Бо вуҷуди он ки матбуоти чопии кишвар сангинтарин рӯзҳоро дар шароити бӯҳронӣ пушти сар менамояд, аммо то ҳанӯз мардум чун умеди охирин дари нашрияҳоро мекӯбанд.

Зиёд аз ман суол мекунанд, ки «барои чӣ ба замми директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон будан, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» ҳам будиву аз вазифаи дуюм истеъфо додӣ? Ин суолро имрӯз ҳам шунидам, аммо як каме дағалтар:
— «Чун дидӣ, ки мисли пешина озодона мавод навишта намешавад, кадом камбудиеро мехоҳӣ гуфта намешавад, ба вазифаи дуюми худ нафари дигарро таъин кардӣ».
Ин гунаҳгорсозӣ водорам кард то ба суоли мазкур ниҳоят посух диҳам:
Аввалан, «Фараж» шахси ҳуқуқӣ нест, яъне зерсохтори Марказ аст ва ман муассису директори он ҳастам. Аз ин рӯ, ин андеша хато аст, ки гуё ман ба тақдири «Фараж» бепарво бошам.
Баъдан, суд ба суду прокуратура ба прокуратура аз паси навиштаи оддитарин хабарнигори нашрия ва расонаҳои электронии Марказ гаштан, («Фараж», «Самак», «Ману ту», faraj.tj, sugdnews. tj) ба ҷонам зад. Бигзор сармуҳаррирон ва хабарнигорон масъулият эҳсос кунанд ва ба ҳар ҳарфи худ ҷавобгӯ бошанд. Ин аст, ки ман то андозае воқеан ба мазмуну мӯҳтавои онҳо бепарво шудаму бори масъулияти дигарон зиёд шуд.
Саввум ва аз ҳама асосӣ: Тоҷикистон кишвари хурдест ва агар муддати мадиде фаъолият намоӣ, (махсусан агар сармуҳаррир ё хабарнигор бошӣ. Х.А) табиист бо аксар чеҳраҳои хабарсоз ошно мешавӣ ва натанҳо эшон, балки тағову аммаи холаашонро ҳам агар сари мансаб бошанд, мешиносӣ. Барои нафаре, ки аксар ҳолат маводи танқидӣ менависад, ин марги яқин чун рӯзноманигори касбӣ аст! Ва дар Тоҷикистоне, ки «рӯйи одам ширин» аз масали маъмулаш аст, ин ҳолат ба ман рух дод…
Вале дар ҳамин ҳол, вақте мебинӣ, ки мӯйсафеди ҳаштодсолае садҳо километр роҳ тай зада, чун умеди охирин ба даргоҳи ту меояд,
Вақте мебинӣ, ки аз хомӯшӣ ихтиёр кардани рӯзноманигорон дар ифшои ҳақиқат бинобар камхаридор шудани нашрияҳою дилсард шудан аз касб, баъзе «навкисаҳо» лаҷоми бедодиро сар медиҳанд…
Вақте мебинӣ, ки чӣ гуна қонуну адолату виҷдон зери пой мешавад…
Вақте мебинӣ, ки дигар масали «рӯйи одамӣ гарм» ба сӯиистифода аз ҷониби баъзе мансабдорон бадал мешавад…
Вақте мебинӣ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дигар дар сохтани афкори ҷомеа аз ту чирадасттар ва ҷасуртар ҳастанд (сабаби ин беҷазоӣ барои навиштаҳои беноми интернетӣ ҳам ҳаст, ки дар журналитика «фейк» меноманд. Х.А)
Дигар аз баҳри «рӯйи ширин» — у «рӯи гарм» мебароӣ ва дигар ба «ҷанозаи баобрӯи нашрия» омода мешавӣ…
Мо дигар омодаем, ту чӣ хонанда?

Хуршед АТОВУЛЛО 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here