Чаро муҳоҷирон ба хадамотҳои муҳоҷират дигар эътимод надоранд?

Имрӯз дар Тоҷикистон муҳоҷират ба як мушкили рақами 1 табдил шудааст. Аз чунин раванд на танҳо мардон, балки занони тоҷик, наврасон ва ҷавонон азият мекашанд. Муҳоҷирати тоҷикон бештар ба Русия сурат мегирад,вале бо азияту машаққати хеле калон. Тибқи иттиллои ғайрирасмӣ, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба якуним миллион расидааст.

Ҳодисаҳои таҷовуз шудани духтари 6-сола, ба ҳалокат расидани кӯдаки 6-моҳа дар шуъбаи полис, латукӯби муҳоҷирон, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидани муҳоҷир аз ҷониби скинхедҳо, урён намудани ҷавонон дар назди наворҳои назоратӣ, таҳқиру таҳдиди милисаҳо аз муҳоҷирон дар байни омма, сари вақт нагирифтани музди маош дар объектҳои сохтмонӣ, бе қарордод ва шартнома кор кардан аз мушкилоти мубрами муҳоҷирон дар кишвари Русия ба шумор меравад.

Гарчанде солҳост Вазорати меҳнат барои муҳоҷирон тариқи қарордод кор пайдо мекунад, вале аз ин пешниҳодҳо ҳам ягон манфиат ба чашм намерасад. Гарчанде омӯзишгоҳҳои касбӣ ҳам дар назди вазорат солҳост фаъолият мекунанд, вале мутахассисони хуб омода карда наметавонанд, то ки соҳиби нони ҳалоли худ гарданд. Маҳз бештари занон дар Русия аробаи зиндагиашонро аз ҳисоби иҷора додани хонаҳо пеш мебаранд, ки албатта аз надоштани ҳунар маҳз ба чунин корҳо даст мезананд. Мушкилоти муҳоҷирон тавре буд, ҳамчунон боқӣ мондааст.

Тайи 2 сол аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад самти муҳоҷиратро ба дигар кишварҳо, мисли Қатар, Дубай, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Туркия ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс иваз кунад. Талошҳо гарчанде то ҳол ягон натиҷаи дилхоҳ ба даст наоварда бошанд ҳам, вале гуфтушунид дар ин самт идома дорад.

Вале мардум дигар на ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, на ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва дигар намоядагиҳо барои дарёфти кӯмак аслан бовар надоранд. Зеро, ба қавли муҳоҷирон, ин намояндагиҳо фақат мушкили худашонро ҳал мекунанд ва рақамҳои телефоне, ки дар сайтҳо мегузоранд, тамоман ҷавоб намедиҳанд: «Муҳоҷиронро писанд намекунанд. Мушкили кадом муҳоҷирро инҳо ҳал кардаанд? Худамон медонему дави аспамон. Мо ҳатто аз занг задан метарсем. Занг занем, мегӯянд, мардакен, ҳал кнен проблемотона, занг назанед, мо дар маҷлис». Бо занон ҳам хеле дағалона суҳбат мекунанд: «Занакен, намешинен дар ҳаму хонотон, иҷа Росияай, азоб мекашӣ, аку мо дигар кор надорему ай пушти шуҳотон даводав кунем, ё ай пушти шумо?». «Вале зиндагии худашон ин ҷо хеле хуб аст. Аксариятро мебинед, ки ба ҷуз дар тарабхонаҳои Русия дигар дар куҷо акс доранд? Ё дар куҳҳо худро селфӣ мекунанд, ё аз баландиҳои 200 км худро ба замин мепартоянд. Ё яхтаҳои гаронарзишро иҷора мегиранду дигар 10 рӯз телефонҳоро хомӯш мекунанд. Баъд дар фикри муҳоҷиранд? Вазифа ки доранд, дигар метарсем гап занем қатишон».

Чандест, ки «Радиои муҳоҷир» дар пойтахти Русия — шаҳри Маскав ба фаъолият шуруъ кардааст ва беш аз 10 коргару 100 000 ҳазор шунаванда дорад. Ва ягона рӯзномаи «Тоҷикони Русия», ки бо ташаббуси бевоситаи Tajinfo рӯйи чоп меояд, низ имрӯз хеле фаъол аст. Инчунин, дар «Радиои муҳоҷир» барномаҳои «Хабар», «Ёди Ватан», «Қалби муҳоҷир», «Забономӯзӣ», «Дар меҳмонии радио», «Тоҷикони дунё», «Китоб дар назди микрофон», «Шоми ғарибон», «Дӯкони ханда» «Ҳидоят» садо медиҳанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сафарҳои расмӣ барои беҳтар кардани вазъи кунунии муҳоҷирон ҳамеша садо баланд мекунад. Дар мулоқотҳои сатҳи баланду расмӣ барои кӯмак ва дарёфти зиндагии шоиста барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз ҳамтои русаш Владимир Путин низ маротибаҳо ҳамкории судмандро тақозо кардааст.

Вале вазъи муҳоҷирони тоҷик кай беҳтар мешавад? Оё роҳи ҳиҷрат ба мамолики дигар зиндагии моро воқеан ба самти мусбат тағйир медиҳад?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА   

Добавить комментарий