15 рӯзи таътили мактаббачаҳо барои бархе волидон мисли таби баланд менамояд.

Пас аз ҷаласаи ахири Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19, ки таҳти раёсати сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода баргузор гардид, ин ҳафта 2 миллион хонандаи мактабҳои ҷумҳурӣ то 10-уми май ба таътили муваққатӣ фиристода шуданд.

Аз ин пеш мардум аз Ҳукумат хоста буданд, ки карантин эълон кунад, то аз паҳншавии бемории коронавирус пешгирӣ шавад.

Вале пас аз 1 рӯзи таътили кӯдакон дар шабакаҳои иҷимоӣ навору суратҳое нашр гардид, ки онҳо то нисфи шаб дар кӯча бозӣ мекардаанд. Яке аз масъулони Вазорати маориф ва илм дар зери яке аз наворҳо навишт: “Мебахшед, ҳама тарафдор, ки карантин диҳанд! 15 рӯз таътил додаанд, дар хона намешинанд ку! Аз саҳар сар карда, то ҳозир соат 22:13, дар таги дом ҳастанд! Ҳам кӯдакон, ҳам калонсолон! Кӯдакон рафта дарс хонанд, беҳтар нест!? Аллакай вақти шабона шуруъ шуд, намемонанд хоб кунӣ? Ин чӣ аҳвол аст? Чӣ коре, ки аз дасти давлат омада истодааст, мекунад. Боз мақомотро ганда мегӯянд баъзе шахсоне, ки фарзандонашонро дар хона нигоҳ дошта наметонавонанд ва худашон ҳам шиштан намехоҳанд!».

“Инсон шири хомхӯрда аст, на тоқати сармо дорему на тоқати гармо”,- менависад дигаре.

Айни ҳол дар мактабҳои олии мамлакат барои донишҷӯён дарсҳо идома доранд ва масъулини вазорат мегӯянд, ки дар сурати ворид гардидани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад.

Як масъалаи дигар ҳам аз рӯзҳои аввали таътил пайдо шуд: Ҳарчанд қаблан гуфта буданд, ки омадани омӯзгорон ба мактаб дар ин давра маҷбурӣ нест, вале чанд нафар навиштанд, ки масалан дар мактаби 51-и шаҳри Душанбе муаллимонро маҷбур доранд, ки ба дарс биёянд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин мактаб, тибқи бархе маълумотҳо, аксарияти омӯзгорон аз 50-сола болоянд. Пас хатари гирифтории касалиҳои сироятӣ ба онҳо вуҷуд надорад?

Ҷои изтироб аст, ки бархеҳо даъво намуданд, ки агар Ҳукумат карантин эълон накунад, онҳо фарзандонашонро худ ба мактаб намемонанд. Дар боғчаҳо низ чунин мушоҳидаҳо зиёд ба назар мерасид, кӯдаконро ба боғчаи бачагона намебурданд. Албатта, метарсиданд ва эҳтиёт мекарданд модарон. Аммо имрӯз онҳо дар кӯчаву бозор беназоратанд. Зарур ва нозарур ба кӯча мебароянд ва кам андар кам ниқобҳои тиббӣ мепӯшанд.

Маълум аст, ки модари босаводу бофаросат бархӯрди дигаре дорад. Ҳолатҳоеро ҳам дидем, ки модарон ба кӯдакони дар таътил будаи худ реҷаи муайян омода карда, барояшон вақти китобхонӣ ва дигар корҳоро ҷудо кардаанд. Якҷоя мешинанд, китоб мехонанд, баҳс мекунанд. Модароне ҳам ҳастанд, ки ба кӯдакони худ пухтупазро омӯзонидаанд ва байни фарзандон мусобиқаи “кӣ хӯроки хубтар мепазад?” ташкил кардаанд. Барои духтарон ва ҳатто писарбачаҳо ин кори фоиданок аст ва омӯхтанаш дар оянда барои ҳар кадом зарур мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки буҳрони коронавирусро намедонанд кай тамом мешавад…

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо ду ҳафта ба мактаббачаҳо таътил додаанд. Аммо дар дунё кишварҳое кам нест, ки мардум моҳҳо дар карантинанд. Онҳо зарур шуморидаанд, ки усули “ҳаёт дар дохили хона” -ро муносиб таҳия намоянд, то кӯдакону калонсолон аз ҳад зиёд зиқ нашаванд ва вақтро низ беҳуда нагузаронанд.

Вазорати маориф ва илм барои эҳтиёт бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, ки 9 миллион евро ҷудо кардааст, таълимоти фосилавиро ба роҳ монданист. Яъне кӯдакон имкон доранд, ки дар хона нишаста, дарс хонанд. Ин таҷриба дар кишварҳои пешрафта солҳо боз давом дорад ва махсусан дар шароити карантин моҳияти худро нишон дод.

Агар падару модарони тоҷик ба ҷои даъвоҳои беасос, ки “кӯдакамон бесавод мемонад” (вале дар асл парвои онҳоро надоранд), талаб мекарданд, ки Ҳукумат интернетро бо нархи арзону сифати беҳтар таъмин намояд, онҳоро фаҳмидан мумкин буд. Вале… мо дар чӣ хаёлу онҳо дар чӣ хаёл. Яъне модарон мехоҳанд таътил ҳарчи зудтар тамом шаваду кӯдакон ба мактаб раванд ва онҳо сериалҳои дӯстдоштаи худро бе ташвиш тамошо кунанд.

Оре, дар шароити душвору куҳсори Тоҷикистон шояд фарогирии саросарии мамлакат бо интернет мушкил бошад, хоса дар минтақаҳо.

Зимнан, масъулини Вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар вақти таътил тавассути барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намуда, аз барномаи таълимии мактабӣ дур намонанд. Омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия медиҳанд.

Волидайн низ дар ин раванди ҳассос бояд ба фарзандонашон кӯмак кунанд, барои онҳо нақшаи ҳаррӯза тартиб диҳанд. Ин масъулияти муҳимтар аст, назар ба тамошои сериалҳои туркӣ.

Ё не?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Добавить комментарий