Монолог

Биёед, ҳар “мурғ”-ро ба мурғ баробар накунем!

Ҷаноби Тоҳирӣ, бояд қоил шавам, ки ҳамагӣ то чанд рӯзи пеш ман танҳо тухм ва гӯшти мурғро дӯст медоштам ва аз он ки дар деҳа чанд мурғ доштему онҳо чӣ мехӯрданду рӯзона чанд тухм мекарданду шабона дар куҷо хоб мекарданду онҳоро кӣ ногоҳубин мекард, умуман бехабар будам ва хабар доштан ҳам намехостам.

Росташро гӯям, гӯшти мурғро дӯст доштанам аз он аст, ки охир он гӯшт аст ва бояд онро дӯст дошт. Аммо бояд бигӯям, ки сабаби тухми мурғро дӯст доштанам мураккабтар аст. Медонӣ барои чӣ? Дар чор соли донишҷӯйӣ ва инак як соли магистрӣ ман будаму шиками гурусна, мағозаву ошхона ва тухму тухмпазак.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ба деҳа омадам. Аз оҳу вой, доду фарёд, паникаву депрессияҳои интернетӣ канор шудам. Бисёр худамро озод ва орӣ аз маълумотҳои дурӯғу сенсатсионӣ ҳис карда истодаам. Ва чизи аз ҳама муҳим ин ки, ман дар се рӯзи охир мурғҳоро дӯст доштам, ки ҳоло ба ту як-як мегӯям.

Рӯзи аввал, додарзодаи 5-солаам “ту-ту, туу-туу…” гуфта, аз гӯшаҳои ҳавлӣ мурғҳоро тарафи худ хонд. Онҳо ҳам давон-давон бо табъи хуш, бале, ҳамон тавре, ки мо бачаҳо ба оши наҳор ё ташкилии рафиқонамон ногаҳ даъват мешавем ва гӯё оҳиста-оҳиста, аммо давон-давон мешитобем, омаданд. Ба мурғҳо бисёр хушру ва ором ҷуворимакка хӯронд. Дар охир, чанд луқма дар замин монда буд, ки як мурғи модина онҳоро хӯрда истода буд, ҷиянам чун одати кӯдакона ва ба мисли ҳама кӯдакони дигар тарафи он давид, яъне ҳамроҳи мурғи хӯрокашро тамом накарда шӯхӣ кардан хост, аммо хурӯсамон, ки аз онҳо 1,5-2 метр дуртар буд, ба болои сари хӯрокдиҳанда парида, то даҳлези хона “гусел”-аш кард. Ва ба фикрам гуфт: “Духтарро ғам намедиҳанд, шӯхӣ кардан хоҳӣ, бо ман шӯхӣ кун”. Пас аз ин додарзодаамон гуфт: “Ака, барои чӣ хурӯс дар сарам парид?”. Дар ҷавоб гуфтамаш, ки ҳеҷ гап надорад, ту арӯсашро ғам додӣ ва ӯ туро ғам дод, баробар шудед.

Рӯзи дуввум, мурғи “ҳомила”-амон ҳафт чӯҷа баровард, офаринаш! Бисёр хурсанд шудем. Худо хоҳад, пас аз 6 моҳ онҳо тухмдеҳ мешаванд ва дар ин шароите, ки тухм як сомонӣ арзиш дорад, дастоварди хуб аст. Мурғ-модар, ки қадру қимматаш 7 баробар афзуд, бо чӯҷаҳояш ба замин нӯл мезад. Ман аз пешашон гузаштам. Овозаш баландтар шуд. “Қуд-қуд, қуд-қуд…”-гӯияш афзуд. Зеҳн мондам. Он ҳамаи чӯҷаҳояшро дар таги парҳояш ҷой кард. Ҳамон “қуд-қуд, қуд-қуд…”-гӯиҳояш “ин ҷо биёед” будааст. Наздиктар рафтам. Бо як чашмаш ба ман нигарист. Як овози безеб баровард. (Дар клавятураи ноутбук ҳарфе наёфтам, ки он овозро инъикос карда тавонад,- С. Т.). Ба фикрам хитоб кард: “Наздик наё, ки шатта мехӯрӣ!”.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ба гапҳоям гӯш дода истодаӣ? Бисёр хуб, давом медиҳам. Рӯзи саввум, субҳи барвақт додарзодаи 12-солаам, ки аз ҳама бештар ба ҳамин мурғу гову гӯсола таваҷҷуҳ дорад, бо хушҳолӣ хабар дод, ки мурғи навхаридаамон тухм карданист. Ба гуфти худаш, аз овозаш пай бурдааст, лекин бовар кунед, ман ҳеҷ гоҳ чунин овозро намешиносам. Ӯ наздики 20-30 дақиқа барои тухм кардани мурғи нав ҷой кофт. Хост, ки ҷойи беташвиш ва ороме ёбад, ки дигар ҳамеша мурғи тухмкун ҳамонҷо тухм кунад. Дар охир дар ягон гӯшаи ҳавлӣ макони мувофиқ барои тухмкунии мурғ наёфт. Дар ин вақт чашми ман ба хурӯсамон афтод. Он ҳам барабари ҷиянам ба фикрам то ин вақт ҷой кофта буд, вале хушбахтона ноумед нашуд ва агарчи додарзодаам ҷустанро бас кард, он бас накард. Хурӯс болои ҳелчаи мурғҳо (хонаи мурғҳо) баромад. Болои он танҳо коҳ аст. Ҳамон коҳҳоро тагу рӯ кард ва хост, ки барои ҳамхонааш ҷой ёбад, аммо мутаассифона ин “ҷентелменӣ”-яш ба хубӣ наанҷомид. Он аз ҳамон боло ба даруни ҳели мурғ афтод.

Ҷаноби Тоҳирӣ, шояд мақсадро фаҳмидӣ? Як нигар, мурғ ғами ҷинси латифро мехӯрад: онро ҳимоя мекунад, аз пушти он бо одам ба майдон мебарояд. Ғами фарзандонашро мехӯрад: онҳоро аз тамоми махлуқот ҳимоя мекунад, онҳоро дӯст медорад, аз ҳама ҷудо шуда, бо онҳо мемонад. Барои рафъи мушкилии ҳамхонаи худ кори аз дасташ меомадара мекунад: ҳатто ба ҷойҳое меравад ва кор мегирад, ки ҳеҷ гоҳ назараш он ҷоро намегирад. Вале мо бошем, ҳар нафаре, ки номардӣ кард, аз уҳдаи коре набаромад, ваъдаеро вафо накард, кореро ҳал нанамуд, ба гапаш истодагарӣ кард…, мурғаш мегӯем. Магар ин нисбат ба мурғ ноҳақӣ нест?

Илтимос, биёед, ба номи мурғ доғ наорем!

Сино ТОҲИРӢ

Добавить комментарий