“Аз ҷангу сарсонӣ дар кишвари бегона хаста шудем, ҳарчӣ зудтар ба ватан баргаштан мехоҳем.”
Ин хоҳиши даҳҳо зани тоҷик аст, ки бо сабабҳои гуногун ҳазорҳо километр дуртар аз Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ дармондаанд. Бархе ҳам дохили зиндону боқимондаҳо дар шароити сангин ба сар мебаранд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки аксари ин занон бо ҷурми ифротгароӣ таҳти пайгард қарор доранд, аммо бисёре аз онҳо худро ифротӣ намедонанд. Суоли матраҳ ҳам ин аст, ки чи чиз занони тоҷикро маҷбур кард, то ба кишварҳое бираванд, ки худи шаҳрвандони бумии онҷо роҳи фирорро пеш гирифтаанд?
“Аз марз гузаштем ва фаҳмидем, ки ба Сурия омадем”
Шабнам Ҳалимҷонова 24-сол дорад ва аз ин чаҳор соли охирашро берун аз ватан дар кишвари ҷангзадаи Сурия мегузаронад. Шабнам замоне, ки мактабхон буд, шояд макони ҷойгиршавии Сурияро дар харита дақиқ намедонист ва тасаввур ҳам намекард, ки рӯзе чархи рӯзгор ӯро ба ин кишвар сарсон мекунад.
Шабнам зодаи Исфара аст ва дар ин шаҳр бузург шудааст. Волидайнаш зиндагии оддӣ доштанд ва худи ӯ ҳам танҳо мактаби миёнаро хатм кардааст. Аз ҳунарҳои занона дӯзандагиро омӯхта буд ва орзу мекард, ки рӯзе дар ин касб комёб мешавад, аммо дар 18-солагиаш ӯро ба шавҳар доданд ва тақдири минбаъдаи Шабнам ба ҳаёти оилавӣ гиреҳ хӯрд.
Шабнам соли 2014 ба гуфтаи худаш бо фиреби шавҳар ба Сурия рафт. Ӯ нахуст ҳамроҳи шавҳараш ба Русия, аз онҷо ба Туркия ва сипас ба Сурия расид. Роҳе, ки аксари ифротишудаҳои тоҷик тариқи он ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастанд. Шабнам Ҳалимҷонова бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо нақл мекунад, ки шавҳараш ба ӯ гуфта буд, ки ба Туркия барои кор мераванд.
“Вақте ба шаҳри Истамбул расидем, гуфтанд, ки барои кор ба дигар шаҳри Туркия меравем. Аммо моро ба як макон оварданд ва гуфтанд, ки бояд 2-3 километр роҳро давида гузарем. Давидем ва аз он тараф омада моро гирифтанд. Баъд фаҳмидем, ки ба Сурия расидем,”-нақл кард Шабнам.
Шабнам ду сол ҳамроҳи шавҳараш дар хоки Сурия буд. Соли 2016 дар пайи як амалиёт дар шаҳри Раққаи Сурия, ки ДОИШ онро пойтахти худ мехонд, шавҳари Шабнам кушта шуд. Худи ӯ бо тифли хурдсолаш ба дасти нерӯҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад, раисҷумҳури Сурия афтид. Ин нерӯҳо муқобили гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” меҷангиданд.
Қаҳрамони мо ҳамроҳи даҳҳо ҳамсари ҷангҷӯёни ДОИШ се моҳро дар зиндон гузаронд ва баъдан ӯро ба паноҳгоҳи ал-Моликия дар минтақаи Ҳасаку интиқол доданд.
Шабнам Ҳалимҷонова мегӯяд, аз рафтан ба Сурия бисёр пушаймон аст ва танҳо як орзу дорад, ки он ҳам бозгашт ба Тоҷикистон аст. Вазъи зиндагӣ дар паноҳгоҳ ба гуфтаи қаҳрамони мо хеле вазнин аст ва онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ доранд.
