Суди шаҳри Бохтар бо як ҳалномаи худ як оиларо аз хона берун карда, хонаро ба ихтиёри Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузоштааст.

Сокини маҳаллаи Дӯстии халқҳо, хонаи 66, ҳуҷари 33 дар шаҳри Бохтар Моҳитобон Раҳмонова ба хабарнигори «Фараж» гуфт, ки ин хонаро ба шавҳараш Восеъ Ширинов соли 2003, ки он замон дар Суди вилояти Хатлон ба ҳайси судя кор мекард, бо қарори раиси шаҳри Бохтар (собиќ Қӯрғонтеппа) дода буданд.

Рузи 11-уми июли соли 2019 судиҷрочиёни Суди шаҳри Бохтар ҳамроҳи нозири минтақа ба хонаи ӯ рафта, лавозимоти рӯзгорашро ба берун бароварда, дари хонаро қулф задаанд.

Ба гуфтаи Моҳитобон Раҳмонова, муддати 4 шабонарӯз мешавад, ки оилаи онҳо бо писар ва келину набераи хурдсолаш дар кӯча зиндагӣ доранд.

Суди шаҳри Бохтар дастури хонаи хизматиеро, ки 5-уми ноябри соли 2003 ба Восеъ Ширинов бо қарори раиси шаҳри Бохтар дода шуда буд, дар асоси аризаи даъвогии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бекор кард.

Дар ҳалномаи судӣ омадааст, ки хонаи баҳсӣ дар мувозинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, соли 2003 ҳамчун хонаи хизматӣ ба судяи Суди вилояти Хатлон Восеъ Ширинов дода шудааст. Соли 2006 Восеъ Ширинов бо фармони президенти мамлакат аз вазифааш озод карда шудааст.  Баъди озод шуданаш Восеъ Ширинов бояд хонаро ба соҳибмулкаш бозпас мегардонд. Ҳамчунин, дар ҳалнома омадааст, ки Восеъ Ширинов хонаи хизматии ба ӯ вобасташударо ғайримақсаднок истифода бурдааст. Яъне ӯ дар ин хона зиндагӣ накарда, хонаро ба оилаи пешинаш мондааст. Худи Ширинов бо оилаи кунуниаш дар ноҳияи Ҷайҳун зиндагӣ мекардааст. Бар ин асосҳо суд оилаи собиқи Восеъ Шириновро вазифадор кардааст, ки хонаро бе додани манзили дигар холӣ намуда, ба ихтиёри Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супоранд.

Дар ҳамин ҳол, Моҳитобон Раҳмонова ва аҳли оилаи онҳо ҳалномаи Суди шаҳри Бохтарро ғайриқонунӣ медонанд. Ба гуфтаи Моҳитобон Раҳмонова, аризаи даъвогии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон беасос аст, зеро онҳо ҳама муҳлати даъворо гузаронидаанд.

“Мо мудати 16 сол мешавад, ки дар ин хона зиндагӣ дорем ва ҳама гуна маблағҳои давлатию коммуналиро пардохт кардаем. Ҳамчунин, дар давоми зиндагиямон ягон маротиба тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардаем. Шавҳарам 19 сол дар мақомоти гуногуни давлатӣ фаъолият карда, ба нафақа баромадааст. Имрӯз моро аз хона берун карданд, акнун намедонем куҷо равем, дигар ҷои зисте надорем”- илова кард хонум Раҳмонова.

dav

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Дастгоҳи иҷроияи Президент, Суди Олӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ муроҷиат кардаанд, вале мушкилашон натанҳо ҳал нашуд, балки дар кӯча мондаанд.

Мувофиқи баъзе маълумотҳои ғайрирасмӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбати 15 оила аризаи даъвогӣ оид ба холӣ намудани хонаҳои хизматӣ ба суд ирсол хоҳад кард.

Як гурӯҳ сокинони хонаи Дӯстии халқҳо 66 дар як сӯҳбат иброз доштанд, ки баъди кӯчонидани ҳамсояашон онҳо низ дар ташвишанд, ки аз хонаҳояшон берун карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки хонаи Дӯстии халқҳо 66 ва 67 ҳамчун хонаҳои хизматӣ дар мувозинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор доранд ва сокинони он кормандони собиқ ва амалкунандаи мақомоти давлатї, аз ҷумла ин ниҳод мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here