“Самак” анъанаи деринае дошт, ки дар як мавзӯъ ду назари зидду нақизро сари як мавзӯъ пешниҳоди хонанда мекард. Ин баҳс миёни шоири шинохта Абдувоҳиди Зевар ва журналисти хушқалам Хуршед Атовулло сурат мегирифт. Тибқи дархости хонандагони нашрия  аз ҳарду хоҳиш кардем то дар “Самак” ин анъанаро идома диҳанд. Редаксия тайёр аст назари дигар хонандагонро вобаста ба ин мактубҳо пешкаши Шумо гардонад.

Абдувоҳид салом!

Муддати тӯлониест, ки ба Шумо нанавиштаам. Намедонам, шояд аз он сабаб бошад, ки дигар ба ҳуруфчинӣ дар компутар одат кардааму наметавонам бо хома нависам ё шояд сахт танбал шудаам ва ё дигар шикваю шикояту насиҳатро дар ин замони “каҷ дору марез” беҳуда медонам. Намедонам… Шояд сабаб яке бошад ва ё ҳар се.

Аммо инро медонам, ки вақти зиёди хешро ба хондани шарҳу маводу хабари фейсбукӣ сарф мекунам. Дар аввал чизе барои хеш он ҷой пайдо мекардаму хурсанд будам, ки беҳуда ба ин равзана сар назадаам, вале ҳоло аз боз кардани ин саҳифа дилам беҳузур мешавад. Бовар мекунед? Зеро дигар ин шабакаи иҷтимоие, ки дар он шоҳиди баҳсҳои омӯзанда мешудед, чизе барои хеш мегирифтед, дигар ба майдони сангандозию ҷанги иттилоотӣ, худситоӣ, дашному таҳқир бадал шудааст. Шояд сабаб он бошад, ки дар ин ҷой метавонӣ бо номи сохта касеро хоҳӣ дашному таҳдид намоӣ, санг занию бад гӯӣ, туҳмат намоӣ. Аз маргу мири касе базм ороӣ, аз бадбахтии касе  чунон табли шодӣ кӯбӣ, ки ҳатто дар разми Рустаму Суҳроб нашнидаанд. Хулоса, Фейсбук ба назари ман Мотамхона ё “ғайбати занакои лаби об” -ро мемонад.

Дилам ба ин сабаб дигар аз ин шабакаи иҷтимоӣ ҳам сард шудааст. Дигар танҳо барои он вориди “Фейсбук” мешавам, ки фаҳмам кадоме аз дӯстонам зодрӯз дорад, то ӯро бо вожаеву ҷумлае табрик гӯям. Бовар мекунед, дигар табрикоте, ки менависам, бароям дилгиркунанда гаштааст. Ҳарчанд мекӯшам он чӣ менависам ба дигарон монанд набошад, аммо рӯз ҳатто шом нашуда, онро даҳҳо нафар истифода мебаранду аз истифодаи дубораи он хиҷолатзада мешавам. Ба гумоне, ки касе нагӯяд онро дуздидаам. Ҷумлаҳое чун “Хонаободу тандуруст бошед”, “Каму ғаму намро набинед”, “Иқбол ёр, Худованд мададгор” ва амсоли инро аввалин шуда ман истифода кардаам. Шояд бовар накунед, чун ин ҷумлаҳои табрикотро имрӯз даҳҳову садҳо истифода мебаранд.

Ана ёфтам: Шояд сабаби муддате ба Шумо нанавиштанам ҳамин “Фейсбук” бошад, ки вақти маро зиёд мегирад?

Аммо ба хулосае омадам, ки ба баҳсе ҳамраҳ нашавам, ҳарфи хешро дар гулӯ буғӣ намоям, ба сари хеш ҳақорату дашном нахарам.

Шумо ба ин фикри ман чӣ мегӯед, намедонам, аммо мавзӯъҳоеро, ки ба назари ман дилгиркунандаву дилбазану хато ҳастанд дар ин шабакаи иҷтимоӣ, пеши Шумо хоҳам гуфт. Валидолро пеши худ гузореду ба баҳс омода бошед!

Акнун фаҳмиданӣ будам, ки тӯли ин муддати дароз Шумо ба чӣ кор банд будеду чӣ навиштеду бештар аз чӣ менависед? Аз муваффақияту дастовард бигӯед, ки аз нарасидани маошу гароншавии орду картошка худам ҳам медонам. Вақт, ки пайдо кардед, ҳатман нависед!

Хуршед Атовулло, апрели соли 2020

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here