Ин ҷавонзани тоҷик худро аз ҷумлаи ифротишудаҳо намедонад ва иддао дорад, ки ҳеҷ гоҳ дар ҷангҳо иштирок накардааст. Дар Тоҷикистон алайҳи Шабнам Ҳалимҷонова парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Бо ин вуҷуд хоҳиши ягонаи Шабнам ин баргаштан ба Тоҷикистон аст ва наздиконаш ҳам барои ин кор ба мақомот муроҷиат кардаанд.
Ин ҷавонзан мегӯяд, ӯ ва даҳҳо зани дигар фиреби шавҳарони ҷангҷӯяшонро хӯрдаанд ва ҳоло пазмони бозгашт ба ватан ҳастанд. Шабнам гуфт, умедворанд, ки онҳоро фаромӯш намекунанд ва ба ватан бармегардонанд.
“Ҳабси абади занони тоҷик барои пайвастан ба ДОИШ”
Ифротгароӣ ва гароиши шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои тундрав дар панҷ соли ахир яке аз мавзуъҳои доғ дар ҷомеа аст ва мақомот ҳам алайҳи ин зуҳурот муборизаи шадид доранд. Аз байн бурдани ифротгароӣ дар байни занон яке аз бахшҳои ин мубориза аст. Чун дар панҷ соли ахир беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Омори занони тоҷик, ки ба Ховари Миёна рафтаанд расман нашр нашудааст ва мақомот танҳо гуфтанд, ки аз байни беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ зиёда аз 400 нафари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
То имрӯз ҳудуди 22 зани тоҷик бо ҷурми узвият дар гуруҳи тундрави ДОИШ ба ҳукмҳои тӯлонӣ дар Ироқ равонаи зиндон шуданд. Аз инҳо чор нафарашон ҳукми қатл гирифта, боқӣ аз 20 сол то ба ҳабси абад маҳкуманд. Ахиран Додгоҳи шаҳри Бағдод 9 зани тоҷик аз ҷумла Лутфия Иззатулло Абдуллоҳ, Таманно Каримова Холаҳмад, Сафаргул Набиева, Мадина Ашраф Қурбон, Хадича Файзиддинзода, Ирода Раззоқ Холиқ Содиқ, Оиша Шербекова, Зуҳро Зоҳир Муҳаммад ва Зебо Ҷонакӣ Саидоваро аз 20 сол то ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷумла Нодирабегим Ҳамза, як сокини ноҳияи Зафаробод низ дар Ироқ ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҳамза Турабек, падари Нодирабегим қаблан гуфта буд, ки мехоҳад ба назди духтараш ба Ироқ биравад. Аммо наздикони Ҳамза Турабек мегӯянд, ӯ то ҳол барои дидор ба духтараш Нодирабегим Ҳамза ба Ироқ нарафтааст.
Зимнан тақдири занони боқимондаи тоҷик дар Сурия ва Ироқ номаълум аст. Тибқи иттилои дарёфтшуда, қисме аз онҳо кушта шуда, боқимондаи онҳо дар паноҳгоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Қисме аз онҳо дар замоне, ки ДОИШ қисмати бештаре аз хоки Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошт, баъди кушта шудани шавҳаронашон маҷбурӣ ба дигар мардони ҷанговари ин гуруҳи тундрав оиладор шудаанд.
Сомонаи нашрияи Фараж дар ин бора менависад, “тибқи тартибот дар ДОИШ, ҳар зани ҷиҳодие, ки шавҳараш кушта мешавад, баъди гузаштани 40 рӯзи азодорӣ, ба никоҳи ҷанговари дигар медарояд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хоҳиши ӯро касе барои даромадан ба никоҳи ҷанговари дигар ба назар намегирад. Занон ҳам ба хотири аз даст надодани фарзандонашон дар мулки бегона ба дилхоҳ шарти ҷангиён розӣ мешаванд.”
