Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон Аҳмадзод

 

Муҳтарам Пешвои миллат, сараввал Шуморо ба рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакод гуфта, ба аҳли хонадонатон сиҳатии комилу фаъолияти пурсамар орзумандам. Воқеан, кӯшишу заҳматҳои Шумо барои ба даст овардани Истиқолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишвар беназир аст.

Ҷаноби Олӣ, тавре дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа доштед, «ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».

Президенти муҳтарам, ба мушкиле дучор омадаем, ки фикр мекунам, бе дахолати Шумо он ҳалли одилонаи худро намеёбад. Бо арзи эҳтиром ва миннатдорӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, муроҷиат намуда, бовар дорам, ки бо дастгириатон мушкили ба миён омада ҳал хоҳад шуд ва ба мо соҳибкорон имконият медиҳад, то фаъолияти муътадили худро идома диҳем.

ҶДММ “Суфиён” моҳи апрели соли 2001 фаъолияти худро аз сармоягузории хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон дар масоҳати 175 гектар замин, барои 57 нафар саҳмдорон оғоз кард. Сипас, солҳои 2002 — 2007 ба сармоягузории ноҳияҳои Фархор, Ҷайҳун (Қумсангири собиқ), Вахш ва Кӯшониён (Бохтари собиқ) пардохт ва тибқи шартнома барои соҳаи пахтакорӣ дар умум ба 186 саҳмдор дар масоҳати то 3000 га хизматрасониро ба роҳ гузошт. Соли 2004-ум дар асоси қарори раиси ҳукумати ноҳияи Ёвон 3 га қитъаи замин барои ташкил намудани пункти қабули пахта ҷудо гардид ва соли 2006 бошад, тибқи чунин қарор барои сохтмони корхонаи коркарди пахта иҷозатнома гирифтем.

Тӯли кору фаъолият ҶДММ “Суфиён” бо мақсади дастгирии нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ба қадри имкон дар самти пахтакорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои зикршуда маблағгузорӣ карда, шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам овард. Боду ҳавои номусоид ва баъзе сабабҳои объективӣ боиси он гардид, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ қарздор шудаанд ва фаъолияти самараноки ояндаашон зери шубҳа қарор гирифт. Қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди ҶДММ “Суфиён” дар умум 2 630 911 доллар ё ба ҳисоби ҳозира 23 362 490 сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии бевоситаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2009 таҳти №663 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии бахши кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” интишор гардида, қарзи субъектҳои хоҷагидори соҳаи пахтакорӣ, ки то 1-уми январи соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба амал омадаанд, мавриди таҳлил қарор дода шуда, бояд ҳалли худро меёфтанд. Бо ин мақсад дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, бо роҳи аз ҳисоб баровардан, кам кардан (дисконт), ба таъхир гузоштан ва тамдиди муҳлати пардохти қарзҳо ва барориши коғазҳои дарозмуддати қиматноки давлатӣ проблемаҳои қарздории хоҷагиҳои пахтакор бояд ҳал карда мешуд. Ҳамчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2009 таҳти №406 оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2009 таҳти №663 интишор гардид. Мувофиқи талаботи зербанди 2-и банди 1-и қарори мазкур, “аз ҳисоб баровардани қарзҳои муҳлаташон гузаштаи субъектҳои хоҷагидорӣ ҷиҳати маблағгузории истеҳсоли пахта ба маблағи баҳододашудаи 113 млн доллари ИМА, ки аз бонкҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони мустақим гирифта шудааст”, бояд ҳал карда мешуд.

