(Дар ҳошияи солгарди фоҷеаи Шарора)

Агар теғи олам биҷунбад зи ҷой,
Набуррад раге, гар нахоҳад худой.
Фоҷиаи Шарора оё дар ёдҳо ҳаст? Оё ба хотир дорем, ки дар айни дамидани субҳ замин ларзиду деҳаи Шарораи дар хоби ноз зери хок монд? Оё дар ёдамон ҳаст, ки аз ин балои табиӣ танҳо як нафар дар ҳаёт монд ва ӯро ҳам исм гузоштем — ШАРОРА! Ин чанд суол замоне дар зеҳнам чархиду қалам ба даст гирифта, хостам давраи 30 соли зиндагии Шарораро нависам.
Дар бораи заминларзаи деҳаи Шарораи ноҳия, ҳозира шаҳри Ҳисор дар субҳи 23-юми январи соли 1989, ки марказаш деҳаи Шарора буд, шоиру нависандагон ва шахсони шоҳиди воқеа оид ба ҳолатҳои онрӯза бисёр навиштаанду дар рӯзномаю маҷаллаҳо нашр шудааст. Аз ин хотир, мехоҳам имрӯз танҳо дар бораи худи Парвина, ки мо ӯро бо номи Шарора мешиносем, чанд сатре рӯйи коғаз оварам.
Бале, ин мусибати талхи Шарора хуб дар ёдҳои калонсолон ҳаст, аммо мо ҷавонон тариқи оинаи нилгуну радио дидаем ва шунидаем. Дар рӯзнома, ҳафтаномаю маҷаллаҳо оид ба фоҷиаи Шарора хондаем. Аниқтараш, шахсан ман таърихи ин фоҷиаро аз китоби узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонмуроди Одина, ки бо номи «Зилзилаи Ҳисор» соли 2008 нашр шудааст, мутолиа намудам.
Парвина, ки имрӯз 30 сол дорад, он рӯзи фаромӯшнашаванда шашрӯза буд. Ин номро бибияш ба ӯ бо умеди чун ҳамели ситораҳои Парвини бурҷи Сарв серёру бародар будан гузошта буд. Аммо Парвинаи аз оламу одам бехабар, меҳри падарро ҳанӯз эҳсос накарда, шири модарро сер нанӯшида, чеҳраи онҳоро ба хотир нагирифтаю чизеро дарк накарда, аз онҳо ҷудо гашт.
Дар ин хонадон шаш нафар зиндагӣ мекарданд. Падар, модар ва чор фарзанд. Падари Парвина Хоҷаев Сайфулло, модараш Баротова Муҳаббат ном доштанд. Сайфулло Хоҷаев зодаи деҳаи (Қарапичоқ) ҳозира Ниёгони деҳоти Дурбат ва Муҳаббат бошад, зодаи деҳаи Шарора буданд. Аммо ҷойи истиқоматашон дар деҳаи Шарора. Онҳо ҳар ду дар фермаи хоҷагии ба номи Дзержинский якҷоя яке говдӯшу дигарӣ ба ҳайси говбон кор мекарданд. Рустам ва Талабшо — бародарони Парвина яке ҳафтсола буду дигари сесола. Апааш бошад, шашсолаю худи Шарора шашрӯза буданд.
Он рӯзи фоҷиа баъд аз кофтуковҳои зиёд гаҳвораи Парвинаро аз зери хоку чанг мебароранд, ки танҳо дастаи он шикастааст, аммо Парвина ҳоло ҳам дар хоби ноз аст. Ҳатто рӯйпӯши гаҳвора аз болояш наафтодааст. Ҳаққо, ки Офаридгор ҳар муъҷизае, ки хоҳад меофарад ва ҳар чизе хоҳад, ба офаридаҳояш раво мебинад!
Баъд аз чанд лаҳзаи дигар ду — се метр аз гаҳвора дуртар ҷасади оғӯштаи хоки Сайфуллоро мебароранд.
Аҳлу авлоди духтарак тифлу гаҳвораро ба хонаи осебнодидаи наздик мебаранд ва сипас ба беморхона мефиристанд. Баъдтар номашро табдил дода, ба хотири ғафлатшаҳидони деҳа, ҳамчун нишонаи мурдаҳои пурорзу ва рамзи фоҷиаи маҳал ба тифл Шарора ном мегузоранд. Бародари падари Шарора, яъне амакаш Ҳабибулло ва янгааш Розия Шарораро ба фарзандхондӣ гирифта, ҳуҷҷатҳояшро ба расмият медароранд. Ҳабибулло бо вуҷуди фоҷиаи ба сараш омада қонеъ буд, ки нишонаи бародараш бо ӯст.
Марде аз кишвари аврупо — Лиопард Гуген Берген аз шаҳри Клагенфурткии кишвари Австрия ба Тоҷикистон омада, Шарораро ба худ фарзанд хонда, кӯмакҳо кард. Шарора низ борҳо ба шаҳри падархондаш рафта, моҳҳо бо онҳо зиндагӣ кардааст. Дар ин раванд дар Донишгоҳи Клагенфурт ҳамроҳи дигар хориҷиёне, ки бо мақсади омӯзиши забони олмонӣ омада буданд, забон омӯхтааст. Ӯ ҳамроҳи падархондаш ба давлатҳои Италия, Шветсия, Германия, Испания, Малта ва Тунис сафар кардааст.
Шарора дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Шарора таҳсил карда, дар ин миён барои малакаи дониши худро зиёд намудану омӯзиши забонҳои хориҷӣ ду сол дар яке аз гимназияҳои шаҳри Душанбе таҳсилашро идома додааст. Вақти мактабхонӣ ӯ дар чорабиниҳои мактабӣ ширкати фаъолона варзида, шеърхонӣ мекард. Баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна ӯ ҳуҷҷатҳояшро дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба бахши забони олмонӣ супорида, дохил шудаву он ҷоро сарбаландона хатм намудааст. Ҳоло ӯ донандаи забони олмонӣ мебошад.
Шарораи бо амри тақдир ва ҳукми тасодуф зиндамонда айни замон 30-сола асту соҳиби оила ва се фарзанд мебошад. Шавҳари Шарора — Ғафуров Маъруф ба соҳибкорӣ машғул аст. Фарзандонаш Оишабону, Роҳилабону ва Олимҷон дар ҳалқаи падару модар умр ба сар мебаранд.
Гузаштагонро Худо раҳмат кунад!

Ф. ОДИНАЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here