Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта 82 нафари дигар ба куруновирус гирифтор шуда, 4 кас ба ҳалокат расидаанд.

Шумори умумии беморон дар кишвар рӯзи 7-уми май ба 461 нафар ва фавтидагон ба 12 нафар баробар шуд.

Гуфта мешавад, ки дар бемористонҳои саросари кишвар 4205 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд. Табибон дар шабонарӯзи гузашта 345 нафарро пас аз муоина ба хонаҳояшон рухсат додаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here