Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Номаатонро мехондаму тақдири худораҳматии Акбари Саттор ба ёдам меомад. Баробари ба итмом расидани нома, хостам тариқи телефон занг занаму гӯям, ки ман — ку бӯстонсарои шахсӣ надорам, аммо худатона эҳтиёт кунед! Чун бӯстонсарои Шумо як ҷойи хилвати зебост ва ҳуш дошта бошед, ки танҳо наравед! Аммо боз масъулияти ҷавоб навиштан ба ёдам расиду худдорӣ кардам. Боке нест, чун ки шоирон агар як панҷа девонагӣ надошта бошанд, дигар аз мардуми оммӣ фарқ намекунанд.

Боре барои табрики рӯзи таваллуди дӯсташ Пастернак ҳич туҳфае намеёбад, ки барад. Ин тараф менигарад ун тараф менигарад яке чашмаш ба як ресмоне меафтад, ки дар мехи хонааш кашол истодааст. Пеши худ фикр мекунад, ки биё то дасти холӣ ба табрики дӯст рафтана ҳамин ресмонро барам, шояд як рӯз лозимаш шавад. Дар ҳақиқат ресмон лозим мешавад. Медонед кай ва барои чӣ лозим мешавад? Баъд аз чанде дӯсташ Светаав худашро бо ҳамин ресмон ба дор мекашад. Хуршед-ако! Фикр накунед, ки ин ба мавзӯи интихобнамудаи мо чӣ рабте дорад! Ин ҳам ба як панҷа девонагӣ доштани шоирон ишорат мекунад.

Шукри Худо баҳор ҳам фаро расиду барфҳо об шуд. Кош ҳар кори хунук ё рафтори хунук ё сухани хунуки дӯстонамон ҳам мисли барфҳои зимистон об мешуду аз дилҳо сутурда мешуд! Аммо ҳайҳот! Шумо аз мани бебӯстонсаро тақозо доред, ки “интизори даъвати Шумо ҳастам”. Бошад! Чашм! Рамазон бурояду ҳамин вабо аз сари мардуми мо дафъ шавад, ҳар вақте, ки хостед даъвататон мекунам ба ҳар гӯшаю хоки Ватан, ки аз худ накарда бошанд!

Аммо ман бӯстонсароро ҷойи истироҳат намедонам. Ҳарчанд бӯстонсароҳои мардуми мо аслан як ҷойи гурез аз хонаю дару зану фарзанд аст. Як ҷойи шаробнӯшиву вақтхушию оббозию аз худ гурехтанҳост.Бӯстонсаро не, дӯстонсарост! Барои ман агар бӯстонсаро медоштам, албатта, ҷойи китобхонию шеърнависиям мебуд. Ҷойи обчакориям мебуд. Ҷойи як палча сабзиҷот сабзонданам мебуд. Ҷойи ниҳолшинониям мебуд.

Аммо афсӯси надоштани бӯстосароро намехурам, чун ки Шумо доред-ку! Агар лозим шавад китобе ё шаробе ё ақаллан ресмоне мегираму ба бӯстонсарои Шумо меравам.

Бо умеди хонаободиятон!

Абдувоҳиди ЗЕВАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here