Салом Абдувоҳид!

Дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус Фейсбук, бо андешаҳои Шумо розӣ нестам, вале баҳс намекунам, чун ин андешаи Шумо аст ва ман ба андешаи дигарон эҳтиром мегузорам.

Имрӯз мехоҳам дар бораи “карантин”, ки бо омадани вабои “коронавирус” ба аҳли олам зарур дониста шуд, бо Шумо ҳарф занам. Медонед чӣ? Карантин ба андешаи ман ин ҳамон чилланишинии мо аст.

Аз таърих медонед, ки аз қадим бо ин ё он сабаб гузаштагони мо барои чиҳил рӯз чилла менишастанд, яъне аз мардуми олам мебуриданду худ бо худ буданд ва бо касе ҳатто аз наздикон, алоқае надоштанд. Гоҳ ба куҳе баромада мерафтанд, гоҳ ғореро ихтиёр мекарданд, гоҳ гӯшаеро. Имрӯз ҳам чунин шудааст, ки ба мардум имкон фароҳам омадааст то худ бо худ бошанд, як бор ба зиндагии имрӯзу дирӯзи хеш нигаранд ва хулоса бароранд. Аммо қисме аз ин танҳоӣ дод мегӯянд, тезтар ба муҳити ғавғою серодам, миёни издиҳом баргаштан мехоҳанд. Бовар мекунед, онҳо ҳатто ба сагони овора ҳасад мебаранд.

Аммо, ман як чиро намефаҳмам:

Намедонам чаро, мардум вожаҳоеро чун танҳоӣ, хилват, гӯшанишинӣ ба маънои манфӣ мефаҳманду ба кор мебаранд. Ин амали шахсоне аст, ки муроди эшон аз зиндагӣ, ҷуз аз бо мардум будану ғуссаи хешро ба сари эшон бор кардан, дигар чизе нест.

Дар пайраҳаи рӯзгор ин тойифа мардум ҳамеша кӯлборашонро ба китфи ҳамсафари хеш дода, лаққида-лаққида аз паҳлӯи ин «хари борбардор» қадам мебардоранд ва аз танҳоиву хилват мисли бало метарсанд, зеро танҳо рафтану барои хеш ранҷ кашидан, пешаи мардони раҳ будааст, на пешаи ҳар тарсую буздил.

Аммо, мардуми ситоишгари хилвату танҳоӣ бо дарки воқеии зиндагӣ, ҳамеша бори хешро ба дӯши хеш доштаанд ва ҳарчӣ дар тараннум гуфтаанд барои худ ва дили худ гуфтаанду ҳаргиз аз табақаи нотавонону оҷизон набудаанд. Мафҳуми «нотавону оҷиз»-ро ба гардани эшон ҳамон хостгорони рӯзгори пурмағали тарсон аз танҳоӣ бор кардаанд.

Шояд барои ҳамин аст, ки солҳост ин маъшуқаи сангиндил маро аз оғӯши сардаш раҳо намекунад ва ҳама тамасхур ва истеҳзоеро, ки дар қалб дорад, бедареғ бароям арзонӣ медорад.

Солҳост ман ба вай нафрин мекунам ва бо ӯ панҷа ба панҷа мешавам ва мисли анкабут мехоҳам тӯри таънаву истеҳзояшро пора кунам, аммо ба сӯйи ман чун ба масти гумкарда раҳи манзил, қаҳ-қаҳа мезанад.

Солҳост аз вай мегурезам, вале боз дар анҷоми ҳама гурезҳо, ба оғӯши сардаш меафтам.

Ин маъшуқи сапедсару рӯсиёҳи маро танҳоӣ ном аст.

Аммо мардум аз он метарсанд чаро?

Шояд Шумо барои мани нодон посухе мегӯед то қаноат кунаму дигар ба хеш ин саволро надиҳам?

Хуршед АТОВУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here