Афлотун дӯсти ман аст, аммо ҳақиқат муқаддамтар…

(Арасту)

… Замоне алайҳи чанд шоири ҳамсолам шӯридам. Чунки аз шикояту зайифнолии эшон ба дод омада будам. Гуфтам, ки ҷойи шиква ҳунари аз сартарошӣ то устои яхдонро омӯзеду барои дили хеш шеър нависед. Шеър касеро бою шикамсер накардаасту намекунад. Ранҷиданд… Ихтиёр доранд…

Ҳамин гуна андешаро мехоҳам ба баъзе аз дӯстони қаламкаш гӯям: Ба ҷойи шодӣ аз 107-сола шудани нашрияи аввалини тоҷикӣ — «Бухорои шариф» дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиор мепартоянд, ки аз фалону фалон гӯед, аз озодии сухан маърӯза кунед. О, озодии баён рӯзи махсуси худро дорад, ки ҳар сол 3-юми май таҷлил мешавад. Шакарро бо намак наёмезед, ҳамкасбон! Ин суханҳоро аслан онҳое мегӯянд, ки аз кори ҳаррӯзаи рӯзноманигорӣ дур шудаанд, хотиранависиро пеша кардаанд ё расонаашон ба шароити иқтисоди бозорӣ тоб наоварду варшикаста шуд ё барои шароити беҳтари зиндагӣ кишвари дигарро ихтиёр кардаанд. Яъне, дар журналистикаи феълӣ нестанд!

Таҷлили Иди матбуоти тоҷик камбудӣ дошт, ки шахсан ман садҳо бор гуфтаам. Ва чун мебинам, ки масъулин пайи ислоҳ ҳастанд, ёдовар шуданро ҷойиз намедонам. Агар касе хоҳад, навиштаҳои ҳарсолаамро дар ин рӯз пешниҳод мекунам.

Як хоҳиш: Чун ба хотири зиндагии беҳтар аз журналистика рафтед, дигар ба журналистикаи тоҷик кордор нашавед! Агар дилдодаи касб мебудед, тарки пеша намекардед, ба касб хиёнат намекардед!

Ман хиёнат ба журналистикаро аз хиёнат ба Ватан кам намешуморам!

Боқӣ Шумо донед ва маслиҳат ин ки, ба қавли як дӯсти қаламкашам, «пушти бузу гӯсфанди худ бошед!».

1 бинависед

  1. Бех,тараш аробаи худро кашед ё ба х,ар ош к,атик, нашавед-де!

Добавить комментарий