Ҳамқадами замон

Боиси қаноатмандии комил аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуъ, ба сатҳи талаботи замон созгор намудани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии таълим чораҳои мушаххас меандешанд. Cолҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд, ки амри мазкур хеле саривақтӣ ва баёнгари таваҷҷуҳи хосса ва авлавият бахшидани ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ арза медоранд, амал намуда, нақшаи кории солонаи худро ҳамчунин мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Самтҳои фаъолият

Соли гузашта дар шӯроҳои шуъбаи маориф зиёда аз 30 масъалаи муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуда, нисбат ба ҳар кадом қарорҳои дахлдор қабул ва натиҷагирӣ шудааст.

Дар давоми сол аз рӯи нақшаи солонаи шуъбаи маориф ва фармоишҳои алоҳидаи мудир фаъолияти 38 муассисаи таълимии ноҳия ва зиёда аз 540 нафар омӯзгор мавриди санҷиш қарор гирифта, дар шӯроҳои муассисаҳои таълимӣ ва шӯрои шуъбаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин, кормандони шуъбаи маориф бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия ба муассисаҳои таълимии ноҳия вобаста карда шуда, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба таври доимӣ дар маҷлисҳо ва машваратҳои назди мудири шуъба мавриди таҳлил ва натиҷабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар давраи сипаригашта дар асоси нақшаи кории шуъбаи маориф 15 ҷаласаи назди мудир, 10 семинари директорон, 23 семинари муовинони директорон оид ба таълиму тарбия, 3 семинари мураббиён, 8 семинари китобдорон гузаронида шуд.

Аз тарафи мутахассисон ва мушовирон зиёда аз 420 соат дарси омӯзгорони фанҳои гуногун таҳлил карда шуда, натиҷабардорӣ гардиданд ва баҳри пешравии кор дар самти таълиму тарбия  маслиҳатҳои методии зарурӣ  дода шудааст. Барои таҳлили дарсҳо ҳамаи кормандони шуъбаи маориф дафтарҳои таҳлили дарс ташкил карда шудааст ва он ба таври доими зери  назорати мудири шуъбаи маориф ва мудири ҳуҷраи методии шуъба қарор дорад.

Пояҳои моддӣ-техникӣ

Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 77 муассисаи таълимӣ фаъоланд, ки аз инҳо 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ бо 574 хонанда, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1435 нафар кӯдак, 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 гимназия бо 38905 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи синфҳо 1342 ададро  ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ 2838 (1242 нафар зан) омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки аз ин 2431 нафарашон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия норасогии омӯзгорон мавҷуд нест.

Соли 2020 дар самти бой гардонидани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмин намудани хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва маводҳои хониш, таъмин намудани хонандагони таълимгоҳҳо бо либоси ягонаи мактабӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  ва ғайра қадамҳои устувор гузошта шуд.

Барои харидани таҷҳизот дар соли 2020 мувофиқи нақшаи ягонаи  хароҷот ва даромади муассисаҳои таълимии ноҳия ба миқдори 984762 сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Айни ҳол дар таълимгоҳҳои ноҳия 74 адад ҳуҷраи компютерӣ мавҷуд буда, шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ 1002, принтер 191, сканер 24 ва таҷҳизоти нусхабардорӣ 19, тахтаи электронӣ 56, видеопроэктор 59, дигар таҷзизоти электронӣ 1154 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 2 батареяи офтобӣ дар муассисаҳои таълимии № 6, 17 мавҷуд буда, ҳуҷраҳои компютерии таълимгоҳҳои ноҳия бо 182 адад мизи компютерӣ таъмин гардидаанд. Тайи ду сол аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия 42 адад компютер, 9 адад принтер, 50 адад тахтаи электронӣ, 51 адад видеопроэктор, 26 адад мизи компютерӣ харида шудааст. Мутахассисони Шуъба то ин дам 156 компютер, 12 принтер ва 16 камераҳои назоратии муассисаҳоро аз таъмир баровардаанд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025  оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020-2040” соли таҳсили 2020-2021 дар Маркази таҳсилоти иловагӣ миқдори соатҳои таълимии маҳфили “Ададҳои сеҳрнок” ва “Омӯзиши компютерӣ”  зиёд карда шуд.

Ҳамчунин, дар доираи ҳамкории Вазорати маориф ва илм ва Хазинаи кӯдакони СММ бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд моҳи октябри соли 2020 ба Марказ 6 адад компютер  тӯҳфа карда шуд.

Ба ҳамаи ин муваффақиятҳо нигоҳ накарда, то ҳол дар фаъолияти шуъбаи маориф баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, нарасидани маблағ барои харидории маводҳои лабораторӣ, ҷавобгӯ набудани сифати дониши хонандагон дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ба стандарти давлатӣ аз зумраи масъалаҳои ислоҳталабанд.

Барномаи рушд

Иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 295 тасдиқ шудааст, дар мадди назари шуъбаи маориф ва муассисаҳои тобеи он мебошад. Шуъбаи маориф оид ба иҷроиши ин барнома фармоиш  ва нақша – чораҷӯӣ таҳия  намуда, дар асоси он фаъолият мебарад. Корҳои амалӣ баҳри сохтмон ва таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар ноҳия бомаром ҷараён дорад. Чунончӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ аз тарафи соҳибкор Давронова Муяссара дар деҳаи Далёни Поён дар солҳои минбаъда ба нақша гирифта шудааст. Феълан барои он 0,35 га замин ҷудо карда шуда, корҳои омодагии сохтмон ва ҳуҷатгузории он идома дорад. Ҳамчунин таъсис додани муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар деҳаи Қалъаи Дӯст ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз тарафи шахси саховатпеша Нуруллоева Мунаввара дар назар аст. Ба ӯ низ 0,25 га замин ҷудо гардида, ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.

Инчунин, бунёди муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар деҳаи Нуробод ҷамоати деҳоти Муҷун аз тарафи шахси саховатпеша Субҳонов Самад дар солҳои минбаъда ба нақша гирифта шудааст. Ба ӯ низ 0,40 га замин ҷудо шуда, корҳои омодагӣ бобати сохтмон ва ҳуҷатнигории он идома дорад.

Айни ҳол дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2800 нафар хонанда ва дар назди 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 нафар кӯдак корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Имтиёз ба кадрҳои ҷавон

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 473 (189 нафар бонувон) мутахассиси ҷавон фаъолият доранд, ки аз онҳо тариқи роҳхати ВМИҶТ ба кор фиристодашудагон дар муддати 3 соли аввали фаъолияти педагогиашон имтиёз ба андозаи 10% иловапулӣ мегиранд. 5 нафар омӯзгори ҷавон дар соли хониши сипаришуда ба маблағи 6000 сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифтанд.  8 нафар омӯзгори ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар соли хониши 2019-2020 ба шуъбаи маориф бо ариза муроҷиат намуданд, ки эҳтиёҷоти ҳамаашон ба эътибор гирифта шуда, рӯйхаташон ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда шуд ва 6 нафари онҳо соҳиби қарзи имтиёзнок гардиданд.

Мувофиқи тақсимоти мутахассисони ҷавони соҳаи омӯзгорӣ соли ҷорӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия 57 нафар (49 нафар бо маълумоти олӣ ва 8 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ) мутахассис барои кор фиристода шуданд, ки аз инҳо то ба ҳолати имрӯза 39 нафарашон ба ҷойҳои кори худ ҳозир шуда, фаъолияти худро пеш мебаранд. 18 нафар (6 нафар босабаб ва 12 нафар бесабаб) ба ҷойҳои корӣ ҳозир нашуданд, ки дар ин самт кор бурда мешавад.

Рушди истеъдодҳо

Фаъолияти Марказҳои илмӣ-амалии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хуб ба роҳ монда шуда, ин марказҳо дар асоси нақша-чорабиниҳо кор мекунанд. Дар соли таҳсили 2020-2021-ум 190 маҳфили фаннӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, математика, «Физикони ҷавон», «Химикони ҷавон», технологияи иттилоотӣ, биология, 30 маҳфили маърифатӣ- фарҳангӣ: «Духтарони лаёқатманд», «Кадбону», «Дастони моҳир», «Техникони ҷавон» ва 50 маҳфили варзишӣ: волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва шашкаю шоҳмот дар умум, 270 маҳфил дар назди муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуд, ки онҳо маҷмуан 2900 нафар хонандаро фаро мегиранд.

Инчунин, 30 маҳфили маърифатӣ, тарона ва рақс, 50 маҳфили варзишӣ оид ба футбол, футболи хурд, волейбол, тенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка, варзиши сабук ва 21 маҳфили навқаламон, ровиёну хушнависон ташкил карда шуда, хонандагон дар ин маҳфилҳо бо шавқ ширкат меварзанд ва дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ав ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, шарафи ноҳияро ҳимоя мекунанд.

Дар давоми соли 2020 сатҳи сифати донишандӯзии аъзои маҳфилҳои ҷамоату шаҳраки Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Ғазантарак, Муҷун ва Далён санҷида шуданд. Натиҷаи санҷиш ва мониторинг нишон дод, ки маҳфили гимназияҳои №1, 2, 3, МТМУ №2, №3, №10, №17, №13, №20, №21, №38, №40, №43 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, математика, биология, география, таърих, забони давлатӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ хуб ба роҳ монда шуда, сатҳи сифати донишандӯзии аъзои ин маҳфилҳои фаннӣ 85% ташкил медиҳад. Аъзои маҳфилҳои зикршуда дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.

Номоварони соҳа

Дар тамоми кӯдакистонҳо даври аввали озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» гузаронида шуда, ғолибон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Аз рӯйи натиҷаи холҳо мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 Эсанова  Муҳаррам сазовори шоҳҷоиза гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Дар даври вилоятӣ Эсанова Муҳаррам бомуваффақият баромад намуда, ба даври финалӣ роҳ ёфт. Аз рӯйи хулосаи доварон дар даври финалӣ мавсуф маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ҳамчунин, рӯзҳои 18-19 апрели соли 2020 дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстони  вилояти Суғд, даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои хонандагон баргузор гардид. Аз ноҳияи Деваштич 6 нафар хонандае, ки дар даври вилоятии олимпиада сазовори ҷойҳои 1,2,3 гашта буданд, иштирок намуда, чор нафар ҷойҳои ифтихориро ишғол карданд. Аз ҷумла, Холматов  Шамшод хонандаи синфи 11 МТМУ-и №4 аз фанни забони давлатӣ сазовори ҷойи дуюм, Саидов Сарвин хонандаи синфи 11 МТМУ-и №47 аз фанни биология сазовори ҷойи сеюм, Содиқов Воситҷон хонандаи синфи 11 МТМУ-и №25 аз фанни физика сазовори ҷойи сеюм ва Сайдалиев Шоҳрух хонандаи синфи 11 МТМУ-и №44 аз фанни таърих сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Омӯзгорони навовар ва эҷодкор

Дар шуъба ва муасисаҳои таълимии ноҳия озмунҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадам, семинарҳои омӯзишӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва симпозиумҳо ташкил ва гузаронида шуд. Ҳуҷраи методии шуъбаи маориф соли таҳсили ҷорӣ дар самти  такмили маҳорати касбӣ омӯзиш ва  паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгори корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси ноҳия таҷрибаи пешқадами омӯзгорони навовар ва эҷодкори таълимгоҳҳои ноҳия  Давлатова Марҳабо омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №1, омӯзгори фанни географияи МТМУ №2 Ҳотамқулова Шоиста, омӯзгори фанни забони русии МТМУ №3 Давронова Заррина, омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №1  Мансурова Шаҳноза, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи инсони МТМУ №10 Отаева Мунира, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №42 Ёров Темурҷон,  омӯзгори фанни биологияи МТМУ №6 Ахмедов Саидхӯҷа, омӯзгори фанни химияи МТМУ №25 Ниёзов Аслан, омӯзгорони синфҳои ибидоии МТМУ №10 Оқилова Гулноза ва  МТМУ №22 Саидов Баҳромхӯҷа ва мураббияи МТТ №1 Мӯминова Барно  мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.

Дар давоми сол аз тарафи омӯзгорон дарси кушоди таълимӣ ва чорабинии беруназсинфӣ бахшида ба ҷашнвораҳои сол ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин чорабиниҳо кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорн муассисаҳои таълими ноҳия иштирок намуданд.

Таъмини кабинетҳои фаннӣ

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, № 544 «Дар бораи  Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар муассисаҳои таълимии ноҳия бояд 37 кабинети фаннӣ, аз ҷумла  5 кабинети физика, 5 кабинети химия, 5 кабинети биология, 5 кабинети география, 5 кабинети математика, 2 кабинети технологияи информатсионӣ ва 10 кабинети суруд ва мусиқӣ дар муддати 3 сол ташкил карда шавад.

Бо ин мақсад ба ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси нақшабандӣ мактубҳо ирсол карда шуда, иҷрои он зери назорат қарор дорад.

Дар шӯрои шуъбаи маориф низ маъмурияти муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои  амалӣ намудани нақшаи худ дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ҳамкориро бо шахсони саховатпеша, соҳибкорон, падару модарон ва хатмкунандагон пурзӯр намуда, нақшаи дар ӯҳда доштаи худро амалӣ гардонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар МТМУ №1-и шаҳрак 3 ҳуҷраи фаннӣ аз ҷумла, ҳуҷраи фанни физика, химия ва биология ба пуррагӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дар доираи барномаи мазкур баҳри беҳтар шудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳия барои тачҳизонидани кабинетҳои  математика, физика, химия, биология, экология, география ва технологияи информатсионӣ банерҳо оид ба мавзуъҳои гуногуни таълимӣ харида шуда, компютер ва ноутбукҳо дар ҳуҷраи технологияи иттилоотӣ насб карда шудаанд.

То ин давра дар муассисаҳои таълимии ноҳия тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст, ки он метавонад ба раванди донишандӯзии хонандагон ва бомақсад ташкил намудани машғулиятҳои таълимӣ таъсири мусбии худро расонад. Ҳамчунин МТМУ №6 1 ҳуҷраи фанни физика муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Ҳамин тариқ, соли 2020 дар ноҳия 4 ҳуҷраи фаннӣ ва дар умум бошад, дар давраи татбиқи барнома дар таълимгоҳҳои ноҳия ҳамагӣ 15 ҳуҷраи фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 41 %-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Маҳорати касбии омӯзгорон

Яке аз самти асосии фаъолияти кормандони шуъба ва хусусан ҳуҷраи методӣ ин баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорони фаннӣ мебошад. Дар соли 2020  барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбӣ 10 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ ва 25  нафар омӯзгори  фанни забони русӣ ба курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ иштирок намуданд.

Ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушоди намунавӣ ба баланд  шудани маҳорати касбии омӯзгорӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Бо ин мақсад аз рӯи нақшаи махсус аз тарафи омӯзгорони таълимгоҳҳо чанд дарси кушоду намунавӣ ташкил ва  гузаронида шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра аз тарафи омӯзгорони пешқадам ва навовари забони англисӣ  Мансурова Ш  (МТМУ №1), Ҳайдарова М (МТМУ №10), Ахмедова М (МТМУ №58), Зоидова З (МТМУ №10), Эргашев П (МТМУ №17) ва омӯзгорони  фанни забони русӣ Холова Лола (МТМУ №1), Ғафурова Зарина (МТМУ №1), Давронова Зарина (МТМУ №3), Бобоҷонова Замира (гимназияи №1) Султонов П (МТМУ №10), Ҳамдамов О (МТМУ №21) дарси кушоди намунавӣ ва соати тарбиявӣ бахшида ба иду ҷашнҳо гузаронида шуданд.

Айни ҳол дар таълимгоҳҳои ноҳия 38  ҳуҷраи фаннӣ аз забони русӣ ва 39  ҳуҷра аз фанни  забони хориҷӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо то қадри имкон бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.

Дар интиҳои суҳбат мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Ботур Расулов бо қаноатмандӣ ва дарки масъулият зикр намуд:

— Кормандони соҳаи маорифи ноҳия минбаъд ҳам маҳорату малакаи хешро баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия равона намуда, ҷиҳатии амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, қарору фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here