем, ки “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”?

Ҷаноби Тоҳирӣ, имсол Рамазони муборак замоне омад, ки аз нисф зиёди башарият дар хонаҳояшон “зиндонӣ” ҳастанд ва Худо кунад, ки рамазонӣ ва дуогӯи рафъи вабои охирзамон бошанд. Аз он ҷумла, тоҷикони бешумори мо ҳам дар кишварҳои мухталиф сарсону саргардон ва шояд гуруснаву бепул монда бошанд, ки онҳо ҳам ҳоло рамазониянд. Худо нигаҳ дорад!

Ҷаноби Тоҳирӣ, имсол моҳи шариф дар вақте омад, ки тамоми башарият дар тарсу ҳарос буда, ҳар сухану амали тавсиядодаи олимону духтуронро барои зинда мондан бе чуну чаро иҷро карда истодаанд ва Худо накунад, ки тавсияе барои пешгирӣ ё паҳншавии вабои аср давоми рӯз хӯрдан ё ошомидани давое бошад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, моҳи раҳмат, бахшоиш ва наҷот аз оташи ҷаҳаннам айёми авҷ ва хурӯҷи вабои аср омадааст, Худо кунад, ки бо раҳмату марҳамати Офаридгор, саҳву хатоҳои мо бахшида шудаву аз доми ин балои охирзамон башарият наҷот ёбад.

Баъди ин ҳама чунин хулоса метавон кард:

Ҳоло 6-ум рӯзи моҳи шариф аст, аммо ба мисле, ҳоло ба омаданаш 6 моҳи дигар мондааст.

Ҳоло 6-ум рӯзи моҳи шариф аст, аммо ба мисле, 6-ум рӯзи рӯзахӯрӣ аст.

Ҳоло 6-ум рӯзи моҳи шариф аст, аммо ба мисле, имсол Рамазон наомадааст.

Ҳоло 6-ум рӯзи моҳи шариф аст, аммо ба мисле, ки дунё Рамазон надорад.

Ҳоло 6-ум рӯзи моҳи шариф аст, аммо ба мисле, вақт дурӯғ гуфта истодаасту имсол омадани моҳи шариф 6 рӯз ба қафо афтодааст.

Ҳоло 6-ум рӯзи моҳи шариф аст, аммо ба мисле, мо 6 рӯз дар фикри ин моҳи муборак не, балки дар фикри рамзҳои пинҳон, дардҳои бедармон, эҳтиёҷоти ҳалношуда ҳастем.

Ҳоло 6-ум рӯзи моҳи шариф аст, аммо ба мисле, башарият ҳеҷ кайфияти Рамазонро пайхас накарда истодааст ва гӯё рамазонӣ нест.

Добавить комментарий