Шукрона кунед Хуршед, шукрона!

Дуруд ба Хуршеди азиз!

Муддати як ҳафта ним бемор будам, натавонистам ба мактубатон ҷавоб нависам. Роҳи аз ин дарди ҳарина раҳо шуданро мекофтам. Даст рӯи сина монда мардона мегӯям, ки номаи Шуморо ҳатто накушодам, нахондам. Медонистам, ки ба Шумо хуш намеояд, чун мо дар гузашта қариб ҳар рӯзи худо мактуб менавиштему ҷавоб мегирифтему дарди дил мекардему дарди ҷомеаро мегуфтему пеши худомо ҳалаш мекардем. Акнун, ки сари по шудам узру маънӣ пеш меораму нав сари компутар шишта ягон ҷавоб  менависам. Чаро “ягон ҷавоб” будааст, аз дил мегузаронед Шумо.

Барои он “ягон ҷавоб”, ки аслан намехостам мукотибаи мо дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ бошад! Мехостам мукотибаи мо дар бораи як чизе бошад, ки фақат ба дуи мо дахл дошта бошаду дар ин арафаи вабои сартосарӣ ба касе дарди сар нашавад, чун хотири мардум малӯл асту аз ману Шумо (ба бемории худамон нигоҳ накарда), ёрию дастгирию дилбардорӣ заруртар аст.

Барои он, ки ба гуфтаҳои Шумо, ки “..зеро дигар ин шабакаи иҷтимоие, ки дар он шоҳиди баҳсҳои омӯзанда мешудед, чизе барои хеш мегирифтед, дигар ба майдони сангандозию ҷанги иттилоотӣ, худситоӣ, дашному таҳқир бадал шудааст. Шояд сабаб он бошад, ки дар ин ҷой метавонӣ бо номи сохта касеро хоҳӣ дашному таҳдид намоӣ, санг занию бад гӯӣ, туҳмат намоӣ”- мегӯед розӣ буда наметавонам. Чун ки агар розӣ шавам, дурӯғ гуфта бошам. Дар ин муддати яку ним ҳафта чӣ фикрҳое аз сари ман нагузашт?! Дар ин муддат, ки ману духтару писарам бемор будему ҳамсояи хуби беозори дар ба дарамон, паҳлавони дукаратаи Осиё оид ба гӯштӣ Илҳом Сарабеков даргузашту ҳатто натавонистам дар ҷанозааш иштирок кунам, аз ҳама чизу ҳама кас дилам монда буд! Касе зангам намезаду ҳол намепурсид ҳамин Фейсбук, ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки маро аз ҳоли мардум хабардор мекард. Ҳамин Фейсбук, ҳамин фазои маҷозӣ буд, ки дарди диламро, ки шеъраке чанд шуда буд, менавиштам. Яъне, агар филмасал Шумо ҳам дар ҳоли ҳозир ҳамин фазоро намедоштед, дардатон аз ин ҳам зӯртару зиёдтар мешуд. Барои ҳамин ҳам шукрона кунед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here