Ҷаноби Олӣ, аз иқдоми хайрхоҳонаи Ҳукумати Тоҷикистон мо соҳибкорон бениҳоят хурсанд шудем, зеро давоми солҳои 2002-2006 ширкати мо ғайр аз маблағҳои худӣ боз бо ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 1 692 000 доллари ИМА ва 516 000 сомонӣ барои рушди соҳаи пахтакорӣ 5 шартномаи қарзӣ баст ва тамоми маблағҳоро мақсаднок истифода бурд. Аммо бо сабаби муфлисшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва надоштани имконияти бозпасгардонии маблағҳо ширкат ба маблағи 2 210 000 сомонӣ аз бонки мазкур қарздор шуд. Аз ин лиҳоз, санаи 3-юми сентябр ва 1-уми октябри соли 2009 парвандаҳои қарзии ҶДММ “Суфиён”, ки маблағи 2,6 млн доллари ИМА-ро ташкил медод, ба Гуруҳи кории назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Мутаассифона, танҳо 28-уми апрели соли 2010 мактуби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти №170-2/59 бо имзои муовини вазир Норинов Ҷ. гирифтем, ки дар он иттилоъ дода шудааст: “То қабули қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъалаи мазкур парвандаҳо ба Шумо баргардонида мешаванд”. Ростӣ, ҷавоби бемантиқу бепояи муовини вазир моро дар ҳайрат гузошт, зеро оид ба масъалаи мазкур ҳанӯз 2-юми июли соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №406 интишор гардида буд. Мувофиқи қарори мазкур Гуруҳи корӣ таъсис ва роҳҳалли пардохти қарзҳо муайян шуда буданд. Оид ба ҳамин масъала ба Вазорати молияи Тоҷикистон 4-уми сентябри соли 2012 такроран муроҷиат карда, 5-уми октябри соли 2012 мактуби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти №17б-2/99 бо имзои муовини вазир Ҳакимов Р. гирифтем. Иқтибос аз мактуби ҷавобии Вазорати молия: “Бо сабаби он ки дар навбати аввал тасдиқ гардидани қарзҳои бонкҳои ҷумҳурӣ ва андозаи қарзҳои тасдиқкардашудаи Гуруҳи кории ҳукуматӣ маблағи 113 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, парвандаҳои қарзии ҶДММ “Суфиён” баргардонида шуданд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи тасдиқкардаи Гуруҳи корӣ амалӣ карда, иҷроиши талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2009 таҳти №406-ро пурра таъмин намудааст”.

Оид ба ҳамин масъала 19-уми октябри соли 2012 ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо имзои муовин Неъматов А. рӯзи 7-уми ноябри соли 2012 мактуби ҷавобиро таҳти №122-945/3104 гирифтем. Дар он гуфта мешавад, ки “Тибқи Қоидаи аз ҳисоб баровардани қарзҳои муҳлаташон гузаштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар назди бонкҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони мустақим, ки дар маҷлиси Гуруҳи корӣ рӯзи 11-уми августи соли 2009 тасдиқ гардида буд, маводҳои тасдиқкунандаи ҶДММ “Суфиён” аз ҷониби бонки хизматрасон бояд ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад”.

Ин дар ҳолест, ки бонки хизматрасони ширкати мо — ҶСК “Агроинвестбонк” бо сабабҳои номаълум оид ба иҷрои талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №406, аз 2-юми июли соли 2009, барои соқит гардонидани маблағҳои қарзие, ки вобаста ба он ба таври хаттӣ мо якчанд маротиба муроҷиат карда будем, на ба ягон ҷо муроҷиат кардаасту на ягон амалиётро анҷом додааст. Нисбати ҶДММ “Суфиён” талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум татбиқ карда нашудааст, ҳол он ки ширкати мо маблағгузориро ба соҳаи пахтакорӣ ҳам аз ҳисоби худ ва ҳам аз ҳисоби қарзҳои аз ҶСК “Агроинвестбонк” гирифташуда пардохт карда, ҳуҷҷатҳои лозимаро ба Гуруҳи кории ҳукуматӣ сари вақт пешниҳод намудааст. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон бе овардани ягон далели асоснок ва бо гузаронидани муҳлатҳо якчанд маротиба баргардонида шуданд. Қоидаи аз ҳисоб баровардани қарзҳои муҳлаташон гузаштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар назди бонкҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони мустақим дар маҷлиси Гуруҳи корӣ рӯзи 11-уми августи соли 2009 тасдиқ гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷро ирсол карда шудааст ва он мебоист аз тарафи Вазорати молия ва ҶСК “Агроинвестбонк” амалӣ карда мешуд.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро ва бо кадом мақсад мақомоти салоҳиятдор, аз ҷумла ҶСК “Агроинвестбонк” вазифаҳои дар наздашон гузошташударо нисбати ҶДММ “Суфиён” татбиқ накарда, оид ба иҷроиши талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот додаанд? Дар ҳолати зарурат муайян сохтани ҷараёни натиҷаҳои соқит кардани маблағи 113 миллион доллари ИМА ва сабабҳои ба рӯйхат ворид накардани ширкатҳое, ки дар асл барои рушди соҳаи пахтакорӣ хароҷотҳои зиёд кардаанд, ҳеҷ мушкилие надорад.

