Суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон пас аз чанд мурофиа парвандаи ҷиноятии зани маҳаллии гирифтори ВНМО-ро, ки ба қавли муфаттишон 10 нафарро мубтало кардааст, ба анҷом расонидааст. Судя ҳукмро ду ҳафта қабл, бо далели исбот нашудани олудасозии мардҳо, ба нафъи айбдоршаванда ироа ва занро аз толори суд ҷавоб додааст.

Қаблан мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки занро пас аз шаҳодати чанд мард, ки дар пайи муносибати шаҳвонӣ бо ӯ ба вирус олуда шудаанд, дастгир кардаанд ва дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.

Судя Шодӣ Нозимзода, ки парвандаи мазкурро баррасӣ кардааст, бо сабаби махфӣ будани парванда аз ҷузъиёти бештар аз суҳбат бо «Фараж» худдорӣ кард. Номбурда танҳо гуфт, ки нисбати зан бо моддаи 125-и Кодекси ҷиноятӣ (сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

Чун ифшои номи нафарони гирифтори ВНМО бе иҷозати худи онҳо манъ аст, мо шартан зани олуда ба ВИЧ-ро Анора меномем.

Анора дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, ӯро соли 2014 шавҳари муҳоҷираш олуда кардааст ва аз ин замоне огоҳ гардидааст, ки дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шуда, барои ташхис хун супоридааст. Аз он замон дар қайди Маркази мубориза бо бемории ВНМО дар ноҳияи Шаҳритус қарор дорад ва доруҳои зиддивирусиро мунтазам дастрас ва истеъмол мекардааст.

Анора гуфт, аз зиндагии якҷояаш бо шавҳар (ному насабаш ҳаст) ду писар дорад, ки болиғанд ва ягона орзуи ӯ хонадор кардани онҳост.

Ба нақли Анора, ӯ пас аз ҷудоӣ аз шавҳар бо фарзандон ба хонаи модари танҳояш баргашт ва барои дарёфти ризқи хонавода роҳи танфурӯширо пеша кард.

Ин зан гуфт, бо вуҷуди огоҳӣ аз гирифторӣ ба вирус дар ин муддат бо беш аз 30 мард муносибати маҳрамона доштааст, вале ҳеҷ гоҳ бидуни рифола алоқаи ҷинсӣ накардааст. Анора гуфт, мизоҷонаш ӯро тариқи телефон пайдо мекардаанд, ки якеяш корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия низ будааст.

Ҳимоятчӣ аз ҳуқуқҳои Анора дар суд, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, маводи парванда як сол  қабл дар асоси овозаҳо дар бораи гирифтории зерҳимояаш ба ВНМО ҷамъоварӣ шудаанд, на дар асоси шикояти сокинон.

— Барои исботи бегуноҳии зерҳимояам аз суд дархост кардем, то шикояткунандагон аз ташхиси ВНМО гузаранд. Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон дод, ки мардҳо ба вируси норасоии масунияти одам гирифтор нестанд, — гуфт вакил.

Ба гуфтаи ҳимоятгар, Анора се бор оила барпо кардааст ва ҳарфҳояш дар мавриди он ки аз шавҳар олуда шудааст, асос надорад. Шавҳарони собиқ ва фарзандонаш сиҳату саломатанд.

Як сол қабл дар бораи гуё олуда шудани 10 мард аз ҷониби зани маҳаллӣ ба ВНМО-ро дар ноҳияи Шаҳритус ВАО хабар дода буданд.

Муаллиф аз қавли прокурори ноҳияи Шаҳритуз Умед Каримзода навишта буд, ки “Шоҳидон забонхат доданд. Тафтишот ҷараён дорад. Рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад. Ҳоло ин зан дар боздошт аст”. Аммо маълум нест, шоҳидон дар кадом шароит ва чаро ба ВНМО олуда шудем, гӯён, шаҳодат додаанд.

Бори аввал аст, ки гузориш дар мавриди гуё олудасозии гуруҳи мардон аз ҷониби зани гирифтори ВНМО нашр шудааст. Қаблан ВКД гуфта буд, ки аз миёни садҳо танфурӯши боздоштшуда, се нафаршон бо иттиҳоми ба ВНМО гирифтор кардани муштариён ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, вале маълум нест, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.

Тибқи омор дар вилояти Хатлон 2863 гирифтори бемории ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 900 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб 90 нафарашон дар ноҳияи Шаҳритус иқомат мекунанд.

Мақомот аксари гирифторон ба ВНМО-ро муътодони маводи мухаддир ва занони танфурӯш мегӯянд, вале теъдоде ҳам вуҷуд дорад бо роҳҳои номаълум ва ё аз шавҳарони муҳоҷирашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here