Таҳқиқи мо пас аз суҳбат бо ин гуруҳи занон ва ҳам рӯзноманигорони Сурия ва Ироқ муайян кард, ки аксари занҳое, ки ба зиндон маҳкум шудаанд, тавассути шавҳаронашон ба ДОИШ пайвастаанд.
Зимнан занони тоҷик бо ҷурми ифротгароӣ танҳо дар хориҷи кишвар зиндонӣ нашудаанд. Додгоҳҳои Тоҷикистон низ чандин занони тоҷикро бо ҷурми гароиш ба ақидаҳои ифротӣ равонаи зиндон кардаанд. Омори ин гуруҳи занон то ҳол аз ҷониби мақомот нашр нашудааст. Аммо дар миёни онҳо аз ҷавондухтарон то пиронсолон ҳастанд.
“Ифротӣ ё қурбониёни ифротгароӣ?”
Ифротгароӣ дар байни занони тоҷик ба гуфтаи мутахассисон падидаи чандон тоза нест. Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта бархе занони тоҷик бо гумони узвият дар созмонҳои ифротӣ зиндонӣ шуда буданд. Аммо теъдодашон ба гуфтаи мақомот хеле кӯчак буд ва хатари ҷиддие барои ҷомеа надоштанд. Масъалаи ифротгароӣ дар байни занон баъд аз соли 2013 ва пас аз он доғ шуд, ки даҳҳо зани тоҷик ба Сурия ва Ироқ рафтанд. Таҳлилгарон мегӯянд, мавзӯи ифротгароии занон бояд дуруст баҳо дода шавад. Чун на ҳамаи он заноне, ки ба Ховари Миёна рафтаанд, ифротгаро мебошанд.
Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии назди Президент, ки масъалаҳои ифротгариро зиёд пажӯҳиш кардааст мегӯяд, занҳои муттаҳам ба ифротгароӣ бояд ба се гуруҳ тақсим шаванд:
Якум: занҳое, ки воқеан ҷангӣ ҳастанд.
Дуюм: занҳое, ки ҳамроҳи хонавода ё шавҳарони худ ба Ховари Миёна рафтаанд.
Сеюм: онҳое ки фиреб хӯрда, барои пайдо кардани кор рафтанд ва нохудогоҳ ба онҷо афтодаанд.
Рустам Азизӣ дар суҳбат ба мо гуфт, занҳо бештар қурбониёни ифротшавӣ ҳастанд.
“Ҳастанд занҳое ки воқеан ифротӣ ҳастанд. Вақте мард ифротӣ мешавад, чаро зан ифротӣ нашавад? Бештари занҳое, ки дар омори мо дар Сурия ҳастанд, хонаводагӣ рафтанд. Ба ин хотир онҳое, ки зери таъсири шавҳаронашон рафтанд, қурбониёни ифротгароӣ ҳастанд. Аммо дар ин миён занҳои ҷангӣ низ ҳастанд, ки дар размҳо иштирок мекунанд. Теъдоди онҳо ҳарчанд кам аст, аммо ҳаст. Занҳои мубаллиғ ва ҷаллоб низ вуҷуд доранд, ки барои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ кор мебаранд,»-таъкид кард Рустам Азизӣ.
Тавассути шавҳарон ё дигар узви хонавода ба ифротгароӣ ҷалб шудани занон ҳарчанд яке аз омилҳои аслӣ аст, аммо ба гуфтаи мақомот ва ҳам таҳлилгарон ягона роҳ нест.
Ба қавли Рустам Азизӣ, мушкили ҷомепазирӣ ва наёфтани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа низ аз омилҳои дигари гаравиши занон ба сӯи ифротгароӣ мебошад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, бархе занон ифротгароӣ ва пайвастан ба гуруҳҳои тундравро як роҳи халосӣ аз мушкилиҳои зиндагиашон медонанд. Ҳамонгунае, ки як гуруҳ занон худкуширо охирон роҳи ҳалли мушкили худ мебинанд.