Оид ба ин масъала собиқ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов рӯзи 7-уми ноябри соли 2013 бо мактуби содиротӣ таҳти №17а-1/96 ба мактуби воридотии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №50167 (12.1-4) аз 24-уми сентябри соли 2013 ҷавоб додааст: “Бинобар дар назди ҶСК “Агроинвестбонк” қарздор набудани ҶДММ “Суфиён” он ба рӯйхати корхона ва хоҷагиҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №406 аз 2-юми июли соли 2009 “Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2009, таҳти №663 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамроҳ карда нашудааст”.

Президенти муҳтарам, аввалан, аз рӯи кадом ваколат вазири молия оид ба қарздор будан ё набудани як ширкат ба номи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол менамояд? Дуюм, мо, ки дар ҳамин давра дар асоси шартномаҳои қарзӣ аз ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 2 210 000 сомонӣ қарздор будем ва “Базаи нигоҳдории пахтаи шаҳри Душанбе” (моликияти ҶДММ “Суфиён”) ба гарав гузошта шуда буд, бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми ноябри соли 2011 бо сабаби бастани созишномаи қалбакӣ ҳуқуқи моликият ба ҶДММ “Суфиён” баргардонида шуда, 26-уми сентябри соли 2012 марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот оид ба рад кардани талаботи басташуда ва эътироф намудани шартномаи мазкур қабул карда буд. Пас, дар кадом асос ва бо кадом мақсад вазири молияи Тоҷикистон Наҷмуддинов С. дар мактуби ирсолкардааш баъди ду соли ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд бардурӯғ тасдиқ кардааст, ки ҶДММ “Суфиён” дар назди ҶСК “Агроинвестбонк” қарздор нест ва ба рӯйхати Гуруҳи корӣ бо ҳамин сабаб ҳамроҳ карда намешавад? Ҳол он ки, дар ҳамон вақт ҳам муассиси ҶСК “Агроинвестбонк” Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 52 дарсади бастаи саҳмияҳо ба онҳо тааллуқ доштанд. Яъне, манфиати шахсӣ барои азонихудкунии иншоот дар миён буд. Таҳлили мукотибаи чандтарафаи ҶСК “Агроинвестбонк” бо дигар мақомоти салоҳиятдор ва санадҳои судӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳаракатҳои якчанд нафар шахсони мансабдор аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешаванд!? Яъне, сабаби асосии ба рӯйхат ворид накардани ҶДММ “Суфиён” ин бо кадом роҳе набошад, кашида гирифтани “Базаи нигоҳдории пахтаи шаҳри Душанбе” аз тарафи роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” буд. Аз ин рӯ, оид ба иҷроиши ин амал вазири вақти молияи Тоҷикистон Наҷмуддинов С. маълумоти дурӯғ пешниҳод кардааст?!

Тавре аз дастуру супоришҳои Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, ба мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22-юми декабри соли 2016 бармеояд, “Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.” Мо ин иқдоми инсондӯстонаи Шумо, Ҷаноби Олиро комилан ҷонибдорӣ менамоем.

Мутаассифона, муроҷиатҳои чандинкаратаи мо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК “Агроинвестбонк” натиҷаи дилхоҳ надоданд, зеро талаботи Қоидаи аз ҳисоб баровардани қарзҳои муҳлаташон гузаштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар назди бонкҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони мустақим аз тарафи ҶСК “Агроинвестбонк” бо сабабҳои маълум иҷро нагардид ва ба ширкат ба маблағи 2,6 миллион доллари ИМА зарари молиявӣ расонида шуду бар ивазаш аз мо иҷроиши бечунучарои талаботҳои шартномаи қарзиро оид ба баргардонидани маблағҳо талаб карда истодаанд.

