Чаро дар иди саиди Фитр бо вуҷуди тавсияҳо барои пешгирӣ аз коронавирус кӯдакон дари хонаҳоро тақ-тақ мезаданд?

Имсол дар муқоиса ба солҳои қабл моҳи шарифу пурбаракаи Рамазонро мардуми Тоҷикистон бе ифтор, бе намоз дар масҷид, бе либоси нави идона, бе рафтан ба сари мазори гузаштагон ва бе идгардак ҷашн гирифтанд. Дар ин иди Рамазон смс-пайёмҳои “хона биёед” баръакс ба паёмакҳои “хоҳиш, ба хонаи мо наёед, ман ҳам ба хонаи шумо намеравам” иваз шуд. Аз сӯи дигар, хабари аз коронавирус ҳам даҳшатноктар дар рӯзи ид — ин нашри хабар дар бораи тирандозии марзбонони Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон буд.

Шӯрои уламои маркази исломӣ бо нашри қарор дар бораи худдорӣ аз баргузор кардани ҳар гуна ҷамъомад, таровеҳ, идгардак ва дигар маъракаҳо таъкид кард, ки вобаста ба вазъи феълӣ бо намоз, дуову ниёиш ва фотиҳа ба руҳи гузаштагон иктифо кунем.

Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ муроҷиат намуд, ки дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар наравед, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват накунед ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки “Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем” аст, ба таври қатъӣ риоя кунед.

Вале ҳамаи ин қарорҳо як тараф, дар баъзе кӯчаву хиёбони шаҳри Душанбе ва берун аз он кӯдакон аз субҳ ба кушодани дари мардум оғоз карданд. Пас куҷост масъулияти падару модар, ки субҳ то шом дар борааш дар расонаҳо гуфта мешавад, аммо боз дидаву дониста фарзандони худро ба манбаи сироят табдил медиҳанд? Наход барои 1 рӯз фарзандонро дар пешашон нигоҳ кардан душвор бошад? Наход баъд аз шунидани ин қадар фавти бузургони миллат ҳам аз эҳтиёт кор нагирем?

Ростӣ, ман ҳеҷ бовар намекардам, ки бархе волидайн чунин бемасъулият бошанд. Мебахшеду агар ид намекардем, мемурдем-мӣ? Нафароне, ки ин ваборо аз сар гузаронидаанд, аллакай медонанд, ки он чӣ аст ва дар бораи бераҳмиву қаттолии он ҳар рӯз мехонем. Имрӯз ҳама дастрасӣ ба Интернет доранд, ҳамаи дуоҳо он ҷо ҳаст, пас хуб намешуд, ки ба ҷои безобита кардани мардум ва мисли бесоҳиб ба кӯчаҳо сар доди кӯдакон, дар ҳаққи гузаштагон дуо мекардед?

Баъзеҳо ҳатто пинҳонӣ идгардак карданд. Ман намефаҳмам, вақте омори расмии Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки 3 ҳазору 100 нафар мубталои коронавирусанд, мардум ҷиддӣ намегирад? Бовар кунед, агар мо ҷиддӣ нагирем, ғолибиятро субҳи фардо ҳаргиз интизор нашавед.

Наворҳо аз тамоми бозорҳои шаҳр дар интернет паҳн гардида буд, ки ҳама харид рафтаанд. Ягон кас на гигиена ва на беҳдоштро риоя намекард, дар бораи масофаи иҷтимоӣ ҳатто гап намезанам.

Баъзеҳо ҳатто пешниҳод мекунанд, ки занони хонашин бо aарзандонашон дар хона бояд шинанд, вале имрӯз ҳамин занҳоро роҳашонро гирифта намешавад. Пас мо низ мисли давлати Ҳиндустон аз калтаку мисли Русия аз мушт ва амсоли Ӯзбекистон аз ҷаримаҳои ҳангуфт кор бигирем?

Қоидаҳои беҳдоштиро кӯдакон бидуни калонсолон наметавонанд риоя кунанд, бовар кунед. Баъзе наврасон, ки села-села идгардак мекарданд, як қисмашро мебинӣ, ниқоб пӯшидааст, боз ду-се ҷӯраи дигар он ниқобро шӯхикунон аз рӯяш мекашанд ва дар рӯи худашон мепӯшанд, то акс-селфӣ бигиранд. Яке онро дар кисааш пинҳон мекунад. Хуллас, ҳама хурду бузург бефаросатӣ нишон доданд. Ва баҳона пеш меоранд, ки Ҳукумат нагуфт 100-фоиза карантин. Ҳукумат сад дар сад эълон накард карантин, вале гузарондани идгардакро манъ карданд-ку! Иҷро накардед!

Бубинед, дар Британия истеъфои ёрдамчии калони сарвазир Доминика Каммингсаро мехоҳанд. Медонед барои чӣ? Чунки қоидаи карантинро вайрон кард. Вале сарвазири мамлакат Борис Ҷонсон гуфт, ки “ман ӯро сабукдӯш намекунам, зеро ба шаҳри Дарем рафтани ӯ сабабнок буд, барои беҳтар шудани саломатӣ, чун зану шавҳар ба коронавирус гирифтор шуда буданд, мехостанд маслиҳат кунанд, ки тарбияи фарзандро ба зиммаи кӣ бояд гузошт?”.

Ва ё мардуми Амрикоро дар рӯзҳои карантин ба бозии голф рафтани Доналд Трам — президенти ИМА хашмгин кард. Маркази ин бозӣ дар шаҳри Стерлинг, штати Вирҷиния ҷойгир аст. Мардуми Амрико гуфтанд, ки презиндент чунин ҳуқуқро надошт, ки равад, истироҳат кунад, дар ҳоле, ки ҳазорҳо нафар дар замони карантин ва вируси КОВИД-19 ба ҳалокат расиданд. Вале Трамп зуд дар саҳифаи Twitter вокуниш нишон дод ва афзуд: “Ба бозии голф рафтани ман пас аз 3 моҳ ба вуқуъ пайваст”. Ва ҳатто ёдовар шуд, ки Барак Обама замони президентиаш барои бозии голф ба Гавайи бо чархбол мерафт.

Ҳоло бештар лӯлиён нисбати саломатии худу дигарон бисёр беаҳамиятанд. Вақте барояшон аз пушти дар мефаҳмонӣ, ки вирус аст ин рӯзҳо, хоҳиш, гаштугузорро камтар кунед, медонед чӣ ҷавоб медиҳанд? “Ҳеҷ кас нормално эълон накардай карантинай, эълон кунанд, намиёем!”.

Беҳтараш биёед якҷо дуо кунем, ки Худованд ин ваборо аз олам гум созад ва соли оянда, насиб бошаду зинда бошем, 7 шабу 7 рӯз ид мекунем. Чӣ гуфтед?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here