“Ифротгароиро мисли худкушӣ роҳи ҳал медонанд”
Дар ҳамин ҳол бархе коршиносони дигар тоҷик мегӯянд, ифротшавӣ ҳам як навъ роҳест, ки занон талош мекунанд мушкили худро тариқи он ҳал кунанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, зиндагии вазнин ҳам баъзан занонро ба ҳолате мерасонад, ки роҳат аз ҷониби ифротиён мағзшӯӣ шаванд.
Фаридун Ҳодизода, муҳаққиқи масоили ифротгароӣ мегӯяд, занони ба ҷангҳои Ховари Миёна рафта, ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд.
Гуруҳи аввал ба гуфтаи ин коршинос, онҳое мебошанд, ки нахуст ифротӣ шуда, бо ташвиқ, шавҳарони худро низ ҳамроҳ ба Сурия ва Ироқ бурдаанд. Гуруҳи дуввум он заноне будаанд, ки маҷбуранд ҳамроҳи шавҳарон ба гуруҳҳои тундрав пайванданд.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд, мушкили ифротшавии занон дар бархе ҳолат аз зиндагии вазнин ва мушкилиҳои онҳо сарчашма мегирад. Чуноне, ки бархе занон аз тангии зиндагӣ маҷбур мешаванд худ ва ҳатто фарзандони худро бикушанд, пас ҳамин сахтӣ ба гуфтаи таҳлилгарон метавонад онҳоро ба сӯи ифротият бибарад.
“Мақомот: Дари авф барои ҳамаи занон боз аст”
Мақомоти тоҷик, бахусус ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон солҳои ахир мубориза бо ифротгароӣ аз ҷумла дар байни занонро ҷиддӣ гирифтаанд. Дар кишвар Ситоди мубориза бо терроризм таъсис ёфтааст, ки ниҳодҳои қудратиро дар мубориза бо тундгароӣ гирди ҳам меорад. Мақомот мегӯянд, талош доранд ифротгароиро дар байни ҳама қишрҳои ҷомеа азҷумла занон аз байн баранд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мо гуфт, барои пешгирӣ аз гароиши ҷомеа аз ҷумла занон ба ифротгароӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳаллаҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ба гуфтаи сухангӯи ВКД, инчунин мақомот бо гузаронидани корҳои оперативӣ талош доранд пеши роҳи онҳоеро гиранд, ки сидқан мехоҳанд ба гуруҳҳои тундрав бипайванданд. Дар чунин ҳолатҳо мақомот алайҳи чунин нафарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Мавриди зикр аст, ки як соли ахир дар мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон падидаи тозае пайдо шуд. Ин ҳам бошад, бахшидани он нафароне, ки бо ифротгароӣ муттаҳам мешаванд. Шарт танҳо ин аст, ки онҳо бо хоҳиши худ баргарданд ва дар амалҳояшон таркиби ҷиноят вуҷуд надошта бошад.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД мегӯяд, дар ин қатор занон ҳам ҳастанд. Ин мақоми ВКД ҳарчанд аз омори мушаххас ном набурд, аммо таъкид кард, ки бархе заноне, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуданд баъди ба ватан баргаштан, мавриди авф қарор гирифтанд. Мақомот мегӯянд, дари авф барои мардону занони ба гуруҳҳои тундрав пайваста ҳамчунон боз аст.
“Дар бисёр ҳолат аввалан шавҳаронаш ифротгаро мешаванд ва баъдан таъсири худро ба занону кӯдакон мерасонанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон барои баргардонидан ва интиқоли занон ба Тоҷикистон кӯшиш мекунем. Лекин дар навбати худ хоҳиши худашон ва хоҳиши давлатҳое ба назар гирифтан даркор, ки занон дар онҷо зиндонӣ шудаанд. Имрӯз ҳам агар занон ихтиёран омаданӣ бошанд мо ба онҳо кӯмак мерасонем,”-гуфт Умарҷони Эмомалӣ.
“Занон бештар ба ҳизби таҳрир, салафия ва ДОИШ пайвастаанд”
То имрӯз дар бораи ифротгароӣ миёни занони тоҷик пажӯҳиши алоҳида сурат нагирифтааст. Танҳо баъзе таҳлилу назарпурсиҳое анҷом ёфтааст, ки то ҷое вазъро бозгӯ мекунанд.
Аз ҷумла як назарпурсии Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар соли 2016 бархе паҳлуҳои ин мавзуъро мушаххас кардааст. Бар асоси хулосаҳои ин назарпурсӣ, қисми бештари занони тоҷик бо даъвати шавҳаронашон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Ба ин тартиб, 64,4 дарсади пурсидашудагон аз Хатлон, 8,4 дарсад аз Суғд ва 5 фоиз аз Бадахшон маҳз ин омилро сабаби аслии рафтани занони тоҷик ба ҷангҳои Ховари Миёна арзёбӣ кардаанд. Мусоҳибони ин назарпурсӣ ҳамчунин гуфтаанд, занон инчунин тариқи Русия, шабакаҳои иҷтимоӣ, шахсони шинос ва аз роҳҳои дигар худро ба Сурия ва Ироқ расондаанд.
Мусоҳибони назарпурсии Маркази таҳқиқоти стартегӣ гуфтаанд, қисми зиёди занон аз минтақаҳои онҳо ба ҳаракат ва гуруҳҳои тундрави “Ҳизб-ут-таҳрир”, Салафия ва ДОИШ пайвастаанд. Дар ин миён баъзе мусоҳибон аз вилояти Суғд посух додаанд, ки як қисми ками занон аз минтақаи онҳо инчунин ба ҳаракатҳои Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ ва Ҳаракати исломии Узбекистон низ пайвастаанд.
“Агар ҳамроҳам наравӣ се талоқ”
Таҳқиқи мо пас аз омӯзиши мавзӯъ, суҳбат бо мақомот ва коршиносон маълум кард, ки қисми бештари занон тавассути шавҳарони худ ифротӣ шуданд ё ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтанд. Суоли аслӣ ҳам ин аст, ки чаро занони тоҷик худро муваззаф медонанд, ки шавҳар куҷое даъват кард бояд ҳатман ҳамроҳи ӯ бираванд? Ҳар гуруҳ дар ин бобат посухи худро дорад. Бархе инро як менталитети тоҷикӣ медонанд, ки “мардро сутуни хона медонад ва бояд гапаш қонун бошад.”
Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, таҳлилҳои онҳо нишон медиҳад, ки пайвастшавӣ ба гуруҳҳои тундрав хоҳиши занон нест ва маҷбурӣ аз ҷониби шавҳарон таҳмил мешавад.
Ба қавли ин масъули Кумитаи кор бо занон, баъзе мардон ҳатто назди ҳамсарони худ шарт мегузоранд, ки ё бо ман меравӣ, ё се талоқат мекунам. Маҳз ба ин хотир хонум Маҳмадалиева мегӯяд, занон маҷбур мешаванд, ки роҳи шавҳаронашонро бигиранд.
Ин масъули Кумитаи кор бо занон афзуд, соли гузашта ду зан ба ниҳоди онҳо муроҷиат кард, ки шавҳаронашон онҳоро барои рафтан ба Сурия маҷбур кардаанд. Даъвате, ки ба қавли мақомот пешгирӣ шуд. Сабоҳат Маҳмадалиева мегӯяд, бо тарс ҳамроҳи худ бурдани занон ба мамолики хориҷӣ худ як намуд зӯроварӣ аст.
“Вақте занон ба маълумоти алтернативи дастрасӣ надоранд”
Омӯзиши тақдири қариб 10 зани тоҷик, ки ба Ховари Миёна рафта ва ё дар дохил бо ҷурми ифротгароӣ зиндонианд, моро ба ин хулоса расонд:
Нахуст, аксар занони ифротишудаи тоҷик онҳое мебошад, ки дар муҳити танги оилавӣ зиндагӣ кардаанд. Қисми бештари ин гуруҳи занон ба ҷуз мактаби миёна дар дигар ҷой таҳсил накардаанд ва ба гуфтаи наздиконашон, фаҳмиши ками масоили дунявиро доранд. Аммо дар байни ин занон кам нестанд онҳое, ки дониши хуби динӣ доранд. Одатан занони ифротишуда ба маълумоти алтернавитии динӣ ва фаҳмиши дунявӣ дастрасӣ надоранд ва таҳти таъсири яктарафа қарор гирифтанд. Бештари ин занон дар доираи оила маҳдуд шудаанд, аммо аз ҳама бештар урфу одатҳои тоҷикӣ дар инҷо нақш мебозад, ки бар асоси он зан пурра тобеи шавҳар аст ва бояд аз гапи ӯ набарояд. Ин “қоида” дар доираи занони суннатӣ ҷиддан риоя мешавад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, гуруҳҳои тундрав аз ин чиз ба хубӣ истифода мебаранд ва ба мардон ташвиқ мекунанд, ки оилаҳои худро ҳамроҳатон гиред.
“Боздошту зиндонӣ кардан, роҳи ҳал аст?”
Мубориза бо ифротгароӣ дар ҷомеа ва аз ҷумла дар миёни занон дар солҳои ахир бештар шудааст. Шеваҳои мубориза ин боздошту зиндонӣ кардан ва ҳам ба гуфтаи мақомот “корҳои фаҳмондадиҳӣ” аст. Шеваҳое, ки аз сӯи бархе коршиносон зиёд интиқод мешавад.
Аз ҷумла Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносӣ мегӯяд, феълан дар кишвар мехоҳанд бо баргузории маҷлису вохӯриҳо пеши роҳи ифротгароиро бигиранд, аммо ҷаноби Азизӣ инро роҳи муассир намедонад ва мегӯяд беҳтар ба ҷойи он дигар чораҳо андешида шавад. Боз кардани як давраи омӯзишии ҳунаромӯзӣ ба қавли Рустам Азизӣ аз маҷлисҳои такрорӣ дида роҳи беҳтари мубориза бо ифротгароӣ дар байни занон аст.
Дар умум сохтани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, дастгирии давлатии оила, ҷалб кардани занон ба омӯзиш ва таъмини занон бо шуғли муносиб аз роҳҳои аслӣ мубориза бо ифротгароӣ дар байни занон арзёбӣ мешавад.
«Садои зан дар тасмимгирӣ бояд шунида шавад”
Роҳи аз ҳама муассири мубориза бо ифротгароӣ дар байни занон, ки коршиносон ба он таъкид мекунанд, ин аст, ки бояд мақоми зан дар ҷомеа бахусус дар оила баланд бардошта шавад. Ба таъкиди коршиносон, дар тасмимгириҳои оила бояд садои занон ва назари онҳо низ ба инобат гирифта шавад. Таҳлилгарон мегӯянд, занон низ дар тасмимгириҳои асосии оила бояд мавқеъ дошта бошанд ва маҳз дар ин ҳолат онҳо метавонанд муайян кунанд, ки ҳамроҳи шавҳарони худ ба ягонҷо бираванд ё не. Инчунин занон бояд дар интихоби андеша озод бошанд ва метавонанд дар ҳар масоил назари дигаргуна аз шавҳари худ дошта бошанд.
Инчунин ба таъкиди мутахассисон, мақомот бояд ҳангоми бархӯрд бо масъалаи ифротишавии занон баъзе мавридҳоро ба инобат бигиранд. Азҷумла аксари занони ба ифротгароӣ муттаҳам дар асл метавонанд қурбониёни ифротгароӣ бошанд ва набояд бар болои ин боз онҳо ҷазои сахт бигиранд.
Муллораҷаб ЮСУФӢ
Ин тадқиқоти журналистӣ дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.