Ин дар ҳолест, ки субъектҳои хоҷагидори пахтакор қарзҳои худро аз тарафи давлат соқиткардашуда ҳисобида, маблағи моро умуман баргардониданӣ нестанд. Аз рӯи талаботи қонунгузорӣ ва ҷавоби мактубҳои гирифтаи мо, ҶСК “Агроинвестбонк” вазифадор буд, ки дар қатори дигар ширкатҳо ҳуҷҷатҳои лозимии ҶДММ “Суфиён”-ро ҳам бояд ба рӯйхати хоҷагиҳои қарздор ворид мекард, ҷамъи қарзҳоро муайян сохта, ба Гуруҳи корӣ оид ба назорати пардохти қарзҳо дар бахши пахтакории назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамуд ва соқит гардидани маблағи қарзии ширкат ва иҷроиши онро назорат мекард. Аммо, чуноне ки мебинем, роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” дар ҳама ҳолат аксуламал нишон дода, барои соқит намудани маблағи қарзҳои муҳлаташон гузашта монеаи сунъӣ эҷод кардааст ва ба ширкати “Суфиён” ба маблағи 2,6 миллион доллари ИМА зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст. Ҳамчунин, бояд қайд созам, ки дар давраи бастани шартномаҳои қарзӣ роҳбари ҳозираи ҶСК “Агроинвестбонк” Муродалӣ Алимардон вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва дар давраи фаъолияти Гуруҳи корӣ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муовини Сарвазир — нозири бахши иқтисодиётро ишғол мекард. Ин ба он маъност, ки Муродалӣ Алимардон мансаби давлатиро ишғол карда, барои фаъолияти дурусти низоми бонкии кишвар, фаъолияти бонкҳо ва бахши иқтисодиёти ҷумҳурӣ масъулият дошт. Пас, чаро талаботи зербанди 2 банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2009 таҳти №406 нисбат ба ҶДММ “Суфиён” умуман татбиқ карда нашуд?

Муҳтарам Президент, мувофиқи хулосаи Вазорати адлия ва Бонки миллии Тоҷикистон, ман ҳамчун роҳбари ҶДММ “Суфиён” бояд нисбат ба ҶСК “Агроинвестбонк” барои рӯёнидаи зарари расонидашуда ба маблағи 2,6 миллион доллари амрикоӣ ба суд муроҷиат намоям, вале ширкати “Суфиён” шароити пардохти боҷи давлатиро надорад ва мантиқан ҳам пешниҳоди муроҷиат ба суд аз ҷониби ин мақомот дуруст нест.

Нимаи дуюми соли 2018 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҶСК “Агроинвестбонк” нисбати ҶДММ “Суфиён” ва шахси сеюм — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯёнидани 2 766 318,96 сомонӣ маблағи қарз бо даъво ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, аммо бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 14-уми августи соли 2018 даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ба манфиати ҶСК “Агроинвестбонк”, бинобар беасос буданаш ва гузаронидани муҳлати даъво рад карда шуд. Бо гузашти 9 моҳ аз ҷониби раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон нисбати ҳалномаи мазкур эътироз оварда шуда, ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 14-уми августи соли 2018 бо қарори назоратии Суди Олии иқтисодии кишвар аз 28-уми майи соли 2019 бекор карда шуд.

Муҳтарам Пешвои миллат, ман чунин меҳисобам, ки қарори мазкур мухолифи қонунҳои амалкунанда аст. Чун суд дар қарораш ба истиснои моддаҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии (КМИ) Тоҷикистон ва хаёлоти бофтаи худ дигар ягон таҳлили иловагӣ накарда, санади суди поёниро бекор кардааст.

Мувофиқи қисми 1-и моддаи 13-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, баррасӣ менамояд”.

Баҳси мазкур ба фармону қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дорад ва суд ҳатто сарфаҳми баҳс нарафтааст. Ин ҳолат бар хилофи талаботи моддаи 13-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин бармеояд, ки тибқи қарорҳои мазкур уҳдадориҳои якдигар, яъне, ҶДММ “Суфиён” ва ҶСК «Агроивестбонк» аз рӯи шартномаи кредитӣ қатъ гардидааст.

Ҷаноби Олӣ, ҳолати мазкурро дида, ба қабули раиси Суди Олии иқтисодӣ даромадам. Раиси Суди олии иқтисодӣ ба суд пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои лозимаро талаб кард. Ман низ ҳама ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардам, вале ба маҷлиси судӣ, ки санаи 28-уми майи соли 2019 гузаронида шуд, моро даъват накарданд. Судя дар қарораш баён кардааст, ки намояндаи ҶДММ «Суфиён” ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуд. Ман мутмаинам, ки ин ниҳод маҷлиси судиро пинҳонӣ гузаронидааст ва боз шарм надошта, дар қарораш моро туҳмат ҳам задааст, ки гӯё дар мурофиаи судӣ иштирок накардем. Дар ҳоле, ки роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ба чунин сохтакориҳо роҳ медиҳад, аз зинаҳои поёнии суд чӣ умед кунем?

Муҳтарам Президент, маҳз ҳамин маблағи 2 210 000 сомонии қарзи дар зиммаи хочагиҳои деҳқонӣ буда аз тарафи Гуруҳи корӣ, тибқи иҷроиши талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2009, таҳти №406 бахшида шудааст ва ба ширкати “Суфиён” баргардонида нашудааст.

Ҷаноби Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Қаландарзода М. С. худашро шоҳу табъашро вазир пиндошта, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2009, таҳти №663 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии бахши кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фармону қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкурро ба инобат нагирифт ва бар хилофи санадҳои мазкур амал намуд. Ҳангоми қабул ман оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон» ёдовар шудам, вале номбурда ин ҳуҷҷатро писанд накард ва гуфт: «ҶДММ «Суфиён» дар рӯйхати сармоягузорони авфшуда вуҷуд надорад». Пас, агар чунин бошад, чаро маблағи сармоягузоришудаи ширкати «Суфиён», ки дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ даҳ маротиба зиёдтарро ташкил медиҳад, авф карда шуд, вале маблағи қарз ва фоизҳои бонки «Агроинвестбонк» авф нагардид? Аз ин бармеояд, тибқи санадҳои қабулгардидаи мақомоти давлатӣ, яъне Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2009 таҳти №663 ва фармону қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур, ширкати мо маблағи 2 630 911 доллари амрикоӣ баробар ба 23 362 490 сомонии худро аз даст додааст ва боз дар назди ҶСК «Агроивестбонк» қарздор мондааст.

Ҷаноби Олӣ, ҶДММ “Суфиён” дар давоми кору фаъолияти худ бо мақсади дастгирии нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ба қадри имконият дар самти пахтакорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағгузорӣ карда, шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам овардааст. Инчунин, талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2009 таҳти №663 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии бахши кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фармону қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, маблағҳои қарзиашро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ бозпас талаб накард. Қарзҳои умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди ҶДММ “Суфиён” 2 миллиону 630 ҳазору 911 доллар ё худ 23 362 490 сомониро ташкил медиҳад.

Санади қабулкардаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба ҳолате вогузор кард, ки ҳам маблағи худро аз даст додем ва ҳам қарздор мондем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чун хислатҳои адолатпарваронаи Шумо ошкоро аст, боварии комил дорем, ки бо дастгирӣ ва кӯмаки падаронаи Шумо вазъ ва мушкили ба миён омада ҳалли мусбат пайдо мекунад ва саъйю талоши соҳибкоронро барои ободии кишвари азиз — Тоҷикистон бештар хоҳад намуд.

 

Бо эҳтиром, Ибрагимов Абдулфайз Абдулхайрович, роҳбари ширкати «Суфиён»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here