Аз субҳи рӯзи 18-уми апрел баргузории ҳамагуна намозҳои дастаҷамъонаи шаҳрвандон дар масҷидҳо, аз ҷумла намози таровеҳ дар моҳи Рамазон, идгардак ва ифтор манъ карда мешавад. Дар ин бора нимаи аввали имрӯз Қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмими мазкурро “ба вазъияти бавуҷудомада доир ба паҳншавии бемории сироятии коруно” рабт дода, гуфтааст, ки “зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст”. Ин ниҳод ҳамчунин, аз таҷрибаи кишварҳои исломии Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон ва Покистон мисол овардааст, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ карданд. “Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд”.
Шӯрои уламо коронавирусро “вабои аср” номида, таъкид кардааст, ки “дар пайи офияти мардум ва ҳимояи шаҳрвандони худ бояд тамоми чораҳоро андешем, то худамон, фарзандонамон, падару модарон ва умуман тамоми сокинони мамлакатамонро, новобаста аз мазҳабу дин наҷот бахшем ва Ватани азизамонро аз ҳама хатарҳо ҳифз намоем”.
Шароити мавҷударо ба инобат гирифта, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кардааст:
- Гузоридани намозҳои ҷамоат — панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда шавад.
- Дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад.
- Закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода шавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.
- Шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-Ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд.
- Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя карда шаванд.
- Вобаста ба рӯзадорӣ Шӯрои уламо тавсияҳои худро сари вақт омода карда, пеш аз саршавии моҳи мубораки Рамазон онҳоро ба тасвиб расонад.