Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар семоҳаи аввали соли 2021 диққати асосиро ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси ноҳия равона намудааст.

Маълумоти умумӣ

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 60 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ин 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1 Санаторияи “Қаратоғ”, ду литсейи хусусӣ барои хонандагони болаёқат, 3 муассисаи томактабии давлатӣ, 5 муассисаи томактабии хусусӣ, 1 маркази инкишофи кӯдакони хусусӣ, 1 маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 фаъолият доранд. Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар зинаҳои таҳсилот чунин аст:

— зинаи ибтидоӣ — 8 муассисаи таълимӣ;

— зинаи асосӣ -12 муассисаи таълимӣ;

— зинаи миёна — 40 муассисаи таълимӣ.

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб-интернат, Санаторияи «Қаратоғ» ва 2 литсейи хусусӣ ҳамагӣ 25283/12353 нафар хонандагон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1782 нафар (1275 нафар занон) ба кори таълиму тарбия машғуланд. Бо назардошти мактаб-интернат, Санаторияи “Қаратоғ” ва ду литсейи хусусӣ шумораи омӯзгорон дар ноҳия 1818 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1297 нафарашон занҳо мебошанд.

Аз аввали моҳи августи соли 2020 то давраи ҳисоботӣ 167 нафар омӯзгорон дар соли таҳсили 2020-2021 бо фармоиши мудири шуъбаи маориф ба кор таъин карда шудаанд. Аз инҳо 29 нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 нафар омӯзгорони собиқадори ба кор баргашта, 37 нафар бо диплом аз гуруҳҳои шартномавии рӯзона ва буҷетии ғоибона, 36 нафар донишҷӯёни курсҳои 1-5 ва 30 нафар ба тариқи гузариш мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 7 нафар Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 84 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №197, аз 3.05.2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» 42 нафар омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд. Аз соли 2010 то соли 2020 65 нафар мутахассиси ҷавон аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор гардидаанд.

Муассисаҳои томактабӣ

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Чуноне, ки дар  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.01.2021 қайд гардид, “барои беҳтар кардани сатҳу сифати  таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, хусусан таҳсилоти томактабӣ бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”.

Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва Марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” қабул гардида, дар ин самт дар соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳринав корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби соҳибкорон 2 муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 нафар кӯдак, 2 литсейи хусусӣ барои кӯдакони болаёқат бо фарогирии 400 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шудааст.

Айни замон дар ноҳия дар 3 муассисаи томактабии давлатӣ 319 нафар кӯдакон дар 12 гуруҳ ва дар 5 муассисаи томактабии хусусӣ 207 нафар кӯдак дар 9 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо мураббияҳо 14 нафар бо маълумоти олӣ ва 14 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ба таълиму тарбияи атфол машғуланд. Дар ин кӯдакистонҳо тамоми шароитҳои зарурӣ барои таълиму тарбияи томактабӣ муҳайё карда шудааст.

Бо мақсади беҳтар шудани сифати таълиму тарбия, қобилияти зеҳнии кӯдакони синни томактабӣ ва дарёфти кӯдакони боистеъдод ва қобилияти фавқулодда дошта дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 08.02.2021, №12 озмуни ноҳиявии “Донояк” байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ташкил ва гузаронида шудааст. Дар озмун аз 8 муассисаи томактабӣ 6 нафар иштирок намуда, ғолиби озмун тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии №1 Ҳамдамзода Салмон (6-сола) ва аз боғчаи №2 Ниёзова Ясмина (6-сола) дониста шудаанд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун бо Ифтихорномаи шуъбаи маориф ва туҳфаҳо (бозичаҳо) қадрдонӣ карда  шудаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботҳои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди 29 муассисаи таълимии ноҳия бо фарогирии 1233 нафар кӯдакони синни 4-6-сола дар 56 гуруҳ Марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият доранд.

Аттестатсияи омӯзгорону хонандагон

Комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф, ки дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.10.2017, №5305 таъсис дода шудааст, дар моҳи январи соли 2021 аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаро гузаронидааст. Ба комиссия 58 нафар омӯзгорон барои гирифтани дараҷаи тахассуси олӣ, 97 нафар барои гирифтани дараҷаи тахассуси якум ва 110 нафар барои гирифтани дараҷаи тахассуси дуюм пешниҳод шудаанд. Аттестатсияи омӯзгорон дар асоси талаботи «Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2017, №281 тасдиқ шудааст, сурат гирифтааст.

Аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатм самти асосии фаъолияти кабинети методӣ ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад барои ба анҷом расонидани соли таҳсили 2020-2021 ва ҷиҳати амалигардонии фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2021, №225 «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021» фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 26.02.2021, №23 ба тасвиб расонида шудааст. Нусхаи фармоиши вазири маориф ва илм, фармоиши мудири шуъбаи маориф ва саволномаҳои шифоҳӣ дастраси роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардонида шудаанд.

