Президенти Русия Владимир Путин бо ишора ба хурӯҷи Америка аз INF аз нодида гирифтани хатари ҷанги ҳастаӣ интиқод кард ва гуфт, ки вуқӯи чунин амре ба нобудии кураи замин меанҷомад. Ӯ ҳамзамон дар бораи ҳузури дивизияи 201 дар Тоҷикистон гуфт.

Путин дирӯз дар конфронси хабарии солонаи худ, ки бо ҳузури 1700 хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ ташкил шуд, гуфт: «Тамоюл барои ночиз ангоштани таҳдиди ҷанги ҳастаӣ дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст».

Вай бо ишора ба хурӯҷи Америка аз паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд (INF) гуфт: «Ин ки вазъияти мавҷуд рӯ ба вахомат меравад, амре аст, ки нодида гирифта мешавад. Ҳатто вонамуд мешавад, ки ин масъала ҳаётӣ нест, аммо агар чунин чизе иттифоқ афтад, ба нобудии комили тамаддун ва ҳатто сайёраи замин мунҷар хоҳад шуд».

Путин идома дод: «Америка аз паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд хориҷ мешавад. Тасаввури ин, ки чӣ пеш хоҳад омад душвор аст. Мо қасди аз  Америка пеш гузаштанро надорем, аммо хоҳони мувозинати қудрат ҳастем. Русия тавоноии тазмини амниятро дорад ва медонем чи гуна ин корро анҷом диҳем».

Путин дюар робита ба будубоши артиши 201 дар хоки Тоҷикистон гуфт, ки то замоне ки вазъ дар Афғонистон беҳ нашуд ва хафви таҳдид аз ин минтақа рафъ нагардид, сарбозонаш аз ин ҷо берун кашида нахоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here