Паҳлавонони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки 1-2 декабр дар Ҳонконг баргузор гардид, 2 медал ба даст оварданд.
Ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни -73 кг гӯштӣ гирифтанд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб карда, дар финал бар варзишгари ҷопон Даичӣ Танака пирӯз шуд ва соҳиби медали тилло гардид.
Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Ҳонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари ҷопон Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё иштирок карданд.