Китобҳои дарсӣ ва кабинетҳои фаннӣ

Дар семоҳаи аввали соли 2021 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маориф 12498 нусха китобҳои дарсӣ, 637 нусха “Роҳнамо”-и фаннӣ ба маблағи 201731,72 (дусаду як ҳазору ҳафтсаду сию як сомонию ҳафтоду ду дирам) сомонӣ ворид гардидааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия кабинетҳои физика 11 адад, химия 14 адад, биология 13 адад, география 11 адад, математика 15 адад ва информатика 42 адад ташкил карда шудааст, ки аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорони фаннӣ мақсаднок истифода бурда мешаванд.

Дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ин баланд бардоштани сифати рушди нерӯи инсонӣ, дарёфти истеъдодҳо ва дастгирӣ намудани хонандагони соҳибистеъдоду эҷодкор мебошад. Вобаста ба ин Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф дар давоми се моҳи аввали соли 2021 як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Рӯзҳои 16-17-уми январ олимпиадаи минтақавии синфҳои 11 дар шаҳри Ҳисор, 30-31-уми январ дар муассисаи №7-и ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии олимпиадаи синфҳои 9-10, 13-14-уми феврали соли 2021 даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ ва олимпиадаи шохмот баргузор гардидааст. Аз теъдоди умумии иштирокчиёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ноҳия ба даври анъанавӣ барои синфҳои 7-8 ,9-10, 11 ва шоҳмот барои синни то 16- сола иштирок намуда, 60 нафар иширокчиён ба даври ҷумҳуриявии олимпиада роҳхат гирифтаанд. Дар муқоиса ба давраи семоҳаи аввали соли 2020 дар семоҳаи соли 2021-ум 17 нафар хонандагон нисбатан зиёд ҷой гирифтаанд. 9 нафар лаёқатмандон аз синфҳои 11-ум бошанд, ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ, ки рӯзҳои 27-28-уми марти соли равон дар шаҳри Ҳисор аз фанҳои табиӣ-риёзӣ шуда гузашт, иштирок намуда, 5 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд:

— Расулов Илёс, синфи 11, МТМУ №6, аз фанни математика — ҷойи дуюм;

— Икроми Сино, синфи 11, МТМУ №17, аз фанни технологияи иттилоотӣ — ҷойи сеюм;

— Ҳайдарова Оля, синфи 11, МТМУ №8, аз фанни физика — ҷойи сеюм;

— Ҳаидова Зуҳро, синфи 11, МТМУ №5, аз фанни биалогия — ҷойи ифтихорӣ;

— Эшмирзоев Муминҷон, синфи 11, МТМУ №11, аз фанни химия — ҷойи ифтихорӣ.

Ғолибони фанҳои гуманитарӣ ва синфҳои 7-8, 9-10 ба машғулиятҳои иловагӣ вобаста шуда, барои даври ҷумҳуриявии олимпиада омодагӣ дида истодаанд.

Дар даври интихобии олимпиадаи байналмилалии ИМАС, ки аз фанни математика тариқи онлайн фосилавӣ баргузор гардид, хонандагони ноҳия иштирок намуда, 7 нафар бо гирифтани холҳои баланд ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 4-уми майи соли равон мегузарад, роҳхат гирифтаанд.

Соли сеюм аст, ки байни хонандагони синфҳои 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз фанҳои таълимии математика ва табиатшиносӣ озмун гузаронида мешавад. Тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 17.03.2020, №30, 31-уми феврали соли ҷорӣ ҷиҳати мусоидат намудан баҳри инкишофи зеҳнии кӯдакону наврасон, ёрӣ расонидан барои ташаккули қобилияту истеъдод ва шавқу ҳавасмандии онҳо ба донишомӯзӣ, муайян намудани хонандагони пешқадаму беҳтарини фанҳои дақиқ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ озмуни фаннӣ гузаронида шуда, ғолибон муайян гардидаанд.

Маркази миллии тестӣ

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади дохилшавии довталабон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макотиби олӣ як қатор корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шудаанд. Бо ин мақсад дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2021» курсҳои омӯзишӣ дар се давр гузаронида шудаанд. Даври якум барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм барои таблиғгарони муассисаҳои таълимӣ ва даври сеюм барои падару модарон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар даври аввал мудири кабинети методӣ Парвиз Латипов, дар даври дуюм 48 нафар таблиғгарони муассисаҳои таълимӣ ва дар даври сеюм 1237 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум, 221 нафар омӯзгорон ва 819 нафар падару модарони хатмкунандагони синфҳои 11-ум иштирок намудаанд.

Шуруъ аз 1-уми март бақайдгирии довталабон оғоз гардидааст, ки хатмкунандагон фаъолона аз қайд гузашта истодаанд. Ба ҳолати 26.03.2021 аз қайди ММТ 452 нафар довталабон гузаштаанд. Ҳуҷҷатсупории довталабон ба Маркази миллии тестӣ то 1.05.2021 идома дорад.

Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 664 адад компютер, 87 адад принтер, 19 адад видеопроектор, 3 адад тахтаи электронӣ мавҷуд буда, синфхонаи технологияи иттилоотии муассисаи таълимии №45 ба шабакаи дохилӣ (локальная сеть) пайваст карда шудааст. Ҳамзамон, кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ба 42 адад ва мизу курсии махсус барои компютер ба 228 адад расонида шуда, почтаи ягонаи электронӣ дар 48 муассисаи таълимии ноҳия таъсис дода шудааст.

Дар давраи таътили зимистона бо фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 25.12.2020, №122 курси омӯзиши дастгоҳҳои нави иттилоотӣ барои омӯзгорон дар ҳар як муассисаи таълимӣ ташкил карда шудааст. Ба курсҳои мазкур омӯзгорони ботаҷрибаи худи муассисаҳои таълимӣ вобаста карда  шуда, 911 нафар омӯзгорони фаннӣ аз нозукиҳои истифодаи дастгоҳҳои нави иттилоотӣ бархӯрдор гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 441 адад маводҳои таълимӣ (дискҳои электронӣ) аз Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз тарафи маркази ТИК-и назди шуъбаи маориф ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастраст карда шудааст. Маводҳо вобаста ба омӯзиши насби системаи амалиётии Windovs 7, омӯзиши барномаи Microsoft Office Word 2010, Адибони тоҷик, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, Мавзеҳои Тоҷикистон, Алгебра синфи 7-8, Алгебра ва ибтидои анализ синфи 10 (қисми 1-2), Алгебра ва ибтидои анализ синфи 11 (қисми 1-2), Алгебра ва ибтидои анализ синфи 11 буда, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш, малака, ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат менамоянд.

10 адад компютерҳои таъмирталаби муассисаҳои таълимии №1, 7, 15, 25, 33, 44 аз таъмир бароварда шуда, барномаҳои зарурии корӣ ва таълимӣ насб карда шудаанд.

Дар буҷети соли 2021 барои харидории таҷҳизот ва техника дар муассисаҳои таълимӣ 358563 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки дар доираи иҷроиши воқеии даромадҳо, харидории 85 адад компютер, 6 адад доскаи электронӣ дар назар аст.

Рушди фанҳои дақиқ

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар давоми соли 2021 ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф 38 нафар омӯзгорон сафарбар карда шудпанд.

Инчунин, бо мақсади муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ тибқи барнома дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар давоми солҳои 2018-2020-ум 22 адад кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки аз ин 17 адад кабинетҳо ба фанҳои дақиқ тааллуқ доранд.

Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чорабиниҳои гуногуни таълимӣ гузаронида шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ

Сохтмону барқарорсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф қобили зикр аст. Дар се соли охир 9 муассисаи таълимии наву замонавӣ (№5, 6, 7, 18, 25, 34, 42, 44, 45) бо ғунҷоиши 3540 ҷойи нишаст дар ду баст ва се муассисаи томактабӣ (2-то хусусӣ, 1-то давлатӣ) барои 250 нафар кӯдакон  мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Бинои нави таълимии МТМУ №18-и ноҳияи Шаҳринав, ки дар арафаи соли нави хониши 2020 — 2021 бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, туҳфаи  муносибе буд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муассисаи таълимии №18 поёнтар аз шаҳраки ноҳия дар қисмати даромадгоҳи деҳаи Қаҳрамон ҷойгир буда, аз ду ошёна иборат аст. Ошёнаи якум иборат аз шаш синфхона ва хонаи омӯзгорон аз ҷониби Вазорати маориф бо мизу курсӣ, ҷевонҳо, тахтаҳои синфӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шудааст. Ошёнаи дуюмро, ки шаш синфхона дорад, соҳибкор Акрам Рӯзиев бо воситаҳои зарурии таълим, аз қабили мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, тахтаи электронӣ, компютер, проектор ва ғайра муҷаҳҳаз гардонидааст. Саҳни муассисаро майдончаи калони варзишӣ оро медиҳад.

Бо назардошти таъсиси муассисаҳои нави таълимӣ ва кӯдакистонҳо, синфхонаҳои иловагӣ ва зиёдшавии теъдоди хонандагон дар се соли охир 813 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Аз 63 банди нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду азнавсозии иншооти соҳаи маориф тааллуқдошта 48 банди корҳои ободонӣ ба иҷро расида, 15 банди корҳои ободонӣ идома дорад.

Дар самти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти муассисаҳои таълимии №33, 27, 46, 35, 53, 47 идома дорад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия, муҳтарам Шарифова Мушаррафа Ҷалоловна мегӯяд, ки “Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як Паёмашон пешниҳод намуданд, то ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Ин пешниҳод моро уҳдадор месозад, ки фаъолиятҳоямонро баҳри рушди соҳаи маориф тақвият бахшем ва сазовори боварии Сарвари давлат гардем. Мо — аҳли маорифи ноҳияи Шаҳринав аз дастгириҳову таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба соҳаамон ифтихор дорем ва мекӯшем, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия боз ҳам беҳтар шавад ”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here