Ҳаёти идеалӣ нисбӣ аст, аз ин сабаб, барои ҳар нафар ба тарзи гуногун сохта мешавад.

Парвиз навиштаи қаблиро, ки пурра аз идеалхоҳии Мубориз қисса мекард, хондаву хеле хандид. Хандаҳояш як сабаб доштанд: ӯ худро дар ҷойи Мубориз ҳис кард, ҳамчуноне ки гуфта будем: “Мубориз ҳар яки мо ҳастем”. Ва хушбахтона чанд умумияти худро ҳам бо қаҳрамони пешин пайдо кард. Пасон ба фикр фурӯ рафт. Ба фикре, ки то имрӯз бо афсона, хаёл, андеша ва боварӣ ба он, ки рӯзе мешаваду ӯ ба ҳама хостаҳои идеалиаш мерасад, зистанаш беҳуда будааст.

Ҳамаро инкор кард…

Дилаш хунук шуд…

Ноумед гашт…

Бехуд шуд…

Агар хондани ин алифборо аз ҳарфи “а” оғоз кунем, чунин мазмун медиҳад:

Соли гузашта Парвизро волидонаш оиладор карданӣ буданд. Ҳар номзадеро, ки ба ӯ пешниҳод мекарданд, ҷавоби рад мешуниданд, зеро талаботи писарашон ниҳоят зиёд буд. Аниқтараш, Парвиз духтареро ҳамчун ҳамсар гирифтан мехост, ки ӯ боақл, замонавӣ, донишманд, зебо ва хушсухану хушрафтор бошад. Дар ин баробар, ҳама духтарони пешниҳодкардаи волидонаш, зиёдтар модарашро рад мекард, зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ин ҳама талабот ҷавобгӯ набуданд.

Ҳамин тавр, бо ҳамин фикр ва андеша як сол гашт. Дар ин як сол волидонаш аз даҳ номзад зиёдро ба ӯ пешниҳод карданд ва пеш аз нуқта мондан, мумкин аст бигӯем, ки ҳоло ҳам вай оиладор нашудааст.

Дар як вақт як духтар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ба ҳама хостаҳои домодшавандае чун Парвиз ҷавобгӯ бошад. Инро дар баробари Парвиз қисми зиёди ҷавонони мо низ намефаҳманд ва ҳатто фаҳмидан ҳам намехоҳанд. Яъне хостаҳое доранд, ки онҳо бо ақл фикр карда нашудаанд.

Парвиз пеш аз дигарон як чизи муҳимро дарк кард: ҳаёти идеалиро ҳар нафар барои худ бояд худаш созад. Ва ин ҷумла дуруст аст.

Табиист, ки ҳамагон мехоҳанд ҳамсаршавандаашон боақлу замонавӣ, донишманду зебо ва хушгуфтору хушрафтор бошад ва аксарият бо дидани он, ки номзадашон ин хосиятҳоро надорад, ҷавоби рад медиҳанд, вале боре фикр намекунанд, ки чунин хислатҳоро бояд худ ба номзадашон давоми зиндагӣ насб кунанд.

Бадбахтона, дар мо як фикр роиҷ аст: агар ба ҳама талабот ва хостаҳоямон мувофиқ набошад, намегирем. Дар ин баробар фикри сохтани ҳаёти идеалӣ зери абри сиёҳ мемонад ва ин дар ҳолест, ки ҳаёти идеалӣ ба касе ҳамту туҳфа намегардад, балки онро бояд ҳар нафар барои худ бунёд кунад.

Хушбахтона, ин чизи муҳимро Парвиз дар ин як ҳафта хуб дарк кард ва ба хулосае омад, ки дар вақти интихоби ҳамсар ду чиз муҳим аст: боақлӣ ва мувофиқ будани ситораҳо. Тамом, дигар ҳамаашро худаш мувофиқу мутобиқ мекунад.

Масалан, то як ҳафтаи қабл ӯ мехост нафареро ба занӣ гирад, ки тамоми талаботи болозикрро дошта бошад, вале дарк кард, ки чунинаш имконнопазир аст ва худаш метавонад ҳар талаботи худро дар замони муайян бароварда кунад.

Барои дар ҳақиқат замонавӣ шуданаш як сол, барои хушгуфтору хушрафтор шуданаш як сол, барои каме дониш андӯхтанаш як-ду сол, барои… сарф мекунад ва ҳамааш хуб мегардад.

Ин ҳама бо ҷурми ҳодисаи болозикр вобастагӣ дошт. Ӯ ба қароре омад, ки ҳеҷ гоҳ зиндагии идеалӣ ба мо туҳфа намегардад, балки бояд худамон онро созем. Ва аз пайи сохтани он шуд.

Ин аст сохтани ҳаёти идеалӣ. Биёед мо ҳам кӯшиш мекунем!

Добавить комментарий