Ё дидаҳо аз як рӯзи тамошо дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ

 

Ҳолати муътадили як миллат замоне муайян мегардад, ки қаҳрамонони он донишмандон, мураббиён ва ҳарбиён бошанд, на сарояндагону ҳунарпешагон.

Шояд ба ин ҳад дар ҳеҷ вақту замон фарҳанги тоҷик масхараву хориро надида буд, ки айни ҳол дида истодааст. Майдони озод. Касеро ба касе коре нест. Масъулият? Мафҳуми номавҳум барои аксарият. Дар кору фаъолият гӯё ин калима тамоман бегона бошад. Хосатан дар бахши фарҳанг. Кӣ чӣ хоҳад, мегӯяд, месарояд, менавозад. Барои як доира? Чӣ бадбахтие, ки чунин нест ки нест. Гӯӣ ҳама азм карда бошанд, ки рӯ ба бефарҳангӣ биёрем. Ба худ мегуфта бошанд, ки «то куҷо рафтем бо фарҳанги намунаву воло?». Бехабар аз он ки қиматтарин гуҳари тоҷикон — ин фарҳанги волои онҳост. Заифаконе ин роҳро тоза доранд, қадамашон ҷуз бунёдеро нобуд кардан нест. Дурдонаҳои аз гузашта ба мерос мондаро чӣ беинсофона лагадмол намуда, ҷои он хасу хошок ва хокистар бод дода истодаанд. Аҷаб фарҳанги бефарҳангӣ!

Вале кош омма ин бадбахтиро дарк карда бошад. Ва ё дар оянда ақаллан фаҳм мекарда бошад. Мардум ҳам дар ҳамин ботлоқ ғӯтта мезананд. Ҳис намекунанд, ки рӯз аз рӯз фарҳанги нотакрори моро ба гумномӣ бурда истодаанд. Вале бо чӣ кайфияти нохондае по болои по мекӯбанду мекӯбанд ва худро дар ин ботлоқ мегӯронанд. Ботлоқе, ки аслу наслро нест карда истодааст. Гӯё ҳама душмананд: душмани фарҳанг, душмани завқи воло, душмани маъниву одоб. Сари ҳар қадам чӣ бартаригузориҳое ангушти ҳайратро таги дандон мебарад.

Ҳафтае пеш дар ду тарафи даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ акси Қадами Қурбон бо эълони рӯзи консерташ часпонида шуда буд. Аз ду тараф мероси фарҳангии мо — атласу чакан овезон шуда буд. Дар миёнҷой, аз онҳо боло акси «хеле дидании сарояндаи “хушном” Қадами Қурбон» овезон. Ғараз ба касе надорам, ки бо завқи ғайритоҷиконааш Қадами Қурбонро маҳбуби худ хондааст. Балки гила аз онҳое дорам, ки дар боғи фарҳангию фароғатӣ чунин як бефарҳангиро тарғиб мекунанду намоиш медиҳанд.

Эълон карда шуда буд, нархи чипта 30 сомонӣ. Ва бояд харидорон чиптаҳоро аз ин маконе, ки ба худ номи фарҳангиро гирифтаасту дар асл ҷуз таблиғи бефарҳангӣ кореро сомон намедиҳад, дастрас кунанд. Тасаввураш душвор аст. Дар чунин як макон қисме аз мардуми волофарҳанги тоҷик фарҳангашро 30 сомонӣ додаву иваз намуд аллакай. Ва бартар гузошт дуреро аз хасрӯба.

Вале мардум муқассири асосӣ буда наметавонанд. Чун ин сайргоҳ на ба он хотир макони фарҳангӣ ном гирифтааст, ки мардумро гумроҳ кардаву ба чоҳи бефарҳангӣ ҳаво диҳанд. Балки амалро бо ном мувофиқ кунонида, оммаро бо ба фарҳангию шинохти фарҳанги асил роҳнамуд созад. Ин амал мудовим шавад метавонад, ки «қаҳрамононе»-ро пешвои фарҳангии омма гардонад, ки ҷуз доғи бадномӣ чизеро болои миллат намегузорад.

 

Макони касби бадахлоқӣ

Ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон бояд ба мардум амалҳоеро ба намоиш гузоранд, ки дархӯри зиндагии шоистаи онҳо шавад. Мисле, ки дар ин ҷойҳо бояд фарҳанги рафтору кирдор, эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштану муҳаббат зоҳир кардан таблиғ карда шавад. Ба хусус дар боғу сайргоҳҳои мардум ин хислатҳо бояд аҳамияти бештар дошта бошанд. Зеро вақте мардум бо руҳи хаставу ҷисми монда вориди он мешаванд, бояд худро бо ин чизҳо ором кунанду хастагиашонро рафъ.

Бадбахтона Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳоло ба яке аз маконҳои таблиғгару амалисозии шарму беҳаёӣ миёни ҷавонон бадал шудааст. Бовар аст, ки ҳоло ҳар ҷавоне макони хилват барои татбиқи беҳаёӣ хоҳад ин маконро интихоб мекунад. Нисфирӯзии рӯзе, ки барои сайр рафта будам, мушоҳида кардам, ки ҳар дарахти дар боғ буда шоҳиди беҳаёии ду ҷавони алоҳида — як бачаву як духтар аст. Манзур вақте ҷавонон бо пул даромадаанд, чи амалеро иҷро кардан мехоҳанд, ихтиёр доранд ва касеро кораш нест, ки гурбаи кӣ гӯшти киро мехӯрад. Метавон хулоса кард, ки баъди зебову ҷои сайри «хосса»-ҳо шудани ин боғи фарҳангию фароғатӣ ба макони таблиғгари беҳаёӣ миёни ҷавонон низ гардидааст. Акнун ҷавонон бо ҳузури дил ва бо хосташон дар ин макони зебою дилкаш беҳаёиро касби худ мекунанд.

 

«Парки Фирдавсӣ«-ро аз мардум гирифтанд

Воқеан то ҳамин наздикиҳо Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз маҳбубтарин маконҳои сайри сокинони кишвар маҳсуб меёфт. Бале, сокинони кишвар, на пойтахт. Чун ҳар нафаре, ки ба пойтахт меомад «Парки Фирдавсӣ» аввалин ҷое буд, ки мерафтанд. Ва миёни омма ҳам бо ҳамин ном «Парки Фирдавсӣ» машҳур буд. Ҳатто чунин ҳам мегуфтанд, ҳар нафаре, ки бори аввал ба шаҳри Душанбе меояд, агар ӯро аз ҳеҷ куҷо наёфтед, аз «Парки Фирдавсӣ» меёбед. Яъне ҷое буд, ки барои мардум қарину азиз.

Албатта ободонию созандагӣ ва зебогардонӣ хуб аст ва бояд ҳама ҷонибдори он бошанд. Ба хусус он маконҳое, ки сайргаҳи доимии сокинонанд, бояд пайваста ободу тоза ва зебо гардонида шаванд. Ҳамин тавр, хушбахтона «Парки Фирдавсӣ» низ чун як қатор боғҳои пойтахт таъмиру тармим гардид ва номашро ҳам аз «Боғи дӯстии халқҳо» ба «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» иваз карданд. Вале мутаассифона аз мардум дур шуд. Дигар халқи нодори деҳотҷойҳо қудрати тамошои ин макони зебояшонро надоранд. Ва ё агар чашм пушида дар ду сомонӣ чипта гиранду дароянд дохили боғ, мебояд аз роҳи рости миёни он берун нашуда аз он тарафаш берун шаванд.

Ба нақли як шинос, ба хотири сарфа намудани маблағаш ҳар бегоҳу саҳар аз хона то ҷои кору аз ҷои кор то хона пиёда мерафтаст. Ва барои хастагиашро дар роҳ баровардан ва ҳам роҳро кӯтоҳ кардан ба дохили Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мерафтааст. Ӯ бо афсӯс мегӯяд, ки акнун ҳам роҳам дур шуд ва ҳам агар ман истироҳат хоҳам бояд ҳар рӯз чор сомонӣ харҷ кунам. Хубаш бо мусофирбар меравам.

Пеш аз навсозӣ шудан боғи мазкур на девор дошту на дарвоза. Кӣ аз кадом тараф мехост вориди он мешуд. Вале ҳоло аз ҳар ду тараф дарвозаҳои баланди касногузар часпонида шудааст. Ва дар кунҷи ҳар ду роҳи даромад хазинаи чиптафурӯшӣ ҷойгир шудааст. Акнун бояд хурдҳо 1 сомонӣ ва калонҳо 2 сомонӣ диҳанду дохили парки дӯстдоштаашон шаванд. Ин ҳам дарди ба хайр. Бадтар аз ин он аст, ки боз сари ҳар қадам як «хазина»-и дигар ҷойгир аст. Тақрибан ҳама хизматрасониҳои боғ пулакист. Як нафар ба шарте 2 сомонӣ дода чипта гираду дохили боғ шавад, баъди воридшавӣ ҳатман барои ду сомонаш ангушти пушаймонӣ мегазад. Чун ба чизеву ҷое дастрасӣ надорад. Чуз тамошои оби бӯгину пур аз партоби байни боғ ба чизе дастрасӣ пайдо намекунад. Ва ҳатман мегӯяд, ки «Кош ба он ду сомонӣ як нон мегирифтам, аз оне, ки дар ин ҷо сарф кардам”. Ҳамин тавр ин боғи дӯстдоштанӣ, ки замоне ҷои хурду бузурги меҳмонони пойтхат буд, аз мардум гирифта шуд. Акнун он танҳо барои “хоссаҳо”-ст.

 

Ба ҷои охирсухан

Маврид ба зикр аст, ки шеъру мусиқии тӯёна бо матни саросар таҳқиру бадгӯӣ шохаи фарҳанг нест. Балки он барои табъу завқи як доирест, ки набояд ҳатто аз як кӯча берун шавад. Дар толорҳои барҳаво садо додани ин гуна ҳарзаҳо шарм ба миллатест, ки ҳамагӣ менозандаш бо фарҳанги воло. Ва ҳамчунин дар ҷое ба мисли Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои тарғиби он азм карданд, вой ба ҳоли мо фарҳангиён…

Гуфтан ба маврид аст, ки дар чунин ҷойҳо бояд ба ҷавонон фарҳанги тоҷикона таблиғ шавад. Чун ин макон БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТисту ба номе бузурге чун Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст.

Месазад ин макон боз ба мардум дода шавад. На ин ки барои як давр гаштан бо киштича 10 сомонӣ ситонида шавад. Ё чанд хазинае, ки сари ҳар қадаманд, ё ба қадри кофию зуррас арзон карда шаванд ва ё ба тамом нест шаванд. Ё ақалан даромадан бепул шавад, ки мардум бинанду истироҳат кунанд. Ё пушти дар нависанд “БАРОИ ХОССАҲО”…

 

Сипар МАВЛОНӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here