Дирӯз Суди олии Тоҷикистон нсибати роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ҳукм баровард, ки дар асоси он ин соҳибкори тоҷик ба муддати 24 сол бояд дар паси панҷара монад.
Раҳбарияти ширкат ба азхудкунии воситаҳои давлатӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз гунаҳкор дониста шудааст. Мудири ширкат Идибек Иброҳимов ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст.
Муассиси ширкат Раҷабалӣ Одинаев ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 сол аз озодӣ маҳрум гардиааст. Адвокатҳои судшавандагон аз шарҳу тавзеҳи масъала худдорӣ варзиданд.
Раҳбарияти ширкати “Умед-88” 14 октябри соли гузашта боздошт шуда будШ. Гуфта мешуд, ки ин ширкат аз Вазорати молия дар ҳаҷми 170 млн. сомонӣ қарз гирифта, муддати қариб 4 сол аст онро ба давлат баргардонидааст. Охири моҳи майи соли ҷорӣ парвнада ба баррасии суд дода шуд. Моҳи июл раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба журналистон хабар дод, ки роҳбари ширкати “Умед-88” дар содир намудани ҷиноят аз рӯи 7 модда гумонбар дониста шуда, бо сабаби махфӣ будани баъзе ҳолатҳои ҷиноятҳои Одинаев, мурофиаи судӣ пушт дарҳои пӯшида баргузор мешавад